Мусаллам аст, ки ҳар як эҷодкор бо рӯзгори хеш пайванди ногусастанӣ дорад. Вай пеш аз ҳама, фарзанди ҳамон айём буда, дар осори хеш ҳодисоту воқеоти рӯзгори хешро инъикос менамояд. Чӣ хел ба қалам додану ҳал намудани ин масъала ба афкор, ҷаҳонбинӣ ва ҳунару истеъдоди фитрии ӯ вобастагии қавӣ дорад. Мирзо Турсунзода ҳам фарзанди замони худ буд. Ӯ солҳои сиюм ба майдони адабиёти тоҷик по ниҳод. Пеш аз ҳама, ҳунару истеъдоди баркамоли табиии шоирӣ дошт, вале таҷрибааш ҳанӯз хеле кам буд. Аз ин хотир он чизе, ки дар он солҳо эҷод ва чоп намуд, навмашқона ва умумӣ буданд. Ӯ дар солҳои пасин ба асарҳои дар ин давра эҷодкардааш аз назари танқид нигоҳ карда, чунин мегӯяд: «Як вақтҳо шеър навиштан барои ман осон буд, имрӯз бошад, он шеърҳои кӯҳнаамро иш-тиёқи хондан надорам. Чаро чунин ҳолат ба миён омадааст? Барои он ки бисёр шеърҳои пешинаи ман самимона навишта шуда бошанд ҳам, лекин ман дар онҳо таҷрибаи аз ҳаёт андӯхтаи худро ошкор насохтаам. Ҳаёти ҳақиқиро нишон надода, танҳо тасаввуроти умумиро дар бораи он ба калам додаам».
Суханҳои Мирзо Турсунзода ба маҷмӯаи нахусти ӯ, ки «Байроқи зафар» ном дошт ва соли 1934 ба табъ расида буд, тааллуқ доранд. Дар ин маҷмӯа шеъру достон, ҳикояю очеркҳое, ки нависанда дар он солҳо эҷод карда буд, гирд оварда шуда буданд. Бо вуҷуди он ки асарҳои дар ин маҷмӯа воридшуда навмашқона буданд, дар онҳо рӯҳи замон, мавзӯъҳои муҳими ҳаёти халқ ва кишвар, аз қабили барқароркунии хоҷагии қишлок, озо дин занон, мактабу маориф ва бахусус тасвири зебоиҳои Ватан ва амсоли инҳо инъикос ёфта буданд.
Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки ҳанӯз аз ҳамон давра дар эҷодиёти шоир мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ мавқеи калон дошт. Онхо аз худшиносӣ ва ҳисси ифтихори миллии шоири ҷавон дарак медоданд. Ин мазмун дар шеъри «Чаманистон» хеле самимй, бо обуранги шоирона ба калам дода шудааст:
Қурбони ту, эй диёри ишкам,
Боғу чаману баҳори ишқам.
Фазлу хунарам Ватан, туй, ту!
Созу зафарам Ватан, туӣ, ту!
Эй хурраму сабз боғу бӯстон,
Эй машъали Шарқ-Тоҷикистон!
Дар ин пора шоир Тоҷикистони хуррам ва мисли боғу бӯстонашро ба машъали рахшони Шарк шабеҳ намуда, аз он ифтихор дорад. Воқеан, бояд арз кард, ки аз ин абёти рангини шоири ҷавон ояндаи умедбахши ӯ ба хубӣ эҳсос мешуд.
Мирзо Турсунзода дар ин айём ҳамчун рӯзноманигор ба шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ, ба назди деҳқонон, сохтмончиён рафта, бо кору бори онхо аз наздик шинос мешуд ва дар баробари ин пайваста ҳунари шоирии хешро сайқал медод. Эҷодиёти адибони бузурги форсу тоҷик барои адиб мактаби омӯзиш буданд. Шоир ин рӯзҳоро ба ёд оварда баъдтар чунин ибрози назар кардааст: «Дар болои сухан меҳнат кардан кори хеле мураккаб аст. Дар ин маврид ба нависанда омӯхтани забони зиндаи халқ ва асарҳои классикони мо кӯмаки зиёд мерасонанд. Танҳо эҷодкорона омӯхтан манфиатбахш аст, на нусхабардории кӯркӯрона. Образу фикрҳои дигаронро аз худ накарда сухандонӣ ва сухансанҷии ҳайратангез, бойгарӣ ва зебоии забон, образҳои равшану дурахшон ва талаботи эстетикиро, ки ҳама хоси классиконанд, бояд эҷодкорона омӯзем».
Дар суханони устод Турсунзода илова бар он чизе, ки дар боло гуфтем, боз як масъалаи муҳими дигар зикр ёфтааст. Яъне шоир дар баробари омӯхтани адабиёти классикӣ донистани забони зиндаи халқро барои эҷодкор зарур медонад. Ва худ аз пайи омӯзиши он мешавад. Ҳамин тавр, омӯзиши ин ду сарчашмаи муҳим барои шоир, ки сахт ниёз дошт, самар дод, қаламаш бурро ва фикраш расо гашт. Хонанда ин тағйироти куллиро дар эҷодиёти солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хубӣ эҳсос карда метавонад. Вале нишонаҳои аввалини ин дигаргунӣ ҳангоми эҷоди достонҳои нахустини шоир «Офтоби мамлакат» ва «Хазон ва Баҳор» ба чашм мерасад. Мавзӯи ҳар ду асар ба масъалаҳои рӯзмарра - кору зиндагӣ, талошу ҷоннисории деҳқонону пахтакорон ба хотири сохтмони ҷомеаи нав бахшида шудаанд. Достони «Хазон ва Баҳор» ба тарзи маснавӣ дар вазни достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ иншо шудааст. Санъати тазоду муқобала асоси асарро ташкил додааст. Яъне муқобилгузории ду сохт, ду замон мавзӯи достон қарор ёфта-аст. Шоир ҳаёти вазнини камбағалон, дар зери асорати ғуломӣ ва беҳуқуқӣ будани занонро нишон медиҳад. Дар анҷоми достон амиру саркардагони онҳо мағлуб шуда, қаҳрамони асосии достон - Саттор ғолиб мебарояд. Дар достон адиб мубориза баҳри ҳаёти фирӯз ва ишқи поки ду ҷавон - Раъно ва Сатторро хеле ҷолиб инъикос намудааст.
1 2 3 4
|