Наврӯз дар ашъори шоирони
муосири тоҷик

Навруз яке аз бошукухтарин чашнхои аквоми Ориёи ва мардуми форсизабон аст. Хикмати Навруз ончунон кави аст,ки аз махдудаи мардумони форсизабон фаротар рафта ба як чашни фаромилли дар машрикзамин табдил шудааст. Ин дар холест, ки дар тули таърих бархурдхо бо ин чашни куханбунёд яксон набуда, хатто дар бархе макотеъ ин чашни гироми мавриди ситез ва номехрубони карор гирифта аст. Аммо вокеият ин аст, ки то замоне, ки бахор аст Навруз низ хаст. Ситеза бо Навруз ситеза бо бахор ва хикмати илохи аст, зеро ин хар ду аз хам чудо нестанд. Навруз акида нест, балки як вокеият аст, бинобарин хеч кас наметавонад вокеиятро инкор кунад. Рози мондагори Навруз низ аз хамин чо манша мегирад. Навруз чашни шуур аст ва забони шуур шеър аст, бинобарин шеъру шуур хамзоди хам хастанд. Хамчунон ки шеъро аз шуур наметавон чудо кард Навруз низ аз бахору табиат чудонопазир аст. Шояд дар тули таърих дар васфи хеч чашне мисли Бахору Навруз шеър ва хикмат насуруда бошанд. Таваччухи шоирон ба Навруз бесобика аст ва бахору Наврузро бидуни шеър наметавон тасаввур кард. Яке аз ойинхои кухани чашни Навруз таваччух ба шеъру шоири будааст. Дар китобхои таърихи ва адаби пеш аз хама аз хадияи подшохон ба шоирон сухан рафта, хадяе, ки бино бар расм барои сурудани касидахо ва мадехахои наврузи дода мешуд. Хадя ба шоирон дар чашни Навруз, ки ангеза ва василае барои сурудани шеър ва мадеха буд, дар вокеъ навъе хукуки мохона ва солонаи шоир ба шумор мерафт. Аз чумла Байхаки менависад: “ Рузи панчшанбе хаждахуми мохи чамодиюлохари, Амир (Султон Масъуд) ба чашни Навруз нишаст ва хадяхо бисёр оварда буданд ва таклиф бисёр рафт ва шеър шунуд аз шоирон, ки шодком буд ва фитрате наяфтод ва хилъат фармуд ва мутрибонро низ фармуд ва Масъудии шоирро шафоат карданд, сесад динор фармуд. Ин бахшищо гох ба андозае буд, ки метавонист шоиреро тавонгар созад.” Аз ин гуна киссахо дар торих фаровон аст, аммо ба далели бозгашт ба мавзуи аслии бахс аз накли онхо сарфи назар мекунем.

Устод Садруддин Айни бунёнгузори адабиёти муосири точик дар бораи баргузории чашни Навруз дар Точикистон ва Бухоро менависад: ...Ба сабаби аввали бахор дар вакти ба харакат даромадани рустанихо рост омадани ин ид, табиати инсон хам ба харакат меояд. Аз ин чост, ки точикон мегуянд: “ Хамал- хама чиз дар амал”. Дар хакикиат ин иди ба харакат омадани киштхои галла, дона ва огози сар шудани кишту кор ва дигар хосилоти замини аст, ки инсонро сер карда ва сабаби бакои хаёти у мешавад. Дар Бухоро Навруз иди миллии умуми форсизабонон аст, бисёр хурмат мекарданд. Хатто муллои дини ба ин ид, ки пеш аз исломият одати милли буда баъд аз мусалмон шудан хам мардум ин идро тарк накарда буданд, ранги дини- исломи дода аз вай фоида мебурданд

Мардуми точик ба чашни Навруз ишку алокаи хос дошта тахти хар шароите онро гироми доштаанд. Фолклори мардумони форсигуи Осиёи Миёна далели ошкори дилбастагии онон ба чашни Навруз аст. Дар ин фолклор шароити рухи ва равонии мардум дар карнхои мухталиф инъикос ёфтааст. Мардуми ин хитта бо шуруи фасли бахор бахусус айёми чашни Навруз сарфи назар аз масоил ва мушкилоти рузгори хеш бо сурудани шеъру таронахои дилошуб ба истикболи он рафта ба шодиву тараб мепардохтанд. Барои мисол ду намуна аз рубоиёти мардумиро бо хам мехонем

Навруз шуду лолаи хушранг баромад
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад
Мургони хаво чумла бикарданд парвоз
Мурги дили мо аз кафаси танг баромад Ё худ
Навруза ба навбахор кай мебинам
Гулхора ба шаш катор кай мебинам
Гулхора ба шаш катор дар фасли бахор
Дунёра ба як карор кай мебинам

Дар рубои ва дубайтихои мардуми Навруз ба маънои эхёи табиат, шукуфои, рахои аз сарди, сахти ва зулмати табиату зиндаги, айёми дигаргунии рухиву равони, умед ба ояндаи бехтар, фаро расидани фасли шодиву шодкоми ва тараб инъикос ёфтааст. Нуктаи чолиб дар таронахои мардуми ин аст, ки сарояндагон бо Навруз роз мегуянд ва бо у ниёйиш мекунанд

Дар як калом, бахор ва Навруз дар тули таърих манбаи илхоми мардуми точик буда фалсафаи офаринандагиро аз ин фасли хикматомуз меомухтанд ва алорагми хамаи сахтихои рузгори носозгор муковимат мекарданд ва ба ояндаи хеш хушбин буданд

Мутаассифона ин чашни бошукух ва боазамат дар даврони Шурави дар баробари дигар арзищои миллии точикон мамнуъ эълом шуд ва солхои дароз мардум аз гиромидошти ин чашни ниёгони хеш махрум буданд. Бо ин васф шоирони точик бо равищои гуногун ин шуру шавки фитриро хифз намуда ба мардум интикол медоданд. Хатто устод Мирзо Турсунзода аз шоирони пешкисвати низоми коммунистии Шурави, ки замоне гуфта буд

Кисти шоир? агар гуянд: гуям: Коммунист Хар нафас хар катра хун хар тори муям Коммунист

Дар чои дигар мегуяд

Бахор омад зи умрам боз як соли дигар бигзашт
Тамоми зиндаги охиста аз пеши назар бигзашт
Ба мисли гушту нохун ман хамеша бо Ватан будам
Агарчи нисфи умри бехтаринам дар сафар бигзашт

Дар ин пораи шеър устод Турсунзода талвехан ба Навруз ишора мекунад, зеро мардуми точик Наврузро ба таъбири дигар чашни “Сари сол” низ мегуянд. Гузашта аз ин муруре ба зиндагии гузаштаи хеш ва арзёбии дастоварду заъфхои инсон дар тули сол чузъи суннатхои Наврузи аст. Хамин тур дигар шоирон низ бо ишора ба бахор ба унвони “чашни мехнат” суннати гузаштагони худро бо шевахои мухталиф хифз мекарданд. Дар чилди панчуми Энсиклопедияи Советии точик дар бораи Навруз омадааст: “ Пас аз инкилоби кабири сусиёлистии Уктабр ин чашни кухан мазмуни нав пайдо кард. Наврхз дар замони мо ба иди огози нек, мехнат, иди назм, чавони ва дустии халкхо табдил ёфтааст.” Дар он замон дигар тамоми шаъну шукух ва суннатхои арзишманди ин чашни милли мамнуъ шуд ва аз он танхо ба унвони “ Иди мехнат” ё худ кор ёд мекарданд. Шоирони он замон низ ичборан тахти фишори идиулужии хоким ин гуна шеър месуруданд

Бахор шуд гули ман хез, азми сахро кун
Зи кафшу куртаи кори ту зебу оро кун

Ё ки

Бахор омад, бахор омад
Ба дехкон вакти кор омад
Амакчони троктурчи
Маро хамрох гири чи

Шоирони даврони Шурави, ки аз чумлаи мубаллигони пешгоми низом махсуб мешуданд дар фасли бахор мардумро бо ин гуна шеърхо ба кори колхоз ва чомеа ташфиф мекарданд

Дастаи колхозчиён
Чониби сахро равон
Чашма барин чуш зан
Гайрати пиру чавон

Яъне аз тамоми фалсафахои мавчуд дар бораи ин чашн танхо мавзуи “мехнат ва кор” кардан дар колхоз таблиг мешуд бидуни риояти дигар суннатхои волои Навруз. Аммо ба кавли Рустами Ваххоб Наврузро чи гуна мешавад нодида гирифт, рузи рушанро чи тур мешавад пинхон кард

Салом, эй покмарзи ранчбар
Эй механи Навруз
Ки хоки пои ту бар фарки навмеди
Чу он хоке, ки кухистониён бар санг мерезанд
Хазорон хушаи шодобро бар санг руёнад
Зи санг Аржанг руёнад
Туро кай метавон дар зулмати шабхо
Фуру печид
Туро кай метавон дар пои деви ноумеди
Сар фуруд овард
Дарахти бовари ту сар ба арши ростон дорад
Чахон аз хафтхони ту хазорон достон дорад

Баъди махкум шудани кеши Сталинпарасти дар Шурави ва боз шудани равзанаи кучаке барои озодии амал ва андеша аз солхои шастуми карни бист шоирони точик бо чуръати бештаре ба масоили милли ру оварданд, ки Навруз яке аз масъалахои бунёди дар нигариши ин чараёни чадид буд. Дар солхои шаст ба баъд низ чашни Навруз хамчунон мамнуъ буд, аммо ба далели нармтар шудани сиёсатхои режими коммунисти, шоирони точик дубора ба мавзуи Навруз ба унвони нахустунсури хуввияти миллии хеш ру оварданд. Равоншод Лоик Шерали мегуяд

Бахори гулфишон омад гули ман
Ба чу оби равон омад гули ман
Дили ман хамчу мургони фирори
Зи нав барошён омад гули ман

Ё худ

Навруз расид ёри дирузии ман
Як руз биё барои дилсузии ман
Гамхои ту кухнаанд, аммо имруз
Хуштар зи гами ту нест наврузии ман

Гулрухсор бонуи шеъри точик аз дигар шоирони ин хитта аст, ки ба мавзуи бахор ва Навруз таваччухи вижа зохир мекунад. Шеъри “ Набзи бахор” баёнгари авзои носозгори рузгори шоир бо Навруз аст

Суруши ишқ аз кайхон расида
Зи барқи шоди деви ғам расида
Туро, эй ғуссаи мероси падруд
Дуруд, эй сузи аз сармо расида

Сари хар сахра рақси майса гуёст
Таги хар санг чашми чашма биност
Агар Навруз ёри кухнаруз аст
Мухаббат рузии наврузии мост

Чу зиндонии озодии хешам
Бахорро бандиям кун, бандиям кун
Ба мисли хоку боду обу оташ
Бахорро, зиндаам кун, зиндаам кун

Ба хамин тартиб шоирони точик дар даврони Шурави бо шевахои мухталиф барои зинда нигох доштани арзишхо ва суннатхои ин чашни бошукух дар зехни мардум дар симои бахор он мафохимро хифз ва интиқол медоданд. Гуфтанист дар баробари дигар масоили сиёсиву ичтимои мавзуи тағйир дар шеваи чашни Навруз яке аз дархостхои чунбиши озодихохии точикон дар поёни даххаи хаштод ва авоили даххаи навади мелоди буд. Рушанфикрони точик бахси забон ва Наврузро ду рукни асоси ва мухим дар амри эхёи арзишхо ва бозгашт ба асолат ва хуввияти миллии хеш медонистанд. Бозор Собир шоири тасвиргарои точик дар шеъри “Бахор омад” мафохими наврузиро ин гуна ёддовар мешавад

Ба мижгон осмонро офтоб аз қуллахо бардошт
Шумо хам дилбарони осмоничашми раъноро
Ба мижгонхо бибардоред
Бахор омад, бахор омад, бахор омад
Ё бо дарахтон
Ё бо духтарон бошед

Парастухо
Хати парвозашонро дар хаво чун ришта печонда
Ту гуи сад гирехи танг мебанданд
Ки фардо ин хаворо бо чунин ёддошт
Дар ёд бояд дошт

Дар Бадахшони Точикистон суннате хануз хам чорист, ки баъди анчоми тамоми корхои омодаги ба Навруз дар рузи дувуми ин чашн бо риояи шароити хос хар ки аз хар касе чизе талаб кунад тараф ба эхтироми Навруз мулзам ба ичрои он дархост хохад буд. Яке аз шартхои дархост матрах кардани талаби хеш дар қолаби шеър аст. Бинобарин расм аст, ки бисёр чавонони ошиқ барои расидан ба муроди хеш талош мекарданд, ки махз дар хамин руз духтари дустдоштаи худро аз падару модари духтар талаб намоянд. Ато Мирхоча шоири хушзавқ ин суннати бадахширо дар як рубои хеле зебо ба тасвир кашидааст

Навруз шуду базму тараб хохам кард
Бингар ки чи сон кори ачаб хохам кард
Мардум зи худо умри дароз металабанд
Ман аз падарат туро талаб хохам кард

Ато дар ғазали дигаре низ холу хавои наврузиро бисёр чаззоб ба баён кардааст

Мекунад бозори маъшуқон пур аз савдо бахор
Сиккаи гул мезанад бар тангаи сахро бахор
Мезанад борону муи дилбарам тар мешавад
Медамад бар тор- тори муи у садхо бахор
Омаду барқе заду хокистарамро бод кард
Хамчу ишқи аввалин бигзашт бепарво бахор
Гарчи танхойи, махур ғам то шукуфтан дур нест
Дар миёни чор мавсим бишкуфад танхо бахор
Аз тарозуи шабу рузи хаётам мезани
Кай баробар мекунад рузу шаби моро бахор

Бахор дар ашъори шоирони точик фасли ишқу ошиқи, рахои аз ғаму ғусса ва фурсати дигаре барои шуруи зиндагии шодобу саршор аз мухаббат аст. Шоирон низ дар пайрави аз суннати неки наврузи зимни мурур ба гузаштаи пуршебу фарози хеш бо дуову ниёйиш мухотаби худро ба ояндаи сарсабз ва офтоби ташвиқ мекунанд. Фарзона ин мафохимро ба мухотаби хеш ин гуна мунтақил мекунад

Бирез нури муборак, рез
Аз офтоби навозанда
Ки пур шавад зи тулуи себ
Фазои боғи шакарханда

Чи лаззатест зи атри гул
Нафас кашидану болидан
Вучуди зехзадаи худро
Дар офтоб биполидан

Чи лаззатест дили худро
Ба кучахои чунун бурдан
Ба шохи авч фаро рафтан
Зи себи сурхи шафақ хурдан

Чи шодиаст, ки дар рагхом
Шабехи хун ғалаён дорад
Дилам чу зохиди хилватшин
Чи хойу хуи нихон дорад

Бирез нури муборак, рез
Эй офтоби навозанда
Ки ишқ варзаму чон бозам
Дар ин бахори барозанда

Билохира нур бар торики пируз гардид ва Навруз аз зиндони идиулужии коммунисти низ пирузмандона рахо шуд ва имруз точикхо бидуни хеч монеае ба истиқболи чашни бошукухи миллии хеш Навруз мераванд. Холо Навруз дар Точикистон дар сатхи давлати ва хеле густурда тачлил мешавад. Охир Навруз барои мо бегона нест ва ин чо низ хостгох ва зодгохи Навруз аст. Ба қавли аллома Иқбол “ он чи будасту набояд зи миён хохад рафт, он чи боясту набудаст хамон хохад буд”. Рустами Ваххоб “шоири такбайтхои дурахшон” дар мавриди монои ва пойдории Навруз чунин месарояд

Бар ин хоки кухан
То осмон барпост
То хуршед метобад
Зари ноби дари чорист чун дарё
Зи нури руйи инсон ойина саршор мегардад
Муаззин бо садои булбулон бедор мегардад
Хилоли мох дар хар чашмае чун мохии тиллост
Шакарнам метаровад аз насими шукр дар шабгир
Сахар хоби ту бо бишкуфтани гул мешавад таъбир
Дар ин чо сурмаи шаб рушании дидаи руз аст
Ба хар ойин, ки хохи
Точикистон
Механи човиди Навруз аст