РӮДИ ГАНГ
Дар шаби тор оби рӯди Ганг
Буд бо акси Каҳкашон ҳамранг.
Ё ба чашми ту ҷилвагар мешуд
Мисли шамшерҳои занголуд.
На ба рӯи касе нигаҳ созад,
На зи кас рӯйро панаҳ созад.
Асрҳо дар замини Ҳиндустон
Гашта ҷорӣ хамӯшу гӯшгарон.
Меравад сӯи баҳр бо сари хам,
Гӯӣ дорад ба дӯш кӯҳи алам.
Гуфтам: эй Ганг, аз чӣ хомӯшӣ,
Аз чӣ дарёсифат намеҷӯшӣ?
Сар ба саҳро ниҳодаӣ, чунӣ,
Ё ки дар ғам шарики Маҷнунӣ?
Нафасат аз чӣ гарму сӯзон аст,
Рег пеши дами ту бирён аст.
Ку насими баҳории чаманат,
Зинати боғу лолаю суманат?
Ку чаманзори сабзпӯши ту,
Савти мурғони пурхурӯши ту?
Ё нуҳуфтӣ даруни сина магар
Орзуро чу донаҳои гуҳар?
Ё шарикӣ ба дарди ҳамватанон,
Мехӯрӣ ғам барои Ҳиндустон?
Рози дилро ниҳон макун аз ман,
Аз барои савоб, о ба сухан!
Омадам ман ба назди ту меҳмон
Аз шукуфта диёри тоҷикон.
Ту равонӣ ба ҳар дари хона,
Бар дари ошною бегона.
Ба ҳавои ту сабзаи намнок
Дар лаби ҷӯй сар кашад аз хок.
Ба ҳавои ту чашмаҳои соф
Синаи кӯҳро кунанд шикоф.
Дар ҳавои ту абр гирён аст,
Дашти беоб синабирён аст.
Ба гумонам, ки гаштаӣ ҷорӣ,
Ту на аз чашмаҳои кӯҳсорӣ,
Балки аз оби чашми гирёнӣ,
Арақу ашкҳои деҳқонӣ.
Дар дилат ҷои донаҳои гуҳар
Мурдаҳоянд гашта хокистар,
Мардумонат агарчи деҳқонанд,
Дар замини ту хӯшачинонанд.
Кардаанд одамони бадкирдор
Як пули оҳанин ба дӯшат бор.
Рӯзу шаб аз сарат кунанд убур
Корвонҳо ба сӯи Ғарби дур.
Ҳар вагоне ки меравад лабрез,
Шояд аз баҳри туст ғамангез,
Ё магар дидаӣ, ки бемузде
Дили ту канда мебарад дузде,
Мебарад ҳусни навбаҳоратро,
Вопасин тухми киштзоратро,
Мебарад шири модарони туро,
Ризқи бечора кӯдакони туро.
Ҳар чӣ бошад, бузург рӯд астӣ,
Ҳиссаи баҳри беҳудуд астӣ,
Рӯдворона зиндагонӣ кун!
Ҷӯш зан,
Ҷӯш зан,
Ҷавонӣ кун!
Соли 1947
БОҒИ МУАЛЛАҚ
Дидаам дар Бомбай боғи муаллақ чун биҳишт,
Бо қалам тавсифи онро кай тавонад кас навишт.
Боғ сабзу акси он рӯзу шабон дар об сабз,
Дар даруни об гӯё шӯълаи маҳтоб сабз.
Дар лабони хубрӯён ханда ҳусни дигар аст,
Ҷилваи ин боғ ҳам дар нозукӣ нозуктар аст.
Рӯбаҳу оҳуву фил аз навдаҳо сабзидаанд,
Ҷонварон дар баргҳо тасвири худро дидаанд.
Бофта қолини сабз аз сабзаҳо дасти ҳунар,
Бар рухи ҳар барг шабнам медурахшад чун гуҳар,
Дидаам ду боғ ман, ду гунбази сабзу кабуд,
Дар баландӣ он якею
В-он дигар дар об буд. Ногаҳон аз Ғарб омад киштии бегонагон,
Гашт вайрон акси боғи сабз аз ин бори гарон.
Ё ба ҳинду инглисҳо меҳрубонӣ мекунанд?!
Обҳои хоки онро посбонӣ мекунанд?
Ҳаргиз ин сон нест,
Ҳаргиз! Нест ин сон, ҳеҷ гоҳ!
Балки биншастаст мисли доғ дар рухсори моҳ!
Ин чӣ найранг аст, ки дар зери боғи дилписанд!
Дар халиҷи Бомбай байроқи Амрико баланд?!
Соли 1947.
