banner  
 
 
 
 

 
 
МИРЗО ТУРСУНЗОДА
(1911-1977)


Мирзо Турсунзода дар гузари Чармгарони деҳаи Қаратоғ ба дунё омадааст. Моҳи майи соли 1911 дар хонадони Турсунмуроди ҳунарманду фарҳангист писар ба дунё омад. Падар тифли навзодро Мирзо ном ниҳод ва ба тарбияи фарзанд машғул шуд.
Соли 1920 минтақаи Ҳисорро бемории вабо фаро гирифт. Ин офат модари Мирзо – Холбибиро низ ба коми марг кашид. Мирзо ҳамагӣ нӯҳ сол дошт, ки аз меҳрубониву навозиши модар маҳрум монд:

Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абруйи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,
Чунки то имрӯз модар кӯйи ту дар ёд нест...

Тарбияи баъдии Мирзо пурра ба зиммаи падар вогузор мешавад. Шоири оянда чанд муддат дар мадрасаи назди деҳи худ ба таҳсили ибтидоӣ мепардозад. Баъди таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон (1924) дар мамлакат мактабҳои усули нав мавқеъ пайдо мекунанд. Чунин мактаб дар Қаратоғ соли 1925 ба фаъолият пардохт ва Мирзо яке аз аввалин толибилмони ин мактаб буд. Мирзо соли 1926 ба Душанбе омада, дар сафи толибилмони интернат қарор мегирад. Маъмурияти интернат Мирзоро соли 1927 ҳамроҳи як гурӯҳ ҷавонони лаёқатманд ба Дорулмуаллимини Тошканд мефиристанд.
Чор соли таҳсил дар Дорулмуаллимини Тошканд ва вохӯрӣ бо устод Айнӣ барин шахсиятҳои фарҳангӣ дар такмили ҷаҳонбинӣ ва маърифатшиносии Мирзо мусоидати комил намуд. Соли 1930 Мирзо Турсунзода дар асоси роҳхати Кумитаи марказии комсомол ба Душанбе бармегардад ва дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аввал ба сифати ходими адабӣ ва баъдан чун котиби масъул фаъолият мекунад.
Соли 1933 Мирзо Турсунзода аз падар маҳрум гардид. Соли 1934 ба муносибати Анҷумани аввали нависандагони СССР як гуруҳ адибони точик, аз ҷумла Мирзо Турсунзодаро ба узвияти Иттиходияи нависандагон пазируфтанд. Солҳои пурдаҳшати сиюм адиб аз руйи зарурат як муддат Душанберо тарк карда, дар Хучанд истиқомат мекунад. Мирзо Турсунзода солҳои 1934–35 дар Театри мусиқию мазҳакаи шаҳри Хуҷанд вазифаи мудириқисми адабиро ба ӯҳда доштааст. Соли 1934 ҳангоми ба саҳна гузоштани песаи «Маликаи Турандот» ба ҳунарпешаи театри мазкур Сабоҳат Низомиддинова муносибати дӯстӣ пайдо карда, бо ӯ издивоҷ мекунад.
Мирзо Турсунзода соли 1936 ба Душанбе омад ва то соли 1946 дар вазифаҳои гуногуни адабиву рӯзноманигорӣ фаъолият кардааст. Соли 1946 раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт ва то охириумр ин вазифаро пеш бурд. Аз соли 1946 сар карда Мирзо Турсунзода ҳамеша намояндаи халқ дар парлумони шӯравӣ буд ва шоир дар паҳлӯи корҳои эҷодӣ бо тамоми ҳастӣ фаъолияти ҷамъиятии хешро ҳам идома медод.
Баъди хатми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1945) мавзӯи ҷанг ва сулҳ бори дигар ҷомеаро фаро гирифт ва Мирзо Турсунзода чун мунодии сулҳ дар тамоми ҷаҳон Иттифоқи Шӯравиро намояндагӣ намуд. Фаъолияти ҷоҳонгардии шоир аз соли 1947 қувват гирифт.
Дар натиҷаи сафарҳояш ба шаҳрҳои Деҳлӣ, Исломобод, Париж, Варшава, Вена, Қоҳира, Стокголм, Хелсинкӣ, Дорусалом, Ҷакарта, Конакрӣ Мирзо Турсунзода чун шахсияти барҷастаи фарҳангиву иҷтимоӣ ба камол расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро халқи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ кард. Шоир дар «Ватан » ном шеъраш муддати ҷаҳонгардии хешро чунин ёдоварӣ намудааст:

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

Аввалҳои тирамоҳи соли 1977 устод Турсунзода бистарӣ шуда, 24 сентябри соли 1977 шоири шаҳир аз дунё гузашт.
Ҷасади шоирро дар яке аз баландиҳои шаҳри Душанбе – теппаи Лучоб ба хок супориданд ва минбаъд ин теппа бо номи «Марқади Турсунзода» маъруф гардид.
Мирзо Турсунзода ба чандин ордену медалҳои ҳукуматӣ кадр шудааст. ? академики АИ Тоҷикистон (1951), Шоири халқии Тоҷикистон (1961), Қахрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967) ва барандаи ҷоизаҳои бисёри давлатию байналмилалӣ гардид. Ҳукумати давр баъди марг як ноҳияву як донишкада ва хиёбонеро ба номаш гузошт, ҳайкалҳо сохт, ҷоизаҳо ва идрорпулӣ таъсис дод. Моҳи майи соли 2001 ба муносибати 90–солагии зодруз ба шоир унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011