Навруз (Наурыз мейрамы)
Дар Қирғизистон ва Қазоқистон, ду кишвари дигари мантақаи Осиёи Марказӣ низ Наврӯз дар сатҳи давлат таҷлил мешавад. Дар Қазоқистон Наврӯз иди баҳор ва эҳёи табиат дониста шуда ва расман чун «Наврӯз майрамъ» ба таърихи 22 март ҷашн гирифта мешавад. Қазоқҳо дар ин рӯз дар канори ширкат дар барномаҳои фарҳангӣ ва тафреҳи ба шинондани дарахтону гулҳо ва ободу зебо кардани манозил ва маҳаллоти маскунии худ машғул мешаванд. Зеро таҷлили Наврӯз дар манзили тамиз ва ороста аз ойинҳои мардуми қазоқ унвон шудааст. Аммо қиргизҳо дар канори маросими сайру гашти идона дар рӯзи Наврӯз ойини миллии худ «Манасхонӣ» - ро иҷро мекунанд. «Наврӯз дар Қирғизистон 21 март таҷлил мешавад. Ҷашни Наврӯз дар Қирғизистон тафовути зиёде аз дигар кишвархо надорад. Қирғизҳо либосҳои идона ба бар карда ва ҳазорҳо тан дар майдони марказии шаҳри Бишкек гирди ҳам меоянд ва Наврӯзро таҷлил мекунанд. Дар ҳар шаҳру мантақаи Қирғизистон маросими «Манасхонӣ» бо ширкати ҷавонон ва бузургсолон баргузор мешавад. «Манас» аз достонҳои таърихи ва бостони ва машҳури дунё махсуб мешавад.» Дар ҳамин хол бештари муҳаққиқон ва пажуҳишгарони ойинҳои Наврӯзи муътакиданд, ки бо таваҷҷуҳ ба густариши ҷашмгирӣ таҷлили Наврӯз дар манотиқи мухталифи ҷаҳон дар даҳсолаҳои баъди ин ҷашни миллӣ ва таърихи метавонад хусусияти башариро касб кунад. Зеро ҳамакнун Наврӯз дар бештари кишварҳои ҷаҳон, ба хусус кишвархои мусалмонии дунё бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.