Дар ҳар қадами умр чу оби ту давидам,
Аммо чу зи ту суде наяфзуда зи дастам.Замин дар сози ҳастӣ ҷилваҳо кард,
Ҳаёти пурнишоте ибтидо кард.
Замин дорӣ, замон дорӣ ту имрӯз,
Ҷаҳоне дар ҷаҳон дорӣ ту имрӯз.
Дар ин айём, мулки нозанинам,
Туро дар субҳи хуршедӣ бубинам.
Дар имрӯзи ту ман оянда ёбам,
Шавам ҳампову ҳамроҳат шитобам. Боз меояд баҳору боз механдад чаман,
Нури ман дар рӯи раҳ аз сояҳо гул меканад.
Захми ман дар сиҳҳатии халқ меёбад шифо,
Марги ман дар зиндагии мардумон гум мешавад.
Ҷомаи мотам напӯш.
Гул кун, эй ояндаам, дар дигарон Шудам пазмони оби чашмасорон,
Равам, дар кӯҳсорон хона созам.
Нишинам дар лаби дарёи кӯҳӣ,
Ки омӯзам аз ӯ дарёдилиро. Саҳифаи 1/264 |