|
Он ки бо истоду гирдаш се хати маҳсар кашид,
Аз фазои шуми истеъмор боло сар кашид.
Он ки аз доираи имони худ берун нарафт,
Даври гардони Ватанро бо хати мистар кашид.
Он ки дар мардиву помардӣ баландовоза шуд,
Хешро аз хок паст, аз кӯҳ болотар кашид.
Он ки доман-доман ашки сӯгворон дидааст,
Киштии уммедро аз оби чашми тар кашид.
Он ки хоки хоксорӣ тӯтиёи чашм кард,
Пой дар сангар ниҳоду даст аз минбар кашид.
Эй басо Сӯҳробу Рустам дар дили ӯ зиндааст,
Тарҳи Зобулро ба рӯи сина бо ханҷар кашид.
Халқи афғонро дуою муддао Масъуд буд,
Ин дуои хокиёнро меҳр дар ховар кашид.
1995.
|
|