|
Ту, эй рӯди кабуди осмонӣ, чӣ гуҳар дорӣ?
Чу сетори Шарифи Ҷӯра саҳроят садафкорӣ.
Ва се пулат маро се пардаи саҳрои сетор аст,
Маро сарчашмаат чашми кабуди масту хуммор аст.
Чу фарзандат фалакро баст дар саҳрои сетораш,
Рабуда Рокро то пардадор аз пардаи тораш.
Ба рангу нанг чун фарзанди хурди ҳафт дарёӣ,
Зи чашми осмон ё аз дили Дарвоз меоӣ?
Маро оби ту варзиш дод, тоби офтобӣ дод,
Ба роҳи ростӣ тамкин, ба тундиҳо шитобе дод.
Куҷо тамкини сангинат, ки ҷӯшону хурӯшонӣ,
Ту гулмоҳии гул ҳоло наҳанги тездандонӣ.
Ва худ дармекашию мефитонӣ хонаи обат,
Аҷаб дарё, ки вайрон менамоӣ хонаи хобат.
Ба умре офаридӣ боғу гулзори каноратро,
Чи алмоси зимистону чи ёқути баҳоратро.
Магар фарзандҳоят рафтаю рафтаст тамкинат,
Биёсо як даме, ки мерасад имрӯз таскинат.
1981.
|
|