|
ТАХТИ ҶАМШЕД
Туро, эй духтари тоҷик, ҳамчун тифли рӯҳонӣ
Ба раҳми сина парвардам, ба гардан тавқи шайтонӣ,
Чу ишқат ҳар замон пуршӯртар шуд ҳамчу зиндонӣ,
Маро ҳам марди соҳибдил, маро ҳар фарди бедил гуфт:
«Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ»*
Пушаймон нестам, гар зинда кардам ишқи Маҷнунро,
Даруни сина пинҳон доштам саҳрою ҳомунро,
Фурӯ бурдам зи чашми хеш пинҳон ашки гулгунро,
Кушодам, пош додам пеши поят ганҷи Қорунро,
Пушаймон нестам ҳаргиз!
Кунун дар қасри Доро ҷоми Ҷамшед аст дар дастам,
Зи бӯи бодаю мӯи бути Шероз сармастам.
Лабамро бо лабони оби Рукнобод пайвастам,
Ба рӯят лаҳзае оҳиста дар бастам.
Чу боло мешавам бар маснади хуршедии Ҷамшед,
Ки дорад ошён эзид, ки дорад хокдон хуршед,
Дар ин қасри хароботе, ки Доро буду дунё буд,
Дирафши Ковиёнӣ найзае аз моҳ боло буд.
Биорам дар назар тахти забарҷад, тоҷи зарринро,
Ба шифти мармарини осмонӣ шамъи парвинро,
Ва мебинам бутони майгусору сарви симинро,
Ва он дунёи деринро.
Ба чашмам медурахшид оташи Зардушт дар соғар,
Ба дасти духтари пири муғон дар лаълии озар,
Ба гӯшам хониши пири муғон бо нола меояд, -
«Авесто» мекашад фарёд аз минбар.
Чу «пайғамбар» ба базми шоҳи шоҳон мешавам ворид,
Сурӯше мерасад бар гӯши ман аз нағмаи Ноҳид,
Паризоде ба дастам мегузорад ҷоми марворид,
Ҳамехоҳам бинӯшам ҷуръае аз лаҳзаи ҷовид.
Вале дарро намекӯбию ворид мешавӣ бебок
Даруни синаи ман - хонаи худ, раҳзани чолок!
Ва барҳам мезанӣ дунёи пурасрори ширинам,
Ту аз ҳам меканӣ пайвандҳои аслу оинам…
Ва боми қаср боло мешавад чун гунбади афлок,
Хуморам меравад барбод, ҷому бодаам бар хок,
Ду дона ашки марворид, ҳамчун ҷоми марворид
Дурахшон дар кафи дастам;
Ки танҳо дар хароботи бузургон будаму ҳастам.
Ҳамон қасри ҷаҳоноро, ки аз хашми Сикандар сӯхт,
Зи дасти духтари бозингари шӯхи ситамгар сӯхт…
Ҳаметарсам зи васлу оташи ҳаҷри ту, ҷонона,
Ки охир мешавам монанди ин вайрона – вайрона!
1971.
* Ин мисраъ аз ғазали Ҳофиз аст.
|
|