banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ВАСФИ СУЛҲ ВА ДӮСТӢ

Сулҳу амонӣ дар тасвири шоир асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии инсонҳо мебошад. Бинобар ин ҳастии он дар ҳама қувваҳои некии табиат эҳсос мешавад. Сулҳ монанди офтоб, баҳор, ё худ замин азизу мушфиқи ҳамагон аст:

Сулҳ дар гул-гул шикуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеъи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.

Пас сулҳу амонӣ худ аз худ ва ба осони ба даст намеояд. Дар шеъри «Суруди сулҳ» таркибҳои хуни дил ва тапиданҳои рӯзафзуни дилро истифода кардааст:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил,
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
Ҷонгҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.

Дар ашъори устод Турсунзода мавзӯи дӯстиву рафоқат чун гӯшту нохун ба ҳам пайвастаанд. Ин маънӣ дар шеъри «Дӯстонро гум макун» сода ва самисӣ таъкид гардидааст:

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун...
Дӯст ояд, гарм да роғӯш гир,
Расми хуби тоҷикистонро гум макун.

      Умуман, шоир дар шеърҳои сулҳхоҳона ва ба дӯстиву рафоқат бахшидааш тавонист, ки ҳам ҳунари нигорандагӣ, ҳам ҷаҳонбиниву мавқеи иҷтимоӣ, ҳам таҷрибаи аз ҷаҳонгардӣ андухтаи худро дар либоси сухани бадеи ва ҷилва орад.

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011