Наврӯз қадимтарин ҷашни миллии мост!
Наврӯзи фархундапай қадами мубораки худро бо тулӯи аввалин нурҳои офтоби саҳарӣ бо паёмадҳои тоза ба тоза ба сайёраи хуршедиамон, ба хонадони ҳар яки мо мениҳад. Табиат аз нав қабои покиза ба бар мекунад, ҳама ҷо сабзу хуррам, гулбезу гулборон мешавад.
Барҳақ фармудаанд бузургон:
Наврӯзи Бузург омад ороиши олам,
Мерос ба наздики мулуки Аҷам аз Ҷам.
Чун ба ҳазорсолаҳо аз масири таърих назар меафканем, идроки амиқ, дилу ният ва тафаккури пок, ҷаҳонбинии фарох, тамаддуни волои ниёгонамон ба хубӣ эҳсос мешавад. Дарк мекунем, ки Наврӯз эҷоди табиату тафаккури халқест ва миллатест, ки тӯли ҳазорон сол ба тоҷикию форсӣ ҳарф мезанад. Наврӯз исму моли тоҷик аст! Зеро ин рӯзу ин идро дар тамоми курраи арз бо лафзи шевои тоҷикӣ ном мебаранд: дар Ӯзбекистону, Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон, Озарбойҷону Туркия, Эрону Афғонистон, Бошқирдистону Доғистон – хуллас дар куҷое набошад, тоҷикона «Наврӯз» мегӯянд. Дар Изроил ҳам Наврӯз чун оғози рӯзи наву соли нав таҷил мегардад. Пас, бо Наврӯ чизе аз шаҳмати миллии мо ба ин миллатҳ ҳам гузаштааст. Ин мояи ифтихор аст барои ҳар фарди худогоҳу хештаншиноси тоҷик!
Замоне онро бо каломи «Авасто» таҷлил мекардем, баъд ба он оёти Қуръон низ ҳамроҳ гардид. Аммо чи мӯъбад, чи мусалмон – мо як миллат будем, номамон, миллатамон тоҷик, форс буд.
Дар ҳама давру замон – 6 ҳазор сол қабл аз ин ва то ба имрӯз Наврӯз асолат ва ягонагии моро таъмин мекард. Замоне шуд, ки рӯҳи мо ба миллатҳои дигар ворид шуд ва ваҳдати рӯҳонии моро бо қавмҳои дигар ба вуҷуд овард. ҳарфҳои авастоии мо ба ҳарфҳои исломӣ бадал гардиданд.
Вақте ки забонаҳои оташи Искандар дар осмони тахти Ҷамшед фаввора мезад, мо аз оташ мегузаштем, Наврӯз доштем…
Вақте ки Кутайба бо лашкараш киштзорони мо, нони моро таги суми аспҳяш гузошт, мо бо шиками гурусна суруд хондем ва Наврӯз доштем…
Вақте ки Чингиз ҳазорон ҳазори моро ба бандагӣ мефурӯхт, мо бо худ Наврӯзро мебурдем…
Вақте Темур устухонҳои моро ба қисматҳо ҷудо карда, аз онҳо барои сохтмони калламанораҳояш сутун метарошиду хишту тиреза мекард, шиори мо «бо андӯҳ андаке шодӣ мебояд!» гашт, зеро, ки Наврӯз доштем, бо умеди рӯзи нав рӯз ба сар мебурдем.
Вақте байнамон ҷудоӣ меандохтанд, мо боз сари дастархони наврӯзӣ ба ҳам меомадем.
Мо бо Наврӯз боз эҳё мешудем ва барои мо Наврӯз на фақат ид, балки чизе болотар аз ҳама идҳост. Бо Наврӯз руҳи мо то ба имрӯз монд ва Наврӯз рамзи ҳастии мо гашт.
Мегӯянд, ки Ҷамшед аввал Ҷам ном дошт. Ба сайри олам баромаду вақте ба Озарбойҷон расид, фармуд тахти шоҳиро ба ҷои баланде рӯ ба ҷониби машриқ гузоранд ва худ тоҷи шоҳиро ба cap ниҳоду ба он тахт нишаст. Ҳамин ки офтоб тулӯъ карду нураш ба он тоҷу тахт афтод, шуое дар ғояти равшанӣ падид омад ва ин шуои рӯшан рост ба тоҷи сари шоҳ расида бо аксаш ҳама ҷоро мунаввар кард, мардумон аз он шодмон шуданд ва гуфтанд: ин рӯзи нав аст! Чун бо забони паҳлавӣ «шуо» – «шед» аст, ин лафзро ба ҳам пайвастанд ва ӯро Ҷамшед гуфтанд ва ҷашни азим барпо карданд ва аз ҳамон рӯз ин расм пайдо шуд.
