Истиқбол аз байналмилалӣ
шудани Наврӯз
Пешнависи ин қатънома аз сӯи намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Мақдуния ва Албания дар якҷоягӣ таҳия ва пешниҳод шуда буд, ки дар иҷлоси рӯзи 23 феврал ба тасвиби Маҷмаи умумӣ расид.
Моҳи майи соли гузашта ЮНЕСКО - Муассисаи илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ба феҳрасти мероси фарҳангии ҷаҳон ворид кард.
Наврӯз иди миллии мардумони Эрону Тоҷикистону Афғонистон ва миллату қавмҳои дигар дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна аст ва ҳар сол дар рӯзи 21 март таҷлил мешавад.
Маҷмаи Кулли СММ аз кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯз хостааст, таъриху анъанаи таҷлили ин иди бостониро пажӯҳиши амиқтар намуда, натиҷаи онро дар миёни аҳли олам паҳн кунанд.
Истиқбол аз тасмими Созмони Милал дар Тоҷикистон
Соҳибназарони Тоҷикистон аз эълон гардидани Рӯзи байналмилаии Наврӯз истиқбол мекунанд. Саттор Турсун, яке аз фарҳангиёни Тоҷикистон мегӯяд: “Дар замони шӯравӣ Наврӯзро як падидаи динӣ ва иртиҷоӣ гуфта, таҷлили онро дар сатҳи расмӣ ва оммавӣ манъ карда буданд. Ҳол он ки дар Аврупо дар бораи ин ҷашн огоҳӣ доранд ва соири кишварҳои Балкан онро ҷашн мегирифтанд».
Ба гуфти ин адиб, чунин иқдом дар сатҳи байналмилалӣ миллатҳои ҷаҳонро бо ҳам қарин мегардонад. Бахусус, дар ҳоле ки ҷаҳонро хатарҳои дигар таҳдид мекунад ва ин хатарҳоро бо дину миллатҳо нисбат медиҳанд, пешниҳоди СММ дар шинохт ва эҳтироми фарҳанги миллатҳо нақши муҳим дорад.
Толибшоҳи Сайидзода, журналисти тоҷик, ки борҳо ба истилоҳ бо «ҷурм»-и ҳимоя аз Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ ва ҷашни он аз сиёсати шӯрави гап ҳам шунидаст, мегӯяд, пешниҳоди давлати Тоҷикистон барои мақоми ҷаҳони додани Наврӯз, идомаи талошҳо дар бахши шинохти ҳуввияти миллӣ аст. Ӯ мегӯяд, «муҳимтар аз ҳама он аз бобои мо, шоҳ Ҷамшед ба мо расидааст».
Мардуми Тоҷикистон бо вижагиҳои хос Наврӯзро ҷашн мегиранд. Бо оро додани дастархони ҳафтсину ҳафтшин, пухтани суманак, анвои шириниҳо. Вале дар Эрон Наврӯз сездаҳ рӯз таҷлил шуда, бо сенздаҳбадар, яъне зиёфате дар чаман ба поён мерасад.
Шаҳрдории Душанбе низ тасмим гирифтааст, ки Наврӯзи имсоларо дар пойтахт бо баргузории чорабинии калони фарҳангӣ доир кунад. Ва барои таҳияи сенарияи “Наврӯз-2010” ҳам озмуне эълон шуда буд. Бино ба иттилои шӯъбаи танзими расму оинҳои шаҳрдорӣ муаллифи сенарияи мазкур Набӣ Ҷаллолов коргадон шинохта барранда шудааст.