ТАРА-ЧАНДРИ
Ба обу ранги нав Бедил чу омад дар чаҳони назм,
Аз ӯ ҳусни дигар омӯхт боғу бӯстони назм.
Сухан меронд сарбаста, ниҳон медошт маъниро,
Ба мисли донаи гавҳар, ки пинҳон аст дар дарё.
На муфтӣ буд, на мулло, на бетавфиқ рӯҳонӣ,
Фақат мекард бар дунё нигаҳ бо чашми инсонӣ.
Сано бар Комде гӯён, суруде аз Мадан хонон,
Ба тори назми худ овард ишқи поки ин ёрон.
Ба рақси Комде шайдо, ба овози Мадан мафтун,
Навишт ин номаи ушшоқ шоир бо дили пурхун,
Ба мисли Комде дар ҳусну дар санъат ҷаҳонгирӣ,
Ту, эй раққосаи даврон, Тара-Чандри, Тара-Чандри.
Дили тоҷику ҳинду чун ду шамъи анҷуман афрӯхт.
Ба доғи ин ду шамъи анҷуманафрӯз Бедил сӯхт.
Чу дидам дар диёри ту хазони бӯстонеро,
Намудам ҷустуҷӯ аз Комде дар он нишонеро,
Чу дидам дар сари кӯи ту биншаста ғубореро
Дар он аз Комде ҷустам нишони ёдгореро,
Ба вақти рақси мавзунат, ба чашмони пурафсунат,
Кабӯтар дар ҳаво, оҳу ба саҳро гашта маҷнунат.
Ба вақти чархгардонат, ба гирди пои печонат,
Намояд ҷилва дар чашмам пари товус ба домонат.
Ба зери анбарин зулфи сиёҳат чун қамар дидам,
Дар он аз офтоби Комде гӯё асар дидам.
Агар хуршед буд Комде, ту монанди маҳи бадрӣ,
Ба рӯи осмони худ Тара-Чандри, Тара-Чандри.
Ғазал мегуфту дур месуфт Ҳофиз — шоири Шероз,
Суханро дода дар васфи шумо ҷодугарон пардоз.
Дили тоҷику эронӣ муҳаббатгоҳи Ҳофиз шуд,
Суруди ошиқон ҳамсӯҳбати дилхоҳи Ҳофиз шуд.
Дилу ҷонро фидо кард ӯ барои чашми ҷодуе,
Ба зулфони суманбӯе, ба холу хатти ҳиндуе.
«Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро»
Бигӯ, моҳи нави ҳинду, чӣ сон чун зарра пайдо шуд
Ҳамон холе, ки дорӣ дар миёни абрувони худ?
Наёвардам на дому донаи ҷодугарони ту,
На зулфони сиёҳи ту, на холи абрувони ту,
Маро овард дар пеши ту ёди дӯстони ман,
Хаёли дӯстони давлати пуршаъну шони ман.
Ман аз мулки саодатманд — мулки тоҷикон оям,
Ба мисли аввалин бӯи баҳор аз бӯстон оям.
Ман аз рақси ту мафтунам, зи ҳолат лек маҳзунам,
Тара-Чандри... Тара-Чандри... макун ин қадр афсунам!
Чӣ хол аст он, ки дар тоқи ду абрӯят кунад бозӣ,
Чӣ хол аст ин, ки Ҳофиз шуд ба ҳар қурбоние розӣ?
Магар дар осмони ҳусн моҳи тирае дорӣ,
Магар худ Зӯҳраву чун Муштарӣ ҳамширае дорӣ?
Магар дар хонаи абрӯи худ ганҷе ниҳон дорӣ,
Ки мисли мор зулфони ба гирдаш посбон дорӣ?
Марам аз дӯст чун оҳу, ба ман сирри дилатро гӯ,
Тара-Чандри, Тара-Чандри! Ту, эй бозингари ҳинду!
Агар бо рақс бархезӣ, ҳавои форам ангезӣ,
Зи боғи санъати халқат ба гирди хеш гул резӣ.
Ба чунбиш мавҷи дарёӣ, ба лағзиш реги саҳроӣ,
Ҳунарманду ҳунарпеша зи сар то нохуни поӣ!
Сабук чун парниёнй ту, беҳ аз оби равонӣ ту,
Ба каф дурри гаронӣ ту, ба тан ҷонӣ ту, ҷонӣ ту!
Матарс аз шӯълаҳои аввалини субҳи озодӣ,
Маларз аз боди даҳшатноки тӯфон мисли шамшоде,
Умеду орзуи халқи худро дар дилат ҷо кун,
Дили пурҳасрати онро ба мисли ғунчае во кун.
Ту, эй фарзанди маҳбуби диёру кишвари бебахт,
Сияҳчашму сияҳабрӯ, сияҳмӯ, духтари сарсахт!
Соли 1947
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
|