ОИДИ ДОСТОН
ДАР БОҒ
ИНТИЗОРӢ
МУЛОҚОТИ ЯКУМ
МУЛОҚОТИ ДУЮМ
ДАР БОҒ
Сухан ронам ман аз боғи дилоро
Намоям ошно бо вай шуморо.
Шумо дар боғ сайри нур бинед,
Дили худро аз он масрур бинед.
Чароғи ҷовидонӣ дар фурӯз аст,
Дурахшон чеҳраи рӯз аст, рӯз аст.
Қалам, коғаз, сиёҳӣ буд дар пеш,
Адиби пир бо андешаи хеш.
Сухандонро басе хушҳол кардем,
Ду соат пеш истиқбол кардем.
Табиат ҳам ба истиқболаш омад,
Чаман дар пурсиши аҳволаш омад.
Ба гирдаш боғ бо сад ноз мегуфт:
“Гули зебои рангоранг бишкуфт.
Ба одам саҳнаи ман шӯълабор аст,
Баҳорасту баҳорасту баҳораст”.
Ба гирди ҳавз сабза сар кашида,
Ба ҳар ҷо лолаи зебо дамида,
Тамоми рустаниҳо пок буданд,
Ба рӯидан ҳама чолок буданд.
Ба чашмат барги сабзи навбаҳорӣ
Дурахшон буд мисли гӯшворе,
Нафас бигрифта аз боғи суманбӯ,
Паридан дошт парранда ба ҳар сӯ.
Ду-се рӯз аст, ки борон хамӯш аст,
Садои раъди барқафшон хамӯш аст.
Ба сӯи офтоби оламоро
Сари худро ҳама карданд боло.
Намегаштанд сер аз шӯълаи рӯз,
Гули себаргаи аз гард маҳфуз.
Ҳаво софу шаби торик дур аст,
Замин монанди уқёнуси нур аст.
Латофатбор дашту кӯҳсоранд,
Ҳама шодоб аз файзи баҳоранд.
Ба наздам пирамарди шарқ дидам,
Ба нур онро соропо ғарқ дидам,
Адиб аз нур давлатманд гашта,
Ба нур аз ҷону дил пайванд гашта,
Ҳамеша равшаниро орзӯ дошт,
Умед аз бахту аз рӯзи накӯ дошт.
Вале дар ҳуҷраи танги Бухоро
Намешуд равшаноӣ ҳеҷ пайдо.
Дар он ҷо ӯ намедонист, ки чун
Барояд офтоб аз бурҷи гардун?
Чӣ сон аз осмони пурситора
Заминро моҳ месозад назора!
Чи сон бо ёди шамси лаълрухсор,
Шафақ аз дил кашад оҳи шарарбор?
Фақат медид машриқи кӯҳанро,
Намоишгоҳи тобуту кафанро.
Ба ҳуҷра мешуданд аз як қабат дар
Ҳам одам, ҳам ҳаво дохил баробар.
Адиб аз мадраса аз ҳуҷраи тор
Нигаҳ мекард бар шаҳри дилозор.
Ба зери гунбази шаҳри Бухоро
Фақат медид торик Осиёро.
Дар он ҷо хуни одам ҷӯй мешуд,
Замин аз мурдагон бадбӯй мешуд.
Дар он ҷо марг хандон кафзанӣ дошт,
Сиёҳӣ бо сафедӣ душманӣ дошт.
Саҳарро, шомро мекард таъин
Ба аҳли ҳуҷра овози муаззин,
Чароғи мадраса дар кунҷи тира
Ба мисли кирми шаб месӯхт хира.
Ба чашми нурҷӯ, марди адабхоҳ
Гаҳе Хайём мешуд шӯълаи моҳ,
Зи Саъдӣ гоҳ оташпора мешуд,
Ба гирди Рӯдакӣ сайёра мешуд.
Чароғ аз назм, нур аз назм меҷуст,
Ба ишқи назм мисли сабза меруст.
Сухан аз назми сеҳрангез мегуфт,
Ба ёди назм ӯ мехест, мехуфт.
Ягона дафъи савдояш ҳамин буд,
Ҳаёти нурҷӯянда чунин буд.
Ба ӯ гуфтанд, ки “Рӯзат сиёҳ аст,
Ба одам равшаниҷӯӣ гуноҳ аст.
Ту акнун дар чаҳи зиндон бихобӣ,
Бимирию муроди дил наёбӣ”.
Ба болои сараш ҷаллод омад,
Дами шамшери истибдод омад.
Пас аз рӯзу шабони интизорӣ,
Пас аз ранҷурию хорию зорӣ,
Ба зери чоҳ дасти рус омад,
Фурӯзон нурҳои рӯз омад.
Бадин сон Октябр онро раҳо кард.
