banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ҒАЗАЛҲОИ ТУРСУНЗОДА

ШОИРО

Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар.
Сӯхтан пӯлоду одам офарад,
Аз шарора тоза гулхан офарад.
Пурҳарорат гар намешуд офтоб
Зйндагӣ мегардад аз сармо хароб.
Бе ҳарорат санг буду дил, набуд,
Дилкушою пурсафо манзил набуд.
Бе ҳарорат не дамидан буд расм,
Не, шукуфтан, не расидан буд расм.
Бе ҳарорат дар лабонат ханда нест,
Хандаи чун машъали тобанда нест.
Шоиро, аз. сӯхтан ҳаргиз манол,
Сӯхтанро дӯст медорад висол.
То насӯзӣ, сохтан мушкил, бувад,
Дил ба ҷонон бохтан мушкил бувад.
Шеър ҳам бояд занад фавворае
Аз танӯри дил чу оташпорае,
Сар занад аз дил, ба дил коре кунад,
Нармтар сангин дили ёре кунад.
Ёр донад, ки чӣ бошад, сӯхтан,
Дар вафодорӣ сабақ омӯхтан.
Шоиро , аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар!

Соли 1963

ОШЁНИ БАЛАНД

Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,
Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор.
Осмон дар гунбади сабзаш агар ҷоят диҳад,
Ошёни фикри дурандеш дар он чо гузор.
Нестӣ ту булбули чӯли, ки афғон сар кунӣ,
Чашмро бо камтарин ашки надомат тар кунй,
Бевафоии гули хори биёбон дидаву
Манзили худро нишемангоҳи ғору ҷар кунӣ,
Ошён гар паст бошад, бод вайронаш кунад,
Бачча ҳам бозичаи санги фалахмонаш кунад.
Гурбаи мискин, ки умре дар ғами болу пар аст,
Чӯҷаҳои навпаратро роҳати ҷонаш кунад.
Дуртар парвоз кун аз лона — аз ҷои баланд,
То ки парвози ту ояд дӯстдоронро писанд,
То ба сӯят чашми ҳайрат дӯхта, гӯяд Ватан:
«Эй, хушо гаштаст фарзанди азизам арҷманд».
Гар кунӣ парвоз, парвоз аз уқобон ёд гир,
Аз давиданҳои аспи рӯзгорон ёд гир,
Хоҳ гирйӣ, хоҳ хандӣ, чун баҳорон сабз бош,
Чанги раҳро шустан аз борони найсон ёя гир.
Гар кунӣ парвоз бо ёди падар парвоз кун,
Бобҳои тозаро дар пеши рӯят боз кун.
Гулханеро, ки падарҳо дар раҳат афрӯхтанд,
Машъали тобандаи дастони пурэъҷоз кун.
Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор,
Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор,
Нест чунки ҳеҷ чизе аз дили инсон баланд,
Ошёни меҳри худ дар мағз-мағзи ҷон гузор,

Соли 1967

ШЕЪРИ МАН

Шеъри ман!
Хуни ҷигар, ё пораи дил гӯямат,
Ё шитоби корвон дар роҳи манзил гӯямат,
Ё хурӯҷи мавҷ дар домони соҳил гӯямат,
Роҳатат аз ҳад зиёду заҳматат з-он бештар,
Мухтасар сар то ба по савдои мушкил гӯямат.
Аз ту омад гар табассум дар лабе, таҳсин туро,
Рафт хоб аз чашми муштоқон шабе, таҳсин туро,
Зистӣ бо мақсаде, бо матлабе, таҳсин туро,
Гар нишастӣ соате дар сӯҳбати ёри азиз,
Шодмон кардӣ диле бо як гапе, таҳсин туро.
Рӯзу шабҳоро паси сар карда, хидмат мекунӣ,
Ҷон фидои номи дилбар карда, хидмат мекунӣ,
Аз арақ пушти лабат тар карда, хидмат мекунӣ,
Гӯш нандозад ба фарёдат агар бераҳм ёр,
Аз фиғон гӯши фалак кар карда, хидмат мекунӣ.
Гар даме хомӯш монӣ, шӯру исён мекунам,
Баҳрҳоро ман ба ҷӯш оварда, тӯфон мекунам,
Кӯҳро зеру забар аз зарби вулқон мекунам,
Гар ту ёбӣ лоиқи ҳусни нигорам як сухан,
Кишвари дилҳои мардумро гулистон мекунам.
Шеъри ман!
Медонамат зебо саманди ман туӣ,
Осмони беғубори дилписанди ман туӣ,
Рӯзи майдон беамон тиру каманди ман туӣ,
Дуртар, болотар аз арзу само парвоз кун,
Чунки танҳо кавкаби бахти баланди ман туӣ.

1972

1  2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12   13   14   15   16  

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011