|
Хамӯшӣ дар сукути худ забон дорад,
Ки ҳар шохи шикаста сад фиғон дорад.
Чу гулбарге, ки дар сармо ватан дорад,
Ғами мурдан, умеди зистан дорад…
Биёю гӯш бар оҳанги дарё кун,
Ба сӯи чашми ахтар чашм боло кун.
Ки дарё баҳри чӣ оҳанг месозад,
Ситора баҳри кӣ то рӯз метобад?
Табиат, гӯш медорам туро хомӯш,
Туро бо ёди сарве мекашам оғӯш.
Ту оҳуиву бо чашмони оҳуят
Чӣ мегӯӣ, ки оҳ аз чашми ҷодуят!
Табиат, дар само мисли уқобонӣ,
Чу рози ғунчаҳо пайдою пинҳонӣ,
Ту сангӣ, буттаӣ, ҳайвону инсонӣ,
Вале аз кори одам чашми ҳайронӣ.
2005
|
|