|
ХИЁБОНИ ИҚБОЛ
Зи дарё барояд хиёбони Иқбол,
Зи дарёи дарди ниёгони Иқбол,
Ки ин раҳ ба дардею дармонпазире
Расидан надорад чу сомони Иқбол.
Дарахтон сафорою мардум парешон,
Сари ҷамъу фикри парешони Иқбол.
Яке офтобу яке соя ҷӯяд,
Барояд чу хуршеди тобони Иқбол.
Гар аз соҳили ташналаб ҷанг хезад,
Бирезад чу гарде зи домони Иқбол.
Ки дарё равон,
Бори дунё гарон аст,
Ба зери чӣ борест даврони Иқбол,
Аз ин раҳ зи дарё ба саҳро расидам,
Каноре надорад биёбони Иқбол.
1975.
|
|