|
ЗИЛЗИЛА
Замин аз реша то сарнавдаҳои себ меҷунбад,
Замин аз зер то рӯяш чӣ пуросеб меҷунбад,
Яку якбора аз шохи дарахтон барф мерезад,
Баногаҳ рехт аз фарқи сарам сармо.
Ва урён мешавад шохи ниҳоли себи хубонӣ,
Ва гирён мешавад дар кӯҳсорон абри боронӣ,
Ва аз най мебарояд нолаҳои зори чӯпонӣ,
Зи мағзи устухонам мебарояд нолаю фарёд.
Ба ҷунбиш медарояд осмон оинаи реза
Ва мерезад ситора гӯӣ чун алмоси овеза,
Аҷоиб рехтан, ки бар сари мардум намерезад,
Зи мағзи шишаи дил бигзарад алмоси сӯзоне.
Ва дар панҷоҳ меҷунбад ниҳоли навҷавониям,
Ва меҷунбад дучандон решаҳои ҷовидониям,
Бирезад аз сари сабзам ба по барги хазониям,
Ки урён мешавад ҷонам ба тан оҳиста-оҳиста.
Чу рагҳои замин бошанд рангҳои вуҷуди ман,
Чу ларзад тори ту, табларза меафтад ба пуди ман,
Ту месӯзию меҷӯянд, мебӯянд дуди ман,
Тани танҳо намеҷунбӣ, тани танҳо намесӯзам.
1984.
|
|