Балогардонӣ

Кӯза шикасатан. ранҷу дард ва балову ғами инсонҳоро ҳамеша дар банд доштааст ва мардумон дар ҳар замону дар ҳар ҷои ҷаҳон барои гурезондани он роҳе меҷустаанд. Эрониён, ки ҷашни наврӯзиашон ба ҳангоми нав кардани ҳама мазоҳири зиндагӣ дар масири нав шудани табиат аст, чаҳоршанбесуриро фурсате мешумурданд, то қазо ва балоро аз худ дур кунанд. Сабаби созу корҳо ду чизи муқаддасу мӯҳтарам буд: оташ ва об.

Дар бисёре аз манотиқи Эрон қазову бало ва олу дузд ва ҳезро ба наҳваҳои мухталиф аз худ ва деҳи худ меронанд. Ҳанӯз низ баъзеҳо вакте, ки оташро аз бомҳо ба замин афканданд, кӯзае об бар он меандозанд ва обу оташро ба ҳам барои дафъи бало ба кор мегиранд. Дар баъзе аз шаҳрҳо ва рустоҳо фақат кӯза мешикананд. Кӯза низ ҷои об аст ва шикастани кӯзаҳои кӯҳна бултабъ таклифи ҷадиде меофаринад, ки кӯзаҳои нав таҳия кунанд ва бо тозагиву таровоти баҳорӣ обҳои хунукро аз зарфи тоза бинӯшанд.

Исфанд дуд кардан. Испанд ё исфанд буттае аст, ба ҳамин ном, ки дар ағлаби манотиқи Эрон мерӯяд ва бӯи хоси он хосияти шадиди гандзудоӣ дорад. Ба ҳамин далел аст, ки дар бештари суннатҳо ва маросим дуд кардани исфанд аз одоби аслист. Ба гоҳи чаҳоршанбесурӣ исфанд бар оташ мерезанд, то чашми бадро аз худ дур карда бошанд.

Оби қалиё ва даббоғхона. Дар Курдистон баъзе аз мардум дар ин рӯз ба даббоғхонаҳо мераванд ва бо обе, ки пӯстҳоро дар он даббоғй кардаанд, даст ва сурати худро мешӯянд ва гурӯҳе низ оби даббоғхонаро бо худ меоваранд ва ба гӯшаву канори утоқҳо ва роҳравҳо мепошанд ва мӯътақиданд, ки ин кор дар дафъи чашмзахм муассир аст. Дар Теҳрон барои дафъи чашмзахм зочи сафедро рӯи зарфи гарме мерезанд. Ин корро ба ҷуз айёми чаҳоршанбесурӣ дар тӯли сол низ анҷом медиҳанд. Таҳияи оби қалиё низ ба ин тартиб аст, ки дар шаби чаҳоршанбесурӣ микдоре қалиёи хушкро дар ҳовани биринҷии кӯчаке мерезанд ва духтари ноболиге онро ба нармӣ месояд, сипас дар сирко ҳал мекунанд ва дар гӯшаву канори хона мерезанд, то қазову бало аз хона дур шавад.

Ба саҳро рафтан. Мардуми бархе аз рустоҳои Курдистон ҳамонанди «сездаҳбадар» ба таври ҷамъӣ ё фардӣ ба саҳро ва канори чашмаҳо ва наҳрҳо мераванд ва нигаристан ба оби зулоли чашмасоронро дар бомдоди чаҳоршанбесурӣ ба фоли нек мегиранд. Муддатеро ҳам дар саҳро ба пойкӯбӣ ва дастафшонӣ мепардозанд ва бо рақсҳои дастаҷамъии зебои курдӣ ба шодӣ менишинанд. Занон чанд тор мӯйи бачаҳояшонро қайчӣ мекунанд ва ба даст насим ё амвоҷи рӯдхона месупоранд, то оби равон дарду балоро бибарад. Мегӯянд, агар ин корро накунанд, бало аз соли кӯҳна ба соли нав мунтақил мешавад. Пас аз он бо кӯзае пури об ба хона бармегарданд. Ба ҳангоми баргаштан ҳар кас теъдоде сангреза чамъ мекунад ва бе он ки ба пушти cap бингарад, сангрезаҳоро яке-яке аз рӯи шонаҳо партоб мекунад ва бад-ин гуна афсурдагиҳои худро дар домани дашту саҳро барҷой мегузорад.

Тухмимургшиканӣ. Аз бозиҳои махсуси чаҳоршанбесурй, ки вежаи Курдистон ва навоҳии курднишин аст, «ҳалакашиканӣ» ё шикастани тухми мурғ аст, ки дар Кирмоншоҳон ва Урумия раем аст. Барои анҷоми ин маросим ҳар ҷавоне мехоҳад, ки тухми мурғи сахту мӯхкаме ба даст оварад. Гоҳ низ ҳамаи тухми мурғҳоро ранг мекунанд ва барои ин кор онҳоро як шаб дар пӯсти пиёз мегузоранд то ранг бигиранд. Шеваи бозӣ чунин аст, ки як нафар тухми мурғро дар мушт мегирад, ба тавре ки сари тухми мурғ берун бошад ва тарафи муқобил битавонад бо тухми мурғи худ ба он зарба бизанад. Ҳар як аз тухми мурғҳо, ки шикаст, соҳиби он бозанда хоҳад буд ва бозанда тухми мурғро ба баранда медиҳад. Бисёр иттифоқ уфтодааст, ки як нафар дар муддати каме тухми мургҳои дигаронро шикаста ва ҳамаро ҷамъ кардааст. Дар рустоҳо гоҳе доманаи ин шартбандӣ тавсеа меёбад на ба ҷойи тухми мурғи шикаста гӯсфанд ва буз низ мавриди бурду бохт карор мегирад.