|
Ман зи батни сабзмо,
Ман зи чашми сабзи дарё,
Ман зи набзи тундхези моҳи сабз
Сабзи тар бархостам.
Меҳргони умри ман
Меҳр дар дил, меҳр бар сар
Чун дарахти зиндагӣ пурбор буд,
В-ин ҷаҳон бозор буд.
Баргрези умри ман
Шохи урёнест ё кӯҳи баланд,
Ки ба сар бардошта
Як яхистони азим.
Як яхистон бар сарам,
Меҳри сӯзон дар дилам,
Об мегардам, ки дар ҳалқи Арал
Қатраи оби чаконам,
Қатраи обе…
2005
|
|