Ҳаётат ҷовидон зебост, зебо,
Шукуфон асту хандон чун дили мо,
Дигар онро нахонам пеши ҳар кас,
Дигар бо он насозам худписандӣ.
Посбони иди Наврӯзам, ки дар он ҷумла ёрон
Давра ороянд, ороянд наврӯзи дигар.
Вале ман зинда хоҳам кард он расму таомулро,
Ки бар он муҳри дасти рӯзгорон пахш гардида.
Ҳамон расму таомулро, ки бо он мардумони пок
Чашида пухтаю хоми ҳаёту умр варзида.
Ман омухтам аз он расму таомул дилшиносиро,
Ба тору пуди одамҳо бипечидан, напечидан.
Остин барзада то соидгоҳ
Паи сӯзондани мо ноз кунанд.
Мо шохношикастаю нокордидаем.
Бо ин сари ҷавони худ ҳоло чӣ дидаем?
Гарчи ба дӯши ин замин бори гарон наем,
Бори варо ба дӯши худ мо кам кашидаем.
Мо тифлакони беғами гаҳворагӣ будем,
Гаҳвораи ҳаёти мо бо ашки модарон Саҳифаи 1/171 |