Реклама
Реклама
Реклама
Реклама
Реклама
 
         

Наврӯз (форсӣ: نوروز , курдӣ: Newroz) — Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадими ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқони пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Рӯзи 21 март дар Эрон, кишварҳои Осиёи Миёна ва Қавқоз ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи 22 март дар Қазоқистон.

Тоҷикистони азизи мо боз ба ҷашни навини Наврўзи ҷаҳонафрўз, Наврўзи нишотовару пуртароват омодагӣ мегирад. Соли чаҳорум аст, ки Наврўзи бостонии мо мақоми байналмилалӣ дорад ва имсол маркази ин фархундаҷашн кишвари маҳбуби мост. Акнун ба маънои томи сухан «Тоҷикистон Ватани Наврўз аст!»

Тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як фарди шарафманди тоҷик чандест, ки барои сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашн ҷидду ҷаҳд менамоянд. Оре, дар таҷлили шоистаи ҷашни Наврўз бояд ҳар як шахс ҳиссагузор бошад.

Кормандони омўзишгоҳи касбии техникии №66-и шаҳри Душанбе низ чун аҳли кишвар ба ин ҷашни фархундаи миллат омодагии ҷиддӣ мебинанд ва тасмим гирифтаанд, ки онро дар сатҳи баланду дилписанд таҷлил намоянд. Бо ин мақсад дар омўзишгоҳ аз ҷониби ҷонишини директор Сурайё Сангинова нақшаи махсуси истиқболи ҷашн ва тантанаҳои он тартиб дода шудааст. Ин нақша хеле рангину пурмўҳтавост ва ду бахш: омодагӣ ба ҷашн ва таҷлили онро дар бар мегирад.

Дар заминаи нақшаи мазкур то имрўз дар омўзишгоҳ як силсила чорабиниҳо баргузор гаштанд. Аз ҷумла, озмунҳои «Хаттоти беҳтарин», «Рассоми беҳтарин» ҷолибу хотирмон буданд ва иштирокдорони зиёд доштанд.

Хаттотони омўзишгоҳ беҳтарин байту қитъаҳои наврўзиро хушнависӣ карданд, рассомон бошанд, манзараҳои марғуби айёми баҳоронро ба риштаи тасвир кашиданд. Ғолибони ин озмунҳо бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

Рўзҳои наздик дар омўзишгоҳ баргузор намудани озмунҳои тайёр намудани беҳтарин хўроки миллӣ, таҳияи беҳтарин либоси миллӣ ва ҳамчунин, бозиҳои гуногуни миллӣ дар назар аст.

Бояд гуфт, ки саҳну долонҳои омўзишгоҳ аз ҳоло ба истиқболи ҷашни Наврўз ба таври хеле назаррабову пурмўҳтаво оро дода шудааст. Дар ташкилу баргузории чорабиниҳои гуногуни ҷашниву расмии омўзишгоҳ ҳиссаи ҷонишини директор С.Сангинова бузург аст. Ў омўзгори фаъолу ташаббускор ва дилсўзи шогирдон мебошад. Ба таълиму тарбия дар заминаи анъанаҳои миллӣ таваҷҷўҳи махсус дорад ва мекўшад, ки шогирдонаш соҳибхираду ватандўст ва фарзанди асили миллат бошанд.