Бадин сон бо чароғаш ошно кард.
Адиб аз нав таваллуд шуд, ҷавон шуд,
Адиби дӯстдори тоҷикон шуд.
Фақат мондаст аз даври асирӣ
Ба пушти он паи чӯби амирӣ.
Касе ки халқро машҳур гардид,
Нахустин бор сер аз нур гардид,
Ватан аз ҷаҳлу торикӣ шуд озод,
Ба Айнӣ шаъну шӯҳратҳо фиристод.
Худи устод машъал шуд, алав шуд,
Чароғи мардуми дунёи нав шуд.
Ба рӯяш нур бинам, барқ бинам,
Ҳувайдо саргузашти Шарқ бинам.
Чу Айнӣ Шарқ асиру бенаво буд,—
Ба зери чоҳи зиндон Осиё буд.
Кунун Шарқи куҳан бедор гаштаст,
Ба озодипарастон ёр гаштаст.
Мубориз, сулҳҷӯ, бебок бинам,
Замин буду кунун афлок бинам.
Ҳанӯз аз Ғарб гарчи танк ояд,
Ба сӯи Осиё бо ҷанг ояд,
Ҳанӯз аз Шарқ бӯи дуд хезад,
Сутуни дуди нафтолуд хезад.
Ҳанӯз озурданӣ ҷони арабро,
Ба яғмо бурданӣ хони арабро.
Вале машриқ аз таҳдиди ағёр
Наметарсад, намеларзад дигар бор.
Баҳори зиндагиро дӯст дорад,
Ба зидди ҷанги нав ӯ ҷанг орад.
***
Ба бӯи гул ману устод мастем...
Ба гирди ҳавз ҳар ду менишастем.
Ба ёди ман расид овози фарзанд,
Хаёли ман ба он овоз шуд банд.
Ман охир иди нав дар хона дорам,
Ба халқи кишварам идона дорам,
Назар кардам ба пири ранҷдида,
Ба ду чашмон, ба абрӯи хамида.
Назар кардам, ба хатҳои ҷабинаш,
Ба мӯҳои сараш, хамҳои чинаш.
Падар гӯё маро табрик мегуфт,
Суханҳои ба дил наздик мегуфт.
Падар мегуфт: “Одам чун дарахт аст,
Дарахти решаномаҳкам карахт аст
Дарахт аз офтобу об рӯяд,
Қади сабзаш ҳавои нарм ҷӯяд,
Агар бисёртар ӯ реша ронад,
Саломат аз хатар мондан тавонад.
Агар хоҳӣ ту ҳам ҷовид монӣ,
Ба хоки мулк бояд реша ронӣ.
Писарро тарбият бинмо падарвор,
Ки гардад он мубориз халқро ёр.
Ба фарзанд оташи ишқи Ватанро
Фурӯзон кун, фурӯзон, ҷаҳд бинмо.
Агар ман кӯҳсоронро ба машриқ
Кунам монанд, хоҳӣ кард тасдиқ.
Ба сурат кӯҳсорон пуршукӯҳ аст,
Фаровон нур дар болои кӯҳ аст.
Мусаффо обҳо дорад дар оғӯш,
Зада хиргоҳи барфин бар сари дӯш.
Вале бар кӯҳсори мулки дигар,
Ту бо чашми дақиқи хеш бингар.
Дар он ҷо бешаи ором бинӣ,
Гурезон сайд бинӣ, дом бинӣ.
Дар он ҷо тангнои соярав ҳаст,
Дар он ҷо партгоҳи ғежу дав ҳаст.
Ба мисли ҳуҷраи шаҳри Бухоро
Равонад ҳукм торикӣ дар он ҷо.
Ба фарзандат сабақ омӯз, зинҳор,
Ки аз макри адӯ бошад хабардор.
Ба ҳар ҷо илм бурда ҷаҳл ронад,
Қасос аз ҷаҳлу нодонӣ ситонад.
Фишорад гарм дасти дӯстонро,
Мададгорӣ кунад афтодагонро.
Ба мисли заррае тобанда бошад,
Ба ҳар маҳфил чароғи
зинда бошад.
Ба олам насл аз мо ёдгор аст,
Ба ӯ фардои инсон чашмдор аст”.
***
Барои дӯстон, хонандагонам
Ба назм овардаам ин достонам.
Ҳикоят кардаам аз як саҳаргоҳ,—
Саҳаргоҳе, ки касро буд дилхоҳ.
Маҳи апрел, моҳи навбаҳор аст,
Табиат сабзу хуррам,
гул ба бор аст.
Магар созам ягон боре фаромӯш
Адиберо ки буд ҳам ақл ҳам ҳуш?
Писарҷонам, магар созам фаромӯш
Даме, ки кардам овози туро гӯш?
1 2 3 4 5
|