banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ДАСТОВЕЗ
(силсила)

  1. БӮИ ГУЛ ОЯД ЗИ ТУ

  2. БОҒИ МО

  3. БОЗ ҲАМ ДАР БОРАИ РӮДИ КӮҲӢ

  4. ДАР БОМИ ҶАҲОН

  5. ДАРДИ МАН БОЛО ГИРИФТ

  6. ДАСТИ ТУ МЕДОНАД

  7. ДИЛСИЁҲ

  8. ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН

  9. ЗАН ПОСБОНИ ОТАШ АСТ

  10. ЗАН, АСТ ЗАН

  11. ИЛОҶАМ ЧИСТ

  12. ҚАЛАМ

  13. КОКУЛАТ (БА ДУХТАРОНИ ТОҶИК)

  14. КӮҲ

  15. САЙРИ ҚИЪАҲО

  16. СУРУДИ КӮҲИСТОН

  17. ТӮИ ПАХТАЗОР

  18. ЧАШМИ МАН


БОҒИ МО

Баҳра бардоред, ёрон, аз насими боғи мо,
Аз ҳавои софи чун бахмал ҳалими боғи мо.

Чун гирифтам аз ҳавои рӯи дунё ман нафас,
Нест гуфтам беҳтар аз боди ҳакими боғи мо.

Боғи колхозии моро боғи бемонанд кард
Боғбон - марди ҳунарманди карими боғи мо.

Аз барои сайри мурғони хушилҳоми чаман,
Зинати олам муҳайё дар ҳарими боғи мо.

Боғи нав бо дасти мо ободу зебо гаштааст,
Хира шуд дар назди ӯ шаъни қадими боғи мо.

Боғи мо як умр пурбор асту сабзу хуррам аст,
Ҳаст эмин боғбон аз хавфу бими боғи мо.

1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12   13   14   15   16   17   18

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011