НАВРӮЗИ 2012: АЗ НАВОВАРӢ ТО ШИКАСТУ РЕХТИ «СИТОРАҲО»

Наврӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзу ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад. Наврӯз бо фарорасии баҳор кулбаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад.
Дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор менамояд, вале ин ҷашни зебои сол дар дили ки чӣ гуна нақше аз худ гузоштааст, ба мо аён нест. Пас пурсон мешавем:

Хайринисо Ватанова: –Мардуми мо Наврӯзро дар давоми асрҳо чун муждаи эҳёи табиат, бедории замин ва коштани нахустин донаҳои умед ба он азизу гиромӣ медоранд ва онро ба дуои хайру орзуҳои нек ва нақшаҳои ободгариву созандагӣ пешвоз мегиранд. Аз Наврӯзҳои пешина хотираҳоям зиёданд, аммо Наврӯзи соли 2008 хеле хотирмон аст, зеро сарвари мамлакат дар вохӯрӣ бо зиёиён, ки дар арафаи Наврӯз баргузор шуд, номи маро барои бо забони тоҷикӣ равон ҳарф заданам, бо некӣ ва меҳру ихлос ёдовар шуданд.

То умр дорам он ҳарфҳои самимиро фаромӯш намекунам. Наврӯзи ҳамонсолаи ман ду ҳафта давом кард, чунки дигар тамоми воситаҳои ахбори омма маро мекофтанду сӯҳбатҳо мекарданд ва ба чандин ҷашну маъракаҳо даъват мекарданд. Таваҷҷӯҳи Ҷаноби Олӣ дигаронро ҳушдор дод. Дар тамоми фаъолияти ҳунариам ин хеле як воқеаи фараҳбахшу гуворою хотирмон аст.

Валиҷон Азизов: –Давоми фаъолияти начандон тӯлонии ҳунариам аз Наврӯзҳои пешин хотираҳои неку хотирмон зиёданд. Албатта ин фасли баҳор аст ва айёми ишқу зебоӣ, дар қалби ҳамаи ҷавонон дар ин фасл ишқ лона мегузорад. Ба ёд оварданаш фараҳбахшу гуворост. Умед дорам, ки Наврӯзи имсола низ бо қадами мубораки хеш ба мардумони дунё муждаҳои тоза меорад. Барои ман иштирок дар Фестивали байналмилалии «Дӯстии халқҳо», ки дар шаҳри Маскав бахшида ба таҷлили иди Наврӯзи байналмилал баргузор мегардад, муждаи тозаи баҳор ва боиси ифтихор аст. аминам, ки ин яке аз хотирмонтарин Наврӯзи зиндагиам хоҳад шуд.

Ҷонибек Муродов: –Ин иди некиву покизагӣ бо нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозад, меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар қалби ҳар яки мо меангезад, аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки бо падари бузургворам Ҷӯрабек Муродов имсол дар вилояти Суғд консертҳои наврӯзии хайриявӣ баргузор намоем.

Аз Наврӯзҳои пешин хотираҳои фаромӯшношуданӣ хеле зиёданд, аммо соли гузашта иштирок дар консерти калони бахшида ба рӯзи кушодашавии ширкати мобилии TCELL дар вилояти Суғд, истиқболи гарми мардуми фарҳангдӯст ва чашидани нуқлу навои омоданамудаи кадбонуҳои хуҷандӣ, аз қабили суманак, ки дар ин айём рост омада буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.

Фирӯза Ҳафизова: -Наврӯз ҷашни миллии мо, тоҷикон аст ва фикр мекунам, ки ҳар тоҷикистонӣ ин идро дӯст медорад ва онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд. Аслан ҳар сол Наврӯз дар ҳаётам бо як дигаргунӣ ё худ навигарӣ нақш мебандад, аммо Наврӯзи соли 2008- умро ҳаргиз аз хотир намебарорам. Тавре ба ҳамагон маълум аст, банда пештар ҳамчун раққоса фаъолият доштам ва аввалин таронаам дар рӯзҳои наврӯзии соли 2008 бо унвони «Бачаи фархорӣ» пешкаши мардум гардид ва халк маро ҳамчун сароянда зуд қабул карданд.

Яъне ба наздикӣ аз фаъолияти сарояндагиам се сол пур мешавад. Баъдан даъват ба барномаи консертие, ки рӯзи 21 – уми марти соли ҷорӣ бахшида ба иди Наврӯз дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор мегардад, бароям хабари хуш аст. Аз даъвати нафароне, ки ҳамин консертро баргузор мекунанд, дар оғози баҳор шод гаштам ва иншооллоҳ наврӯзи имсола ҳам бо хабарҳои тозаи хеш бароям хотирмон хохад гашт.

Сурайё Қосимова: -Аслан Наврӯз – рӯзи нав аст. Ин иди аҷдодиамон бо омаданаш ҳар яки моро шод мегардонад. Баробари фаро расидани фасли баҳор ва Наврӯзи оламафрӯз табиати мо ранги дигар мегирад, яъне ҷомаи сабз ба бар мекунад, дарахтон гул мекунанд, гулҳо мешукуфанд, хулоса, зебоӣ дар ин фасл ҳукмфармо аст. Рости гапро гӯям, ҳар сол аз омадани ин ид, ки Соли нави мо, тоҷикон аст, шод мешудам, ба пешвозаш омодагӣ медидам, вале имсол… Пас аз ин қадар шикасту рехт дигар намедонам, ки кай Наврӯз асту кай кадом иди дигар…

Шабнами Тоҷиддин: -Ҳарчанд мо Соли навро гарм истиқбол мегирему бо як омодагии махсус онро таҷлил менамоем, вале он иди мо, тоҷикон нест, Наврӯз аст Соли нави мо. Наврӯзро хеле зиёд дӯст медорам ва омаданашро бесаброна интизорӣ мекашам. Ҳар сол ба истиқболи ин ҷашни миллӣ омодагӣ мебинам, дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкар варзида, бо пешниҳоди таронаҳои нав ба мардум рӯҳу илҳоми тоза мебахшам, хулоса, ҳар сол Наврӯз бароям хотирмон мегузарад.