Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
Галерея
   Аксҳо
    Наворҳо
  Савтҳо
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

СИЛСИЛАИ КӮҲИ ҲИСОР




Дидаӣ манзараи силсилаи кӯҳи Ҳисор,


Нуқрагун шаршараи силсилаи кӯҳи Ҳисор,


Рӯдҳои дараи силсилаи кӯҳи Ҳисор,


Акси оҳубараи силсилаи кӯҳи Ҳисор.


Нест ин силсила монанд ба кӯҳи дигаре,


Дорад ин кӯҳ ба худ хос шукӯҳи дигаре.


Кӯҳҳо саф зада ҳастанд ба ҳам дӯш ба дӯш,


Як гурӯҳ аз пасу аз пеш гурӯҳи дигаре.


Бағали кӯҳи Ҳисор аст пур аз чашмаву рӯд,


Гулмаҳӣ диққати сайёд кунад ҷалб ба худ,


Абрҳо мисли шутур гардани худ карда дароз,


Об нӯшанд зи рӯди чамани сабзу кабуд.


Бағали кӯҳи Ҳисор аст тамошогаҳи мо,


Манзилу маҳфили мо, бистари мо, ҷогаҳи мо,


Чашмаҳояш дами ҷӯшидану фавворазадан


Гашта монанд ба оҳанги дили огаҳи мо.


Кӯҳҳо, ки ба замин пой фурӯ сохтаанд,


Қуллаҳо рахна ба сақфи фалак андохтаанд.


Мисли байроқи зафар, машъали тобони ҳаёт,


Офтоби саҳариро ба сар афрохтаанд.


Гар ниҳӣ по ба заминаш, кафи по нарм шавад,


Ҷисму ҷони ману ту аз нафасаш гарм шавад,


Қатраи шабнами наврехта дар чеҳраи гул


Ҷилвагар чун арақи гунаи пуршарм шавад.


Симу зар, сурмаву симоб диҳад кӯҳи Ҳисор,


Ташнагонро шабу рӯз об диҳад кӯҳи Ҳисор


Чорзону зада дар майкада чун пири муғон,


Ҷоми саршори маи ноб диҳад кӯҳи Ҳисор.


Ман, ки дар домани ин силсила тавлид шудам,


Қатраи ашки азову фараҳи ид шудам.


Чун расидам ба сари қуллаи кӯҳи ватанам,


Ҳофизи ин ватани пайрави хуршед шудам.

Барои дастрас намудани савт аз фаровир истифода баред.
© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо