Эмомали Раҳмон
Тарҷумаи ҳол Эмомали Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969 баъд аз хатми омӯзишгоҳи касбию техникии № 40 шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд) ба ҳайси устои барқ дар корхонаи равғанкашии шаҳри Қурғонтеппа шурӯъ намудааст. Солҳои 1971-1974 дар Флоти Уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба ҷойи кори худ баргаштааст. Баъд дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст. Соли 1982 факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намуд. Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт. Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмонов вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмонов бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. 6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмонов аз нав дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмонов дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Қаҳрамони Тоҷикистон (соли 1999) мебошад. Оиладор, соҳиби нӯҳ фарзанд.