banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ЧАРОҒИ АБАДӢ

  1. ОИДИ ДОСТОН

  2. ДАР БОҒ

  3. ИНТИЗОРӢ

  4. МУЛОҚОТИ ЯКУМ

  5. МУЛОҚОТИ ДУЮМ


МУЛОҚОТИ ДУЮМ

Агарчи дар забон аз рӯзи аввал
Ба расмият ҳама гӯянд вокзал,
Валекин ман ба навъи тоза гӯям,
Ба шаҳр онро дару дарвоза гӯям.
Аз ин ҷо шаҳри моро ибтидояст,
Ба шаҳри мо аз ин ҷо рафтуояст.
Душанбе мисли боғи тоза сабзид,
Ба шаҳри нозанин монанд гардид,
Ба ҷӯш омад аз ин ҷо зиндагонӣ,
Ба ин ҷо аз Россия меҳрубонӣ:
Нахустин мех, оҳан шиша омад,
Нахустин чӯб ҳам аз беша омад.
Дар ин ҷо Тоҷикистон кард оғӯш
Бародар халқҳоро гарм, пурҷӯш
Ба ин ҷо дӯстӣ омад ба тоҷик,
Ба ин ҷо омад аз ҳар сӯй табрик.
Ба ин ҷо ҳолдон Куйбишев омад,
Ба наздаш косибу деҳқон баромад.
Вакили партия овард табрик
Ба муздурони кӯҳистони тоҷик.
Расидам ман ба ин дарвозаи шаҳр,
Шунидам васфи шаҳр, овозаи шаҳр.
Аз ин дарвоза модарҳо ба ҳар сӯ,
Гуселонанд фарзандони дилҷӯ.
Яке гардан ба гардан монда бо дӯст,
Дигар ғарқи ҷамоли ёри некӯст.
Дар ин ҷо пойтахт омад ба дунё,
Дар ин ҷо оҳи мо гардид боло.
Дар ин ҷо сар шавад дидорбинӣ,
Дар ин ҷо унсгирию қаринӣ.
Дар ин ҷо ашки васлу ашки ҳиҷрон,
Дар ин ҷо ошиқон хандону гирён.
Дар ин ҷо роҳпоӣ, интизорист,
Барои дӯст ҷону дилсупорист.
Дар ин ҷо бӯсаҳои нарм бинӣ,
Дар ин ҷо ноз бинӣ, шарм бинӣ.
Аз ин ҷо шаҳри мо овоза дорад,
Чунин вокзал, чунин дарвоза дорад.
Ба ёдам ҳаст даврони амирӣ,
Ҳисори кӯҳна — маъвои асирӣ.
Ҳисори кӯҳна ҳам дарвозае дошт,
Ҷафову ҷаври беандозае дошт.
Дар он ҷо дасти хунин буд боло,
Фалак мекард аз ин даст парво.
Дар он ҷо мадраса, масҷид ҳам буд,
Намозу рӯзаву таҳдид ҳам буд.
Дар он ҷо одамон бозор диданд,
Дар он бозор банду дор диданд.
Дар он ҷо қалъаи ҳокимнишин буд,
Замин ҳам аз фишори он ғамин буд.
Ба зери қалъазиндон кор мекард,
Ба одам во даҳан чун ғор мекард.
Ту аз дарвоза ҳайрон мегузаштӣ,
Ба хун оғушта нолон мегузаштӣ.
Дар он ҷо каллабур дарвозабон буд,
Хироҷи мамлакат ҷон буд, ҷон буд.
Дар он ҷо фитнагар найранг мекард,
Бародар бо бародар ҷанг мекард.
Дар он ҷо сарзамини офтобӣ
Ниҳон мегашт дар хоки харобӣ.
Дар он ҷо дуд аз вайрона мехест,
Фиғону нола аз ҳар хона мехест.
Дар он ҷо қадри кас помол мегашт,
Ба ҳоким вақф молу ҳол мегашт.
Фиристоданд амирони Бухоро
Ба он ҷо ҷаҳл ҳам ҷабру ҷафоро.
Валекин дар иваз аз камбағалҳо,
Талаб карданд асбоби тарабро.
Амир аз ранҷи мо ганҷина месохт,
Ба қасри зулм нав-нав зина месохт.
Равон шуд зар ба он ҷо дона-дона,
Ба мисли ашки мо бо ҳар баҳона.
Ба он дарвоза каргас лона мемонд,
Аҷуз аз девҳо афсона мехонд.
Дар он ҷо рӯди кӯҳӣ дар фиғон буд,
Фиканда дар ҷабин чинҳо равон буд.
Сари худро ба санги хора мезад,—
Ба ёди мискину бечора мезад.
Дар он ҷо бенаво буданд мурғон,
Гурезон оҳувон аз чашмасорон.
Ба ҳоли одамон саг нола мекард,
Ба саҳро доғ дар дил лола мекард.
Ба ёдам ҳаст, дар бозору майдон
Халойиқ борҳо бардошт исён.
Адолатҷӯ, ҳақиқатхоҳ мешуд,
Ғазабнок аз ҷафои шоҳ мешуд.
Амон ҷустанд мардум аз амирон,
Вале гаштанд дар ин роҳ қурбон.

Ба халқ омад мадад,
                       дарвоза во шуд,
Бинои зулму бедодӣ фано шуд.
Ба он ҷо лашкари озодӣ омад,
Насими навбаҳори шодӣ омад.
Ба болои сари мо зад шарора,
Ба ранги сурх ҷоноҷон ситора.
Фақирон зиндагӣ аз сар гирифтанд,
Далерон роҳи фатҳовар гирифтанд.
Адиби мо ҳам аз нав зинда гардид,
Ба мисли чашмаи ҷӯшанда гардид.
Фиканд аз дӯш дунёи куҳанро,
Гирифт аз пою аз гардан расанро.
Ба нури субҳи озодӣ назар кард,
Ба васфи нури оламгир сар кард.
Ба дарди халқ, дарди худ даво ёфт,
Нафас озод гиранда ҳаво ёфт,
Яроқашро мубориз аз қалам кард,
Ҳақиқатро, тамаддунро алам кард.
Адиб аз қатра ҳам тобандатар шуд,
Қиёми халқ — дарё, ӯ гуҳар шуд.
Ман инро интизорам, интизорам,
Ба дарвоза — ба вокзал чашмдорам.
Қатор омад вагон, поезд омад,
Ба ҷони интизорон ҷон даромад.
Ду чашми ман ба дарҳои вагон шуд,
Мана, аз дар адиби мо аён шуд.
Намоён гашт фарзанди Бухоро,
Ҳамон тавре, ки дидӣ дар “Алифбо”,
Сафедӣ ришро ишғол карда,
Танашро хастагӣ беҳол карда.
Валекин дил ҷавон, пурҷӯш сина,
Асо дар даст по монад ба зина.
Қариб аз нур монда чашмҳояш,
Шуда ларзон садояш, дасту пояш.
Адиби хешро оғӯш кардем,
Заданҳои дилашро гӯш кардем,
Ба устоди қаламкаш дод пайғом,
Тамоми шаҳр аз ҳар як дару бом.
Салом омад, дуруд омад ба Айнӣ,
Саломи чун суруд омад ба Айнӣ,
Муяссар шуд маро дар як саҳаргоҳ,
Ки бинам рӯи ду инсони дилхоҳ.
Яке фарзанди ман, навзоди ман буд,
Дигар панди ману устоди ман буд.

1   2   3   4   5

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011