ОИДИ ДОСТОН
ДАР БОҒ
ИНТИЗОРӢ
МУЛОҚОТИ ЯКУМ
МУЛОҚОТИ ДУЮМ
ИНТИЗОРӢ
Шабе, ки то саҳар бедор будам,
Мушавваш, тангдил, ночор будам.
Нахуфтам, доштам уммедворӣ,
Диламро мефишорид интизорӣ.
Гирифта дуди таммоку гулӯям,
Хамида мӯи сар то чашму рӯям.
Задам гӯгирд, кардам боз хомӯш,
Папирос даргирондан рафт аз ҳуш.
Қаду бар хонаро гаштам, нишастам,
Гирифтам хома бо ларзанда дастам.
Дилам мехост, ки шеъре нависам,
Намоям шарҳи дастонам, ҳадисам.
Агарчи хона ором аст дар шаб,
Ба шоир ҷои илҳом аст дар шаб,
Нишастам, лек чизе ҳам нагуфтам,
Ҳама хуфтанд, танҳо ман нахуфтам.
Чаро ки доштам уммедворӣ,
Ба сӯи роҳ чашми интизорӣ.
Чӣ хомӯш аст манзил дар дили шаб,
Шуда гӯё, ки гунгу кар дили шаб.
Намеомад на овози хурӯсе,
На ширин хандаи ошиқ арӯсе,
На болу пар кушоданҳои мурғон,
На бо ҳам хӯрдани шохи дарахтон.
Фақат аз боғ меомад насиме,
Насими атрбӯ, дилкаш ҳалиме:
Шунидам ман фақат дарро кушода,
Нафасгирии аҳли хонавода.
Ба саҳни боғ ҷастам чун шарора,
Нигаҳ кардам ба нурафшон ситора.
Ҳавои шаб ҳузури рӯҳу ҷон буд,
Замин сабзу мусаффо осмон буд,
Маҳи апрел, дар иди баҳорӣ,
Ба гул лӯълӯи тар бахшид, оре...
Гули гелос дар чанги ҳаво буд,
Барои ҳамл олу ғунчаво буд.
Бунафша дар лаби ҷӯ ноз мекард,
Гули садбарг чашмаш боз мекард.
Чакидан дошт чак-чак шираи ток,
Тапидан дошт аз гармӣ дили хок,
Дарахтон дар умеди бор буданд,
Ҳама дар ними шаб пуркор буданд.
Ҳама монанди ман бо интизорӣ,
Ғанӣ буданд аз боди баҳорӣ.
Шуморо,— бороранда дарахтон,
Шудам чун гавҳари чашмам нигаҳбон.
Шинондам, об додам, парваридам,
Нахустин меваҳотонро чашидам,
Шумо, аз нав ҳавои бор доред,
Ба оянди самарбахш интизоред.
Дар ин ҳангом монанди шумоям,
Чунин асту чунин дардам, давоям.
Ба чашмонам шуданд ин дам намоён
Таваллудхонаву дунёи тифлон.
1 2 3 4 5
|