Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

Шумо, парандаҳои навбаҳор,
Зи сафҳаи самовии Тагор –
Зи шеъри ҷовидона мепаред,
Навиди ҷовидона мебаред
Ба мулкҳои дури дур,
Ба олами шууру бешуур…

Зи пушти турнаҳо қатор омадед,
Ба болҳо баҳор омадед;
Ба ошёнам ошёна мекунед,
Зи шеъри ман умеди дона мекунед,
Ки шеъри ман чу санги оташ аст,
Зи оташи нуҳуфта дилкаш аст:
Ки он насибаи Ҳумой будааст,
Ҳумой дар нишемани худой будааст.

Шумо, паррандаҳои дар сафар,
Набудаед мушти пар.
Шумо чу пойбанди лонаи худӣ,
Шумо сурудхонаи таронаи худӣ,
Ҳазор фарсах озмуда омадед,
Суруди васлу ҳаҷрро суруда омадед.

Чӣ селае ба Бангалор дидаам,
Ба моҳи қавс чун баҳор дидаам,
Садоятон ба шеваи гадой буд,
Ду болатон ба ҷустуҷӯ чу пой буд.
Шумо зи қуттиҳои шаҳри пурсадо,
Зи шаҳри бенавою бонаво
Барои ризқу рӯзӣ медавед,
Вале ба лонаи кӣ хоб меравед?

Зи рӯи ёфт дона мехӯред,
Ғами фироқи ошёна мехӯред.
Ба мулки навбаҳори ҷовидон,
Ки пир гаштанаш бувад аёну ноаён,
Парандаҳои пир тир мешаванд,
Ба олами дигар сафир мешаванд.
Маҷоли бозомадан ба ошён
Надошт боли нотавон…

Шумо зи сафҳаи китоб омадед,
Ки бо саволу бо хитоб омадед?
Ва ё ба сафҳаи китоб меравед,
Зи лонаҳо чӣ бошитоб меравед.
Чу кӯчиёни осмон ба хонаи ягона меравед,
Зи лонаҳо ба олами фасона меравед…

1987.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба