|
Эй моҳи нав, ба шоми Майистон хуш омадӣ,
Эй шӯълахӯй, сӯи найистон хуш омадӣ.
Рӯзи навему шоми ғарибони Моймай,
Чун шамъи рӯз барзада домон хуш омадӣ.
Ин Шоҳи сабзпӯш, ки сабзинапарвар аст,
Бо хатти сабз сӯи дабистон хуш омадӣ.
Дар имтиҳони ишқ бигӯ шарҳи зулфро,
Рӯи ту маҳви зулфи шабистон, хуш омадӣ.
1992.
|
|