|
РАИС
Барои Энаҷон Бойматова
Шавҳарат дар ҷанг рафту ҳамсарат якумр монд,
Ҷои ӯ холӣ ба саҳро, бистарат якумр монд.
Рафт аз рӯи замину монд бо бӯи замин,
З-ин сабаб будию ҳастӣ ошиқи рӯи замин.
Чашми раҳпои ту охир донаи бодом шуд,
Ҳар ниҳолат ҳамқади як аскари гумном шуд,
Пеш рафтӣ, аз қафоят сӯи саҳро об рафт,
Аз замини асрҳо хобида бӯи хоб рафт.
Бо заминат ёр гаштӣ, то туро ёрӣ кунад,
Аскари гумгаштаатро номбардорӣ кунад,
Меҳри ту, дастони ту дар даштҳои бегиёҳ,
Пахтаро дар ханда меовард шабҳои сиёҳ.
Ҳар гаҳе, ки пахта механдид чун гулдухтарон,
Мавҷ мезад пеши чашмонат ливои аскарон.
То зи користон бихезад аскаре аз лашкаре,
То даме бе соябони сар намонад модаре,
Ту чанористон намудӣ кӯчаҳоро, боғро,
Ту анористон намудӣ синаҳои доғро…
Сӣ сари сол аст чун садри замин
Мерасӣ бар қиммату қадри замин.
Сӣ сари сол аст аз пиру ҷавон
Бишнавӣ танҳо каломи «Энаҷон».
Кӯдаки навзод гӯяд: Энаҷон!
Пири дар ҳафтод гӯяд: Энаҷон!
Модари ғамхори садҳо хонаӣ,
Баҳри мардум духтари якдонаӣ.
1973.
|
|