ВАТАН
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гӯшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.
Ба вақти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,
Зи сар то по шудам мафтуну шайдои намудат манн.
Нишастам дар замини ту, паридам дар ҳавои ту,
Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.
Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.
Соли 1965
ИЛОҶАМ ЧИСТ
Туро ман ёд кардам кӯҳсори ман, илоҷам чист,*
Шудам дур аз канори ту диёри ман, илоҷам чист.
Дар атрофам замини регзори бесамар дидам,
Гули ман, бӯстони ман, баҳори ман, илоҷам чист.
Гузар доранд аз ҳар сӯй одамҳои бегона,
Куҷо монданд он хешу табори ман, илоҷам чист.
Илоҷии ман ягона бозгаштан бар Ватан бошад,
Шабу рӯзе шуд ин мақсад шиори ман, илоҷам чист.
Ватан бо ман набуду буд бо ман дар сафарҳоям
Ғурури кишвари ман, ифтихори ман, илоҷам чист.
Ватанро ёд кардам ҳар замон дар хеш печидам,
Баромад оби чашми интизори ман, илоҷам чист.
Соли 1975
ЭЙ ТАБЪИ ОТАШБОР (Ба устод Айнӣ)
Хома то фармонбарат, эй табъи оташбор, шуд,
Рӯ ба зидди боргоҳу даҳшату дарбор шуд.
Фош кард ӯ ҳилаву асрори макри душманон
Хонумонсӯзи адӯву ҷуббаву дастор шуд.
Ӯ ба дунёи куҳан монанди шер исён намуд
Дасти мазлуми ситамкашро гирифту ёр шуд.
Духтари тоҷик то бишнид арзи хомааш,
Чеҳрааш хандону рахшон чун рухи Гулнор шуд.
Гашт дармону давои дарди ҳар бечорае
Лек теғе бар гулӯи душмани маккор шуд.
Ҳар нидои ӯ чунин парвоз дорад сӯи Шарқ
Ҳоли сайёдони Ҳинду Чин аз он душвор шуд.
Бин, чи сон дар рӯзҳои ҷашни устоди бузург
Ранҷбар бо ӯ қарини сӯҳбати дидор шуд.
Соли 1935
ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун,
Дар ҷаҳон бедӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун,
Дӯстро аз дӯст, ҷонам, фарқ кун,
Дӯсти пайванди ҷонро гум макун,
Чашмаи илҳоми мо халқ асту бас,
Халқи машҳури ҷаҳонро гум макун.
Зинати боғ аз гули хандон бувад,
Мисли гул хандонлабонро гум макун.
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум.макун.
Соли 1975
1 2 3 4
5 6 7
8 9 10
11 12 13
14 15 16
|