Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

Ҷанги зарротӣ шуда оғоз дар бозори зар,
Хатти зар ё хатти озар меравад аз мағзи сар.
Мушаки ҷангӣ ба чоҳу доғи ӯ дар рӯи моҳ,
Толиби ҷанги ситора дар куҷо ёбад паноҳ?
Мекунад бе зарба бими ҷанг имонро хароб,
Тарҳи ҷангу сулҳбозӣ карда виҷдонро хароб,
Шак ба кори ҳақ намояд ҷодаи имкон хароб,
Дил харобу ҷон харобу майнаи инсон хароб…
Ёфт Амрико чунон дар оташи зар обу тоб,
Мекашад аз зарпарастон зардрӯӣ офтоб.
Аз зари бегона бар худ нури лозар сохтан,
Осмонро сӯхтан ё хокро бигдохтан.
Ин силоҳи маҳви оламро агар хонӣ сипар,
Кас намебинам дар ин пушти сипар соҳибзафар!
Тарки таркишҳои ядроӣ намо ё тарки сар,
Ҷуз ду тарк аз гунбази гардун маҷӯ тарки дигар.
Даст деҳ, эй сэр, то сарриштае дар даст ҳаст,
То ки дасти мо ба тан, тан бо ватан пайваст ҳаст.
Даст деҳ, инсони ҳамсайёра, ҳамгаҳвораам,
Аз ҳавои нафс ту сарсону ман овораам.
Мо чу одам соҳиби нафсу ниҳолон дар самар,
То куҷо ронанд Одамро, куҷо, бори дигар?!

1976.
***

На ҳар ки лофи худӣ мезанад, худованд аст,
На ҳар чи сар ба фалак мекашад, Дамованд аст.
Ки мезанад ба раги хуни мо ба теғи забон;
Ки хуни поки Сиёвуш чашмаи панд аст.
1976.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба