Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Бисёр адибони тоҷик баҳри озодӣ ва истиқлоли кишвар ба майдони набард рафтанд ва қисмати дигари онҳо қаламро шамшер намуда, алайҳи душмани ғаддор ба по хестанд, ки Миро Турсунзода ҳам аз ҷумлаи онҳо буд. Рӯзгори халқ ноором, кишвар дар хатар, оташи ҷанги хонумонсӯз аланга гирифт. Мақсаду мароми ҳар як фарди ҷомеа он буд, ки ҳар чи зудтар фашизми Германияро нест карда, Ватанро аз душманон озод намояд. Ба хотири ин Мирзо Турсунзода тамоми кувваро ба ин самт равона кард. Мавзӯи Ватан - Модар, ҳимояи он аз душман мавзӯи асосии ашъори адиб қарор гирифт. Ҳамин тавр, замон аз ҳар адиб офа-ридани образ ва симоҳои барҷастаи шахсони мубориз, ватандӯст ва ҷоннисору вафодорро тақозо дошт. Мирзо Турсунзода ин масъулиятро хеле хуб ҳис намуда, дар ин давра асарҳои баландғоя офарид. Асарқои «Хайр модари азиз», «Хотираи капитан», «Баҳодури тоҷик», «Ҳамшираҳо», «Фарзанди ту меояд»,«Ҳаргиз» ва достони «Писари Ватан» аз беҳтарин асарҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватании адабиёти тоҷик ба шумор мераванд. Шоир шеъри «Хайр модари азиз»-ро дар рӯзҳои аввали ҷанг эҷод кардааст ва ба воситаи саволу ҷавоби модару фарзанд мақсаду мароми садҳо фарзандону модарони тоҷикро, ки писарони худро дуои нек дода, ба ҷанг мефиристоданд, нишон додааст:
Модар аз чеҳраи гулгуни писар.
Нарм бӯсиду гирифташ дар бар,
Гуфт: «Рав ҷанги далерона бикун!
Ҷанг бо лашкари бегона бикун!
Бош фарзанди сазовори падар.
Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар!»
Мавзӯи дигари ашъори ин давраи шоир ситоиши қаҳрамонӣ, ҷоннисорӣ ва шуҷоату далерии ҷанговарони майдони набард аст. Акнун дар ин гуна шеърҳо на симоҳои қаҳрамонони хаёлӣ, балки кору амалиёт, далерию мар-донагии фардҳои мушаххас, воқеӣ мавриди ситоиши Мирзо Турсунзода қарор ёфтаанд. Намунаи барҷастаи ин «Баҳодури тоҷик» шуда метавонад. Дар ин манзума шоир корнамоии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тешабой Одиловро ба қалам додааст, ки ин фарзанди фарзонаи тоҷик барои муҳофизати шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) шуҷоату далерии бемисл нишон дод. Як пораи Ватанро аз душманон ба ивази ҷони азизаш муҳофизат намуд. Шоир бо як ҳиссиёти баланд ҷаҳони ботинӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва меҳанпарастии ҷанговарони тоҷикро дар симои Тешабой Одилов инъикос намудааст, ки чунин асарҳо дар он рӯзгор ва имрӯз ҳам аҳамияти бузурги тарбиявӣ доранд.
Устод Мирзо Турсунзода дар шеъри «Ҳамшираҳо» корнамоии садҳо духтарону занони тоҷикро, ки дар қатори мардҳо ба фронт рафта, дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок доштанд ва қаҳрамонӣ нишон дода буданд, ба ёд оварда, ситоиш намудааст. Махсусан кору рафтори хоҳарони шафқатро, ки дар майдони набард садҳо ҷанговарони маҷрӯҳро аз марг наҷот дода буданд, бо камоли маҳорат дар шеъри мазкур тасвир намудааст. Агар бо сухонони шоир гӯем, ҳамшираҳои шафқат «дар таги борони тирҳо аз садои тӯпи фашистони беҳаё» наҳаросида ба ҷисми ҷанговарон ҷон мебахшиданд. Барои ҳамин қаҳрамони лирикӣ аз номи ҳазорҳо-ҳазор ҷанговарони шифоёфта хоҳарони шафқатро « ҷон Шумо» мегӯяд:
Бар рӯи тирхӯрда даме ки назар кунед,
Ҳуши зи сар паридаи ӯро ба сар кунед.
Уммеди зиндагӣ ба дилаш шӯълавар кунед,
Гӯё ба ҷисми мурда ҳаёт аз дигар кунед.
Беҳуда нест ин ки бигӯянд: «Ҷон Шумо!».
Ғазали «Ҳаргиз» эҷоди ҳамин давраи шоир буда, бисёр самими ва бо як ҳиссиёти баланд суруда шудааст. Барои шоир вожаҳои Ватан, Халқ ва Модар басо азизу мӯътабаранд. Оре, касе, ки Ватанашро дӯст намедорад, бегумон Модару халқашро низ дӯст намедорад. Ин калимаҳо барои ҳар як фард муқаддасанд ва бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Шоир таъкид менамояд, ки барои Ватан, Халқ ва Модар агар ҷон лозим бошад, мо бояд ҳаргиз «не», нагӯем. Ана ҳамин мазмун бо тавсифхои шоирона дар ғазали «Ҳаргиз» ифода ёфтааст, ки салосату балоғат ва ҷанбаҳои драматикии асарро бисёр қавӣ гардондааст:
Ту зинда бош Ватан-хонаи умеди халқ.
Ки бе ту нест дилу ҷон шодмон ҳаргиз!
Чӣ медиҳӣ ба Ватан?! Ҳар касе, ки пурсидам,
Ҷавоб дод: «Надорам дареғ ҷон ҳаргиз!»
Миёни халқу Ватан сахт аҳду паймон аст,
Набуду нест ҷудоӣ дар ин миён ҳаргиз!
Намекунем фаромӯш то ҷаҳон боқист,
Тамоми ин ҳама кирдори хоинон ҳаргиз!
1 2 3 4
|