БӮИ ГУЛ ОЯД ЗИ ТУ
БОҒИ МО
БОЗ ҲАМ ДАР БОРАИ РӮДИ КӮҲӢ
ДАР БОМИ ҶАҲОН
ДАРДИ МАН БОЛО ГИРИФТ
ДАСТИ ТУ МЕДОНАД
ДИЛСИЁҲ
ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН
ЗАН ПОСБОНИ ОТАШ АСТ
ЗАН, АСТ ЗАН
ИЛОҶАМ ЧИСТ
ҚАЛАМ
КОКУЛАТ (БА ДУХТАРОНИ ТОҶИК)
КӮҲ
САЙРИ ҚИЪАҲО
СУРУДИ КӮҲИСТОН
ТӮИ ПАХТАЗОР
ЧАШМИ МАН
ИЛОҶАМ ЧИСТ
Туро ман ёд кардам кӯҳсори ман, илоҷам чист,
Шудам дур аз канори ту диёри ман,
илоҷам чист.
Дар атрофам замини регзори бесамар дидам,
Гули ман, бӯстони ман, баҳори ман,
илоҷам чист.
Гузар доранд аз ҳар сӯй одамҳои бегона,
Куҷо монданд он хешу табори ман,
илоҷам чист.
Илоҷи ман ягона бозгаштан бар ватан бошад,
Шабу рӯзе шуд ин мақсад шиори ман,
илоҷам чист.
Ватан бо ман набуду буд бо ман дар сафарҳоям
Ғурури кишвари ман, ифтихори ман,
илоҷам чист.
Ватанро ёд кардам, ҳар замон дар хеш печидам,
Баромад оби чашми интизори ман,
илоҷам чист.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18
|