7-син

Сабзӣ - Сабзавоти полезӣ, барои инсон фоидаовар. Аз ҷиҳати витаминҳо бой аст. Бахусус, витаминҳои В, РР, С, Е ва К. Дар таъомҳои гуногун истифода бурда мешавад. Инунин, дар шакли тару тозаи табиӣ истеъмол карда мешавад, ки аз нафъ орӣ нест.


Суманак - Аз чавонаҳои тоза расидаи гандум сохта мешавад. Аз онҷое ки фарухарҳо боиси рӯидани гиёҳон ва чавона задани онҳо мешаванд, хурдани ин чавонаҳое борур сабаби нерумандӣ ва боварӣ дар тамоми сол мегардад.
Сабзаи наврустаи гандум. Рамзи Наврӯз. Таркибаш аз сафеда ва rанд бой. Ширааш серғизо. Аз ин шира хӯрданӣ мепазанд, ки суманак ном дорад. Суманак тандурӣ ва дегӣ мешавад. Пухтани суманаки дегӣ вакти зиёдеро талаб мекунад. Аз лаззати суманак баракати солро муайян мекунанд.


Сипанд - ё испанд ё исфанд ё буттае аст, ба ҳамин ном, ки дар ағлаби манотиқи Эрон мерӯяд ва бӯи хоси он хосияти шадиди гандзудоӣ дорад. Ба ҳамин далел аст, ки дар бештари суннатҳо ва маросим дуд кардани исфанд аз одоби аслист. Ба гоҳи чаҳоршанбесурӣ исфанд бар оташ мерезанд, то чашми бадро аз худ дур карда бошанд. Рустании доруворӣ. Барои амрози рӯҳ, калб ва меъда истифода мешавад. Бӯи хуш дорад. Зидди зуком. Дар аҳди кадим ба оташ меандохтанд, то бӯи хуш диҳад. Барои радди кувваҳои нопок онро дуд мекунанд. Ёдгоре аз оини зардуштист.


Сабзаи навдамида - Сабзаҳоро ба теъдоди ҳафт ва ё дувоздаҳ, ки шумори муқаддаси бурҷҳо аст, дар қобҳои гаронбаҳо сабз мекунанд. Дар кохи подшоҳон 20 рӯз пеш аз Наврӯз дувоздаҳ сутун аз хишти хом бар меоварданд ва бар рӯи ҳар як аз онҳо яке аз ғаллотро мекоштанд, хуб руидани ҳар як аз онҳоро ба фоли нек мегирифтанд, ки он дона дар он сол пур бор хоҳад буд. Дар шашуми Наврӯз он ғаллотро мечиданд ва ба нишонаи баракат ва боварӣ дар толор пахш мекарданд.
Хонаводаҳо маъмулан се коб аз сабзаҳоро ба нишонаи "хумат, хухт ва хуришт" бар хон мениҳоданд ва бар руйи онҳо гандум, ҷав ва арзан, ки хуроки аслии мардум буд сабз мекарданд. Ранги сабзи онҳо ранги миллӣ ва мазҳабии ирониёне буд ва хони наврӯзиро зиннат мебахшид.


Себ - рустоиён себро дар хумҳои вижае нигаҳдори мекарданд ва пеш аз Наврӯз ба якдигар ҳадя медоданд. Себ бо зоиши хум нисбат дорад. Бадин сурат ки аглаби дарвеше себро аз васат нисф мекарданд ва ниме аз онро ба зан ва нимаи дигарро ба шавҳар медоданд. Бадин тартиб мард аз аъким будан ва зан аз нозои раҳо мешуд.
Меваи маъмул, сероб, хушгувор, ширин, таркибаш аз витаминҳои В, С бой аст. Иштиҳоовар. Хунро тоза ва зиёд месозад. Зеби ҳар дастурхон аст. Навъҳои суманӣ, пешпазак, шакарак, турушак, крепсон, антонӣ, аштархон ва ғайра дорад. Аз он мураббо ва шарбат низ тайёр мекунанд.


Сир - Рустании табобатӣ буда, дар таркибаш витамини В, С дорад. Дар Чини кадим аз сирпиёз ғизое тайёр мекардаанд, ки онро ҷавҳари ҷавонӣ меномиданд. Олимони амрикоӣ исбот намудаанд, ки истеъмоли сирпиёз метавонад садди роҳи сарзадани бемории саратон гардад.


Санҷид - Меваи хуштамъ. Пӯсташ сурхи зардчатоб, мағзаш ордакдори ширин, то 64% канд, 10% сафеда, 1,3% ҷавҳар, то 200м/г витамини С дорад. Гулаш бағоят хушбӯй, дорои алкалоид, сершаҳд ва дорои равғани эфир аст. Барои табобати меъда, рӯда ва газаки рагҳои нафас истифода мешавад. явсвсвҷфавҷфав