Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

ЗОИНДАРӮД

ЗОИНДАРӮД


Зоиндарӯд, меравӣ, ҳамчун суруди ман,
Чун ханда аз даҳан,
Чун навҳа аз сухан.
Савти Аҷам зи ларзаи мавҷи ту медамад,
Ё аз вуҷуди ман?
Бишнав суруди ман:
Мо ин ҷаҳони ташнаро бас об додаем -
Аз оби рӯи хеш,
Аз оби ҷӯи хеш.
Аз оби лаъл мо лаби хубон кушодаем,
Бо шеваи дарӣ,
Бо шеъри ховарӣ.
Хушкидаем ҳамчу Зарафшон ба роҳи хеш,
То даштҳои паст
Гаштанд гулпараст.
Шаҳрӯди поки мо, ки Бухорост мадфанаш,
Чун беасар шавад,
Дунёи зар шавад.
Даҳрӯди шеъри мо*, ки ба дарё расидааст,
Овози ӯ ба гӯш,
Овозааш ба гӯшаи дунё расидааст -
Аз рӯдҳо дуруд.

Зоиндарӯд, духтари зебои кӯҳсор,
Оби ҳаётбахш,
Рӯҳи наҷотбахш,
Ҳоло туро ба ташнагӣ чун ашки духтарон
Афлок мехӯрад,
Ё хок мехӯрад.

1971.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба