Навруз муборак!
  • Хуш омадед!


    Ҳамватанони азиз! Наврӯзи фархундапай ба пайёмҳои нек ва қадамҳои хуҷаста фаро серасад. Ин ҷашни аҷдодии мо ки рамзи муҳаббату зебоӣ, сафову поки ва саховату некист , имрӯз дар саросари ҷаҳон , бахусус дар Тоҷикстони азиз , ки Ватани Нарвӯз аст бо истиқболи густурда ва шукуҳи тоза таҷлил мегардад. Моҳи майи соли 2009 бузургтарин ташкилоти байналмилали фарҳанги ,ЮНЕСКО Наврӯзро ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон шомил намуд ва соли 2010 бошад бо эҳтимоми бевоситаи Сарвари Давлат,бо пешниҳоди Тоҷикистон Созмони Миллали Мутаҳид Наврӯзро ҷашни байналмилал эълон намуд , ки аз нуфузу эътибор ва арзиши Ҷаҳонии он далолат менамояд. Аз ин ру , мо бояд ин ҷашни муқаддасро бо ҳисси ифтихор ва шукуҳи хосса таҷлил намоем. Боиси хурсандӣ ва басо рамзист , ки имсол Тоҷикистон соҳибистиклол рисолати нахустмизбони ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба зимма гирифт дари худро ба рӯи дустон ва меҳмонон боз намудааст ва дафъатан собит менамояд , ки миллати куҳанбунёди мо ба суннатҳои санияи худ ки аз дӯстиву рафоқат ва сулҳу ваҳдати ҳамагонӣ нашъа мегиран , содиқ буда тарғибгари бузургтарини арзишҳои башарист. ҳамватанон ва ҳамсафони арҶуманд ! НаврӮзи оламшумул моро ба он ҳидоят менамояд ки РӮзи Нав ва Соли Навро бо ниятҳои неку созанда мағфирату бахшиш пешвоз гирем , замири худ манзилу маъвои худро аз кудурату олоиши пок созем . Даста Ҷамъона ба он бикӮшем , ки Ватани азизро бозҳам ободу зебо гардонида , дар радифи кишварҳои пешрафта ва мута мурадифи кишварҳои пешрафта ва мутараҚҚии Ҷаҳон карор диҳем . Бо ниятҳои нек ва сидку арҶгузорӢ ҳар яки Шуморо ба Ҷашни фархундаи НаврӮз табрик намуда , бароятон рӮзгори осуда, файзу баракат саодату сарбаландӢ таманно дорем. Нафаси тоза ва Ҷонбахши Навруз ба Шумо меборак бод!
    Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форсу тоҷик мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳнома, ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро наврӯз номиданд. Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд, Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд. Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоётҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълом кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишӣ низ баргузор мешудааст. Замони Дорои якум, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта дар сангнабиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишиҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоёт, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шуда аст. Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Масалан Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» овардааст, ки «чун ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз куҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд. Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти овардашуда аз осори Абурайҳон Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки - ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.



    НаврӮз Ҷаҳони Шуд
    Эй чашма, биҶӮ роҳе , айёми равонӢ шуд,
    Эй руд , дигар даври дар хеш намони шуд .
    Эй олами пир, аз нав даврони Ҷавони шуд!
    Эй тозаҶаҳони дил , НаврӮз Ҷаҳони шуд!

    Сабзида дили саҳро , сабзида дили кас ҳам ,
    Хори дили мо гул кард, сарсабз бишуд хас ҳам
    Олам ҳама шуд дилҶӮ , одам ҳама дилрас ҳам
    Эй тозаҶахони дил , НаврӮз Ҷаҳони шуд !
    Аз нури чароғи дил ҳар чашм дурахшон аст,
    Аз Ҷушу хуруши дил ҳар чашм хурушон аст,
    Аз боғу баҳори дил ҳар гуша гулафшон аст ,
    Эй тозаҶаҳони дил, НаврӮз Ҷаҳони шуд!

    Дар гуши дил аст имрӮз акси сухани НаврӮз,
    Ёрони куҳан Ҷамъанд дар анҶумани НаврӮз,
    НаврӮз ватан карда андар Ватани НаврӮз,
    Эй тозаҶаҳони дил, НаврӮз Ҷаҳони шуд!

  • Таърих

    Дар рисолаи «Наврӯзнома» нисбат дода ба Умари Хайём низ ба ҳамин нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем. Дар ин китоб, ки баён карда омад, дар кашфи ҳақиқати Наврӯз, ки ба наздики мулки Аҷам кадом рӯз будаасту кадом подшоҳ ниҳода аст ва чаро бузург доштаанд онро ва дигар оини подшоҳон ва сирати эшон дар ҳар коре мухтасар карда. Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд. Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарси аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳи биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном диҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омада. Мубадон гирд карда ва бифармуд, ки таърих аз он ҷо оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд. Ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни рӯзгор буданд, ки Эзиди таборак ва таоло дувоздаҳ фаришта офаридааст: аз ин чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ба ҳар чи андар ӯст, аз аҳриманон нигоҳ доранд; ва чаҳор фариштаро бар чаҳор гӯшаи ҷаҳон гумоштааст, то аҳриманонро гузар надиҳанд, ки аз куҳи Қоф баргузаранд. Ва чунин ки чаҳор фаришта дар осмонҳо ва заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дур медоранд аз халоиқ. Ва чунин мегӯянд, ки ин ҷаҳон андар миёни он ҷаҳон чун хонаест нав, андар сарои куҳан бар оварда. Ва Эзиди таоло Офтобро аз нур биёфарид ва осмонҳову заминҳоро бад-у парвариш дод. Ва ҷаҳониён чашм бар вай доранд, ки нурест аз нурҳои Эзиди таоло ва андар вай ба ҷалолу таъзим нигаранд, ки дар офариниши вай Эзиди таолоро иноят беш аз дигарон будааст. Ва гӯянд мисоли он чунон аст, ки малики бузург ишорат кунад ба хилофате ба хулафои хеш, ки ӯро бузург доранд ва ҳаққи ҳунари вай бидонанд, ки ҳар ки варо бузург доштааст, маликро бузург дошта бошад. Ва гӯянд, чун Эзиди таборак ва таоло бад-он ҳангом, ки фармон фиристод, ки (Офтоб) суббот баргирад, то тобиш ва манфиати ӯ ба ҳама чизҳо бирасид. Офтоб аз сари Ҳамал бирафту осмон ӯро баргардонид ва торикӣ аз рӯшноӣ ҷудо гашту шабу рӯз падидор шуд. Ва он оғозе шуд мар таърихи ин ҷаҳонро. Пас аз он ба ҳазору чаҳорсаду шасту як сол ба ҳамон рӯз бозрасид. Ва он муддат ҳафтоду се бор қирони Кайвон ва Урмузд бошад, ки онро «қирони асғарӣ» хонанд ва ин қирон ҳар бист сол бошад. Ва ҳар гоҳ ки Офтоб давраи хештан сипари кунаду бад-ин ҷой бирасад ва Зуҳал ва Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки ҳубути (фаромадани) Зуҳал андар ӯст, қирон бувад бо муқобили ин бурҷи Мизон, Зуҳал андар ӯст, ки давр ин ҷо ва як давр он ҷо бад-ин тартиб, ки ёд карда омаду ҷойгоҳи кавокиб намуда шуд. Чунон ки Офтоб аз сари ҳамал равон шуду Зуҳалу Муштари бо дигар кавокиб он ҷо буданд, бо фармони Эзиди таоло олам дигаргун гашт. Чизҳои нав падид омад, монанди он, ки дархурди олам ва гардиш буд. Чун он вақтро дарёфтанд, маликони Аҷам аз баҳри бузургдошт Офтобро аз баҳри он, ки ҳар кас ин рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд. Ва чунин гӯянд, ки Каюмарс ин рӯзро оғози таърих кард. Ва чун як даври Офтоб бигашт, солро дар муддати сесаду шаступанҷ рӯз ба дувоздаҳ қисмат кард, хар бахше си рӯз. Ва ҳар якеро аз он номе ниҳоду ба фаришта бозбаст аз он дувоздаҳ фаришта, Эзиди таборак ва таоло эшонро бар олам гумоштааст. Пас, он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шаступанҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯзӣ аст, «соле бузург» ном кард ва ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузургу нав гаштани аҳволи олам бошад. Ва бар подшоҳон воҷиб аст оин ва расми мулук ба ҷой овардан аз баҳри муборак ва аз баҳри таърихро ва хуррамӣ кардан ба аввали сол ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад. Ва ин таҷрибаи ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд. Пас, Каюмарс ин муддатро бад-ин гуна ба дувоздаҳ бахш карду ибтидои таърих падид кард. Пас, он оин то ба рӯзгори Искандари Румӣ, ки ӯро «Зулқарнайн» хонданд, бимонд. Ва то он муддат кабиса накарда буданд ва мардумон ҳам бар он мерафтанд то бар рӯзгори Ардашери Бобакон, ки ӯ кабиса карду ҷашн бузург дошт ва аҳднома бинвишт ва он рӯзро «Наврӯз» бихонд. Ва ҳам бар он оин мерафтанд то ба рӯзгори Нуширвони Одил. Чун Айвони Мадоин тамом гашт, Наврӯз кард ва расми ҷашн ба ҷо овард, чунон ки оини эшон буд. Аммо кабиса накард ва гуфт:«Ин оин баҷо монад, то ба сари давр, ки Офтоб ба сари Саратон ояд, то он ишорат ки Каюмарс ва ҷамшед карданд аз миён бархезад». Ин бигуфт ва дигар кабиса накард, то рӯзгори Маъмуни халифа. ӯ бифармуд, то расад бикарданд. Ва ҳар соле, ки Офтоб ба Ҳамал омад, Наврӯз ид фармуд кардан. Дар бораи ба вақти мизони баҳор овардани иди Наврӯз дар замони хилофати араб кӯшишҳои зиёде карданд ва оқибат ба вақти таърихии худ баргардониданд. Танҳо соли 392 ҳиҷрӣ-қамарӣ дар натиҷаи ҳар чаҳор сол якрӯзӣ ақиб мондан ба аввали ҳамал расид. Аз ин китобҳои таърихӣ, яъне «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия», «Ал-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромӣ дошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма, табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард. Дар рӯзи шашум, шоҳ ҳаққи табақоти гуногуни мардумро адо карда буд ва дар ин рӯз, танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Рӯзи аввали фарвардинмоҳ шоҳон ба тахт дар сар тоҷи ҳафтситорадор менишастаанду тӯли панҷ рӯз мардумро қабул мекардаанд, ҳоҷати онҳоро мебаровардаанд ва ҳадяҳо мебахшиданд. Нахустин кассе, ки барои подшоҳ меомад, мубади мубадон ва пас аз он дигарон, ҳар кадом дар гурӯҳи пешаи худ, пеш меомад ва раҳовард пешкаш мекарданд. Рӯзи шашум, Наврӯзи Бузург буд ва хонадони шоҳӣ ва дарбориён бор меёфтанд. ҷашни Наврӯз, ки дар гузашта баргузор мешуд, ҳамин панҷ рӯзро дар бар мегирифт. Дар ин маврид Хоҷа ҳофиз дар ишораи сарбастае, ба таъбири худаш «дар парда» вобаста ба ин расм мегӯяд: Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой, Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ. Мувофиқи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ дар аҳди шоҳони Сосонӣ фарвардинмоҳ ба шаш бахш тақсим шуда, чун моҳи Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст: панҷ рӯзи аввалро подшоҳон бо ашрофони худ, панҷ рӯзи дуюмро ба бахшидани ҳадяҳо, панҷ рӯзи сеюмро шоҳ бо хизматгузорони худ, панҷ рӯзи чаҳорумро бо одамони хосу наздиктаринаш, панҷ рӯзи панҷумро бо лашкариёнаш ва панҷ рӯзи боқимондаро бо омма ҷашн мегирифтааст. Дар ин рӯз ғайр аз шахсоне, ки худи подшоҳ мехост, каси дигар ҳуқуқи дар маҷлиси ӯ иштирок намуданро надошт. Дар тамоми рӯзҳои наврӯзӣ навозандагон ва сарояндагони хоси дарбор дар хизмат буданд, ки ин ҳам як суннати таҷлили Наврӯз дар он давраҳо ба шумор мерафт. Инчунин об пошидан ба ҳамдигар яке аз анъанаҳои иди Наврӯзи даврони гузашта будааст, то кишвар сероб бошаду соли пешомад файзбор. Аввалин шоҳе ки Наврӯзи омма ва хосаро бо ҳам омехта рӯзи мобайни онро рӯзи ҷашн эълон кард, шоҳи Сосонӣ Ҳурмузд-писари Шопур(соли ҳукмрониаш 272-274) будааст… Замони давлатдории хулафои Умавӣ (661-750) бо мақсади дар байни халқ пайдо намудани обрӯ ва афзудани даромади хилофат ба гузаронидани иди Наврӯз иҷозат доданд. Дар замони Аббосиён низ бо мақсади пазириши ҳадоёи мардумӣ, аз Наврӯз истиқбол мегирифтанд. Бо рӯи кор омадани Сомониён ва Оли Бувайҳ, ҷашни Наврӯз бо густурдагии бештаре баргузор шуд.





  • Ҷашн гирӣ



    Наврӯз дар Узбекистон


    Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Узбекистон бо руҳи сиёси доир карда мешавад. Холо дар Узбекистон ибораи «узбекони бостони» садо медиҳад ва дар миёни аҳли илм низ акидае чо дорад, ки гуё мардуми узбек қабл аз одамато ва момохаво пайдо шуда бошад. Ва дар демукросии имрузаи Узбекистон чунин ақида роич аст. Навруз дар Узбекистон бо номи «Навруз байрами» ба таври расми хар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Зеро Самарканд, Бухоро ва Фаргона аз манотики тоҷикнишини Узбекистон маҳсуб мешаванд ва то хол сунан ва ойинхои Наврузи дар миёни сокинони ин манотик то андозае ҳифз шудааст. Ҳоло ки дар шаҳрҳои маркази, Самарқанд, Бухоро, Насаф, Кеш, Китоб, Термиз, Дехнав, ки мардуми тоҷик аз кадимулайём сукунат доранд ва мардуми тахчоии ин манотик тоҷик ҳастанд, анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми узбек низ бо чунин расм аз наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотики мухталифи Узбeкистон газои наврузи - саману ё суманак, омода карда мешавад ки мардуми ин кишвар сумалак мегуянд. Сумалак рамзи абадият аст.»

    Наврӯз дар Туркманистон


    Наврӯз дар Туркманистон, дар муқоиса бо кишварҳои дигари туркзабони минтақаи Осиёи Маркази ба таври густардатар таҷлил мегардад. Давлати Туркманистон рузҳои 20, 21 ва 22 мартро ба унвони таҷлил аз Наврӯз ё ба истилоҳ «Наврӯз байрам» эълом кардааст. Дар канори оростани суфраи наврӯзи, баргузории мусобикаи ҷовандози ё бузкаши, аз вижагиҳои ҷашни Наврӯзи Туркманистон махсуб мешавад.

    Наврӯз дар Қирғизистон ва Қазоқистон


    Дар Киргизистон ва Казокистон, ду кишвари дигари мантакаи Осиёи Маркази низ Навруз дар сатхи давлат тачлил мешавад. Дар Казокистон Навруз иди бахор ва эхёи табиат дониста шуда ва расман чун«Навруз майрамъ» ба таърихи 22 март чашн гирифта мешавад. Казокхо дар ин руз дар канори ширкат дар барномахои фарханги ва тафрехи ба шинондани дарахтону гулхо ва ободу зебо кардани манозил ва махаллоти маскунии худ машгул мешаванд. Зеро тачлили Навруз дар манзили тамиз ва ороста аз ойинхои мардуми казок унвон шудааст. Аммо киргизхо дар канори маросими сайру гашти идона дар рузи Навруз ойини миллии худ «Манасхони» - ро ичро мекунанд. «Навруз дар Киргизистон 21 март тачлил мешавад. Чашни Навруз дар Киргизистон тафовути зиёде аз дигар кишвархо надорад. Киргизхо либосхои идона ба бар карда ва хазорхо тан дар майдони марказии шахри Бишкек гирди хам меоянд ва Наврузро тачлил мекунанд. Дар хар шахру мантакаи Киргизистон маросими «Манасхони» бо ширкати чавонон ва бузургсолон баргузор мешавад. «Манас» аз достонхои таърихи ва бостони ва машхури дунё махсуб мешавад.» Дар хамин хол бештари мухаккикон ва пажухишгарони ойинхои Наврузи муътакиданд, ки бо таваччух ба густариши чашмгири тачлили Навруз дар манотики мухталифи чахон дар дахсолахои баъди ин чашни милли ва таърихи метавонад хусусияти башариро касб кунад. Зеро хамакнун Навруз дар бештари кишвархои чахон, ба хусус кишвархои мусалмонии дунё бо шукуху шахомати хоса чашн гирифта мешавад.

  • Анъанаҳои наврӯзӣ

    7 - СИН




    Санҷид


    Санҷид

    Меваи хуштамъ. Пӯсташ сурхи зардчатоб, мағзаш ордакдори ширин, то 64% канд, 10% сафеда, 1,3% ҷавҳар, то 200м/г витамини С дорад. Гулаш бағоят хушбӯй, дорои алкалоид, сершаҳд ва дорои равғани эфир аст. Барои табобати меъда, рӯда ва газаки рагҳои нафас истифода мешавад.



    Сабзи


    Сабзӣ

    Сабзавоти полезӣ, барои инсон фоидаовар. Аз ҷиҳати витаминҳо бой аст. Бахусус, витаминҳои В, РР, С, Е ва К. Дар таъомҳои гуногун истифода бурда мешавад. Инунин, дар шакли тару тозаи табиӣ истеъмол карда мешавад, ки аз нафъ орӣ нест.




    Сирпиёз

    Сирпиёз

    Рустании табобатӣ буда, дар таркибаш витамини В, С дорад. Дар Чини кадим аз сирпиёз ғизое тайёр мекардаанд, ки онро ҷавҳари ҷавонӣ меномиданд. Олимони амрикоӣ исбот намудаанд, ки истеъмоли сирпиёз метавонад садди роҳи сарзадани бемории саратон гардад.




    Суманак


    Суманак

    Сабзаи наврустаи гандум. Рамзи Наврӯз. Таркибаш аз сафеда ва rанд бой. Ширааш серғизо. Аз ин шира хӯрданӣ мепазанд, ки суманак ном дорад. Суманак тандурӣ ва дегӣ мешавад. Пухтани суманаки дегӣ вакти зиёдеро талаб мекунад. Аз лаззати суманак баракати солро муайян мекунанд.



    Себ


    Себ

    Меваи маъмул, сероб, хушгувор, ширин, таркибаш аз витаминҳои В, С бой аст. Иштиҳоовар. Хунро тоза ва зиёд месозад. Зеби ҳар дастурхон аст. Навъҳои суманӣ, пешпазак, шакарак, турушак, крепсон, антонӣ, аштархон ва ғайра дорад. Аз он мураббо ва шарбат низ тайёр мекунанд.



    Самбӯса


    Самбӯса

    Хӯроки миллӣ. Аз орди гандум, пиёз, киммаи гушт, зира ва алафҳои баҳорӣ тайёр карда мешавад. Самбӯса дар танӯрӣ ва тафдонӣ мешавад. Бисёр хуштамъу лазиз аст. Дар арафаи Наврӯз ва рӯзҳои баҳорӣ самбӯсаи алафиро бисёртар



    Сипанд


    Сипанд

    Рустании доруворӣ. Барои амрози рӯҳ, калб ва меъда истифода мешавад. Бӯи хуш дорад. Зидди зуком. Дар аҳди кадим ба оташ меандохтанд, то бӯи хуш диҳад. Барои радди кувваҳои нопок онро дуд мекунанд. Ёдгоре аз оини зардуштист.



  • Анъанаҳои наврӯзӣ

    7 - ШИН




    Ширбирин?


    Ширбиринҷ

    Ширбиринҷ Таъоми милл. Аз шир, биринx, об, намак ва равuан тайёр карда мешавад. Бисёртар ҳамчун хӯроки субкона истеъмол карда мешавад. Ниёгони мо ширбиринxро ҳамчун хӯроки пайғамбарон дониста, онро дар маъракаҳо пешкаши мардум мегардониданд. Ин таъом аз витаминҳои А В С бой буда, истеъмоли он барои организми инсон фоидаовар аст.



    Шиннӣ(Ширинӣ)


    Шиннӣ(Ширинӣ)

    Шиннӣ. (Ширинӣ) Шакари моеъ. Аз тут, ангур, харбуза ва тарбуз бо роҳи ҷӯшонидан тайёр карда мешавад. Нисбати шарбат ғафстар буда, барои рафъи хунукии роҳҳои нафас истифода мешавад.




    Шарбат

    Шарбат

    Ширинии равон, афшураи мева: анор, себ, зардолу, олболу ва ғ. Кувватдиҳандаи дил ва акл, фараҳбахшандаи рӯҳ, шиканандаи ташнагӣ. Дорои витаминҳои А, В, С, Д, Е мебошад.




    Шамъ


    Шамъ

    Ёдгоре аз оташи зардуштӣ. Рамзи шодиву хуррамӣ, шикасти зулмот ва равшаниву зиё. Нур медиҳад. Месӯзад, ба дигарон фурӯғ мебахшад. Нишонаи офтоб, меҳру муҳаббат, бахт ва дилгармӣ. Ёдгоре аз оташи зардуштӣ. Рамзи шодиву хуррамӣ, шикасти зулмот ва равшаниву зиё. Нур медиҳад. Месӯзад, ба дигарон фурӯғ мебахшад. Нишонаи офтоб, меҳру муҳаббат, бахт ва дилгармӣ.



    Шир


    Шир

    Нахустин ғизо барои одамӣ ва ҳайвонот. Аз об ва сафеда иборат аст. Дар таркибаш витаминҳои А, В, С, Д, К дорад. Зуд ҳазм мешавад. Таъми тамоми ғизоҳоро ба шир нисбат медиҳанд, яъне ширин. Беҳтарин шир шири гавазн ба ҳисоб меравад, ки аз 63,3% об, 22,5% равған, 10,3% сафеда ва36,7% маводи дигар иборат аст. Шири гов дар таркиби худ 87,3% об, 3,8% равған, 3,2% қанд дорад.



    Шакар


    Шакар

    Маводи ғизои хуштамъ аст. Ба инсон кувват медиҳад. Дар таркиби нон, картошка, меваву сабзавот мавҷуд аст. Номҳои гуногун дорад: дар шир -лактоза, дар ангур – глюкоза, дар дигар меваҷот-фруктоза ва дар лаблабуву найшакар-сахароза. Ба ривояте шакар бори аввал дар аҳди шоҳ Ҷамшед аз найшакар ҳосил карда шудааст.



    Шибит


    Шибит

    Занад сар аз замин дар навбахорон,
    Хама нафъ оварад ба чисми инсон .
    Бувад хуштаъм,хам хушхазму хушбуй
    Барои боди ишкам беназир аст
    Ба кам хуни шибит дармонпазир аст
  • Тамос бо мо

    Contact form submitted!
    We will be in touch soon.
    Ном:
    Email:
    Дархост:
    Телефон: +992 919132040;
    E-mail: fira_63@bk.ru