Ҷашни мардгирон
Аз маросиме, ки дар авохири исфанд баргузор мешуд ва акнун аз он нишон каме боқист, «ҷашни мардгирон» аст, ки бояд чигунагии онро дар мутуни муътабари адабӣ ҷуст. Бад-ин ҷиҳат «мардгирон» хопанд, ки занон аз шавҳарони худ таманноҳо мекарданд ва орзуҳои анҷомношударо металабиданд. Бл таъбири дигар, «ҷашнест, ки муғон дар панҷ рӯзи охири исфандормаз кунанд ва дар ин панҷ рӯз занон баp мардон мусаллат бошанд ва ҳар чӣ хоҳанд аз мардон гиранд ва шавҳарон маҳкуми эшонанд». Дар «Аҷоибу-л-махлуқот»-и Қазвинӣ омадааст, ки «муғон рӯзи нахуст аз панҷ рӯзе, ки дар охири исфандормазмоҳ аст ва рӯзи ҷашне, ки онро «мардгирон» хонанд, аз тулӯи сапеда то тулӯи офтоб ба ҷиҳати дафъи ҳавом се дафъа менависанд ва онро бар се девори хона мечаспонанд ва девори чаҳорумро, ки садри хона аст, холӣ мегузоранд. Гӯянд, дар ин рӯз Офаридун тилисме фармудӣ ва самум ва ҳавом ва ҳайвонотро бастӣ ва авоиди онро, ки возеъ навиштани руқъаи каждум Фаридун буда, ин аст, ки форсиён бад-он руқъа нависанд «ба номи Эзад ва Офаридун» ва ҷамъе бар опанд, ки Фаридун Нӯҳ аст ва аз ин ҷиҳат арабон дар он руқъа нависанд: «саломун ало Нуҳ фи-л-оламин».