|
Киштаҳо сар мекашад аз киштзорони баланд,
Зиндагӣ сар мекашад бо кӯҳсорони баланд,
Мардумон дар даштҳо бо домани зарташтҳо,
Ибрати мо - ҳиммати ин хоксорони баланд.
Иртифои баҳру дарёи фалак ин ҷо якест,
Нек бодо рӯзи ту эй рӯзгорони баланд!
Шӯълаи хуршед мерезад зи ташти нилгун,
Мезанам худро ба зери обшорони баланд.
Сабзаи сабзи туям, эй хок, эй деҳқони пок,
Бахш бар умрам самар аз оби борони баланд!
1979.
***
Зи захми ханҷари ҷаллод механдид хуни ман,
Валекин аз хароши хори гулрухсор хун гирям.
Фалак бо пардадорӣ ин саҳар бепарда мегиряд,
Ба кори осмонҳо ҳамчу дарё аз дарун гирям.
1981.
|
|