Навруз - иди Баҳор
Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Узбекистон бо руҳи сиёси доир карда мешавад. Холо дар Узбекистон ибораи «узбекони бостони» садо медиҳад ва дар миёни аҳли илм низ акидае чо дорад, ки гуё мардуми узбек қабл аз одамато ва момохаво пайдо шуда бошад. Ва дар демукросии имрузаи Узбекистон чунин ақида роич аст. Навруз дар Узбекистон бо номи «Навруз байрами» ба таври расми хар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Зеро Самарканд, Бухоро ва Фаргона аз манотики тоҷикнишини Узбекистон маҳсуб мешаванд ва то хол сунан ва ойинхои Наврузи дар миёни сокинони ин манотик то андозае ҳифз шудааст. Ҳоло ки дар шаҳрҳои маркази, Самарқанд, Бухоро, Насаф, Кеш, Китоб, Термиз, Дехнав, ки мардуми тоҷик аз кадимулайём сукунат доранд ва мардуми тахчоии ин манотик тоҷик ҳастанд, анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми узбек низ бо чунин расм аз наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотики мухталифи Узбeкистон газои наврузи - саману ё суманак, омода карда мешавад ки мардуми ин кишвар сумалак мегуянд. Сумалак рамзи абадият аст.»