Таърих гувоҳ аст: тақвими аниқи ҷаҳонӣ, ки то ба имрӯз дар саросари курраи Замин ченаки ягонаи шумори асру солу моҳ ва рӯзу соату дақиқаву сония маҳсуб мешавад, ҳазорсолаҳо муқаддам на дар Аврупою Амрико, балки дар сарзамини форсу тоҷикнишини мо эҷод шудааст, онро гузаштагони бофаросати мо ба вуҷуд овардаанд.
Зардӯшт бо бунёдгузории расадхонае бо афзудани камубеш 11 рӯз баробар ба 365 рӯз ва 5 соату 45 дақиқаю 46 сония ба ченаки вақт асос гузошт. Пас аз он соли машидии хуршедиро бо шумурдани моҳе 30 рӯз ва афзудани 5 ё 6 рӯз ба хуршедӣ гардонданд. Боз андаке дертар он 6 рӯзро чунон ғунҷонданд, ки 6 моҳи аввал ҳар кадом 31-рӯза ва 5 моҳи дигар 30-рӯза ва як мох 29 рӯз ва 5 соату 48 дақиқаю 46 сония қарор гирифт. Ваrтшуморӣ аз он замон то имрӯз ҳамчунон устувор мондааст ва ин дурустарин ва беҳтарин солшуморӣ аст, ки аҷдоди донишманди мо сохтаанд, на каси дигар!
Аз ин хотир бо таърих ва шукӯҳу шаҳоматаш Наврӯз таҷдиди хотираи азёдрафта аст. Наврӯз пайванди мову гузаштагони сарбаланди мост, ки рӯҳи онҳоеро, ки миллати моро сохтаанд, онро шукӯҳу шаҳомат бахшидаанд, аз қаъри қарнҳо берун мекашад ва моро сари дастархони наврeзӣ ба ҳам меорад.
Наврӯз як таъкиде аз гузаштагон аст, то фаромӯш накунем, ки мо миллати наврeзӣ ҳастем, то фаромӯш накунем, ки ҳуқуқи хиёнат ба анъанаҳои неки гузаштагон надорем ва суннатҳои онҳоро пос медорем ва бо Наврӯз онро ба ҳазорсолаҳои дигар ҳидоят мекунем.Наврӯзи фархундапай қадами мубораки худро бо тулӯи аввалин нурҳои офтоби саҳарӣ бо паёмадҳои тоза ба тоза ба сайёраи хуршедиамон, ба хонадони ҳар яки мо мениҳад. Табиат аз нав қабои покиза ба бар мекунад, ҳама ҷо сабзу хуррам, гулбезу гулборон мешавад.
Гулгардони
Навруз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ин ид дехқонон ба киштукори саҳроӣ мебароянд. Яке аз рамзҳои асосии иди Наврӯз сумалак мебошад. Дар васфи Наврӯз шоирону нависандагони барҷастаи мо шеърҳо эҷод кардаанд: азҷумла шоири барҷастаи тоҷик Мирзо Турсунзода чунин гуфтааст:
Баҳор омад садои булбул омад,
Насими фораму бӯи гул омад.
Либоси сабзро саҳро ба бар кард,
Кулоҳи сап-сафед олу ба сар кард.
Аз омадани Наврӯз қабл аз ҳама кӯдакон бо баргузории маросими гулгардонӣ ба дигарон пайғом мерасонанд. Ин маросим як ҳафта қабл аз Наврӯз, яъне дар авоили даҳаи дуввуми моҳи морс аз сӯи гурӯҳе аз кӯдакон, ки дар даст гулҳои сияҳгӯш, бойчечак ё наврӯзӣ доранд, иҷро мешавад. Ин кӯдакон ба ҳар манзили маскуни наздик шуда ва бо қироъати шеърҳое фарорасии фасли баҳорро ба соҳибони он хонадон шодбош мегуянд.