1941 - 2000
Аз миёни кӯчаҳо чун бигзарӣ.mp3
: ~ 1001 kb - 0.9 mb
Аз миёни кӯчаҳо чун бигзарӣ,
Хонуми зебои атласпираҳан
Ёдам ояд сарфарозиҳои ту,
Ёдам ояд саргарониҳои ман.
Ошиқат будам, ки дар дил то ҳанӯз,
Нағмаҳое дораму шеъру сухан.
Рафтам аз худ, рафтам аз ту бархато,
Дер шуд акнун ба худ боз омадан.
Баъд донистам дар ин шаҳри ғариб
Як ту донӣ қадри парвози баланд.
Як ту донӣ қадри сӯзишҳои дил,
Як ту донӣ қадри эъҷози баланд.
Баъд донистам дар ин шаҳри шариф
Як туӣ дардошнои ҷони ман.
Ман ба сад дил ошиқат будам, дареғ,
Бори дигар дер шуд ошиқ шудан.
Баъд донистам, ки оби рафта рафт,
Хонуми зебои атласпираҳан,
Меравам дар ҳасрати рӯят зи даҳр
Чун ғарибе дар ғами хоки Ватан...
Known by everybody - symbol @ - entered into use in e-mail addresses from easy hand of Ray Tomlinson, who actually has thought up e-mail. Date of occurrence of "catch" in computer world – 1972.