Оши мурод ва қошуқзанӣ
Ғайр аз оше, ки ба унвони хӯроки чаҳоршанбесурӣ дар хонаҳо мепазанд, дар бештари манотиқи Эрон мардуме, ки муроде ва орзуе доранд, ош мепазанд. Агар барои рафъи бало ва дафъи нохушӣ бошад, «оши имом Зайналобиддин» ё «оши Абӯдардо» номида мешавад. Донаҳо ва маводи аввалияи ошро аз роҳи қошуқзанй гирд меоваранд. Бад-ин гуна, ки занон ё ҷавонони чодаре бар cap меандозанд ва бо як қошуқ ва як коса ба дари хонаҳо мераванд ва бе онки сухане бигӯянд, бо қошуқ ба коса мезананд, то соҳибхона чизе ба онҳо бидиҳад. Хуросониҳо ба ҷои қошуқу коса, ки дар ҳама ҷои Эрон маъмул аст, малофа бармедоранд ва онро ба дари хонаҳо мекӯбанд. Зани хона малофаро мегирад ва чизе дар он мерезад. Аммо агар дар он хона бемор ё мусофире бошад, ба касе, ки барои қошуқзанй омадааст, чизе намедиҳанд, зеро мӯътақиданд, ки барои мусофир худашон бадюмн хоҳад буд ва инро бо ҷавоби «нохуш дорем» ё «сафарӣ дорем» мефаҳмонанд.
Қошуқзанӣ барои чавонон бештар ҷанбаи тафаннун ва бозӣ дорад ва он чи ки медиҳанд, оҷилу хурокӣ аст. Аммо занон барои муродхоҳӣ ба ин кор мепардозанд ва галлот ё пул мегиранд. Донаҳоро дар оташ мерезанд ва бо пул низ он чиро, ки барои ош лозим аст, мехаранд. Касе, ки ба қошуқзанӣ меояд, набояд рӯ бикушояд ва сукутро бишканад, вагарна бадюмну бадфол аст.
Ҷамъоварии маводи аввалия барои муродхоҳӣ дар баъзе мунотиқ лавни дигаре меёбад, чунонки дар Лориҷон духтарони дамибахт кисае медӯзанд ва ба масҷид мераванд. Мардум дар он киса пул мерезанд, духтар бо он пул порча мехарад ва онро медӯзад, ки бахташ боз шавад. Ин либосро «пироҳани мурод» гӯянд.