banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ҒАЗАЛҲОИ ТУРСУНЗОДА

ДАР ЁДИ КАС

Нақш бандад солҳо дар ёди кас
Дашти бепоёну фарёди ҷарас.
Раъду барқу гиряи абри баҳор,
Мавҷи баҳру фикри дурии канор.
Мерасад гоҳо ба ёди одамӣ
Роҳати ҷон — бӯстони хурраме.
Месарояд булбули ширинсухан
Рӯзу шаб бо як забон дар он чаман.
Дар ҷаҳон кардам сафар ман борҳо,
Зиндагӣ санҷидаам бисёрҳо—
Дидаам ҳар гуна халқу кишваре,
Мамлакатҳои аҷоибманзаре.
Дидаам, ки олам аз баҳру бар аст,
Хислати ҳар кишвар аммо дигар аст.
Мерасад дар ёди кас беихтиёр,
Мулки зебое чу рӯи навбаҳор.
Дар назар ӯ ҷилва созад гоҳ-гоҳ
Аз ақиби пардаи абри сиёҳ;
Дар миёни мардуми ин сон диёр
Дӯстй якбора гардад барқарор.
3-ин сабаб балки намудам ҷо ба дил
Ёди ёроне, ки кардандам гусел...
3-ин сабаб ҷо кардаам дар ёди худ,
Манзари шаҳрею дарёи кабуд.
Ҳалқаи майдони он аэродром,
Дидаҳои пур-умеди издиҳом.
Қарнҳо гар зинда монам дар ҷаҳон,
Ман ба ёди худ нигаҳ дорам аён
Чеҳраҳои тираи ғамнокро,
Синаҳои чок-чоки покро,
Дастафшону ҳаросон дӯстро,
Ҳайкали аз устухону пӯстро.
Мо шудем аз ҳашт боғи як чаман —
Ҳашт республикаю аз як ватан,
Меҳмони кишваре, ки халқи он
Умрҳо аз бахт меҷӯяд нишон.
Меҳрубон будем мо бо якдигар
Мисли фарзандони як модар, падар.
Мо ҳама гуфтем дар чандин забон:
«Меравем акнун ба сӯи хонамон!»
«Дӯст» гуфтам, чун бидидам, ки шумо
Дида бикшодед ғамгинтар ба мо...
Хубтар кардам нигаҳ ман сӯи дӯст,
То барам бо худ нишон аз рӯи дӯст:
Сӯи он рухсору чашмони сиёҳ
Бо муҳаббат менамудам ман нигоҳ.
Дида дидам, чун чароғи мурдае,
Рӯй дидам, чун гули пажмурдае.
Гуфтам: аз чӣ боғатон тороҷ шуд?
Ё ки марвориди рӯи тоҷ шуд?!
Халқи онро кӣ чунин хораш намуд?
Дар парешонӣ кӣ водораш намуд?
Ҷустуҷӯ кун боғбонро, зуд ёб,
То назар созад ба ин боғи хароб,
То дарахти хушкро аз бун канад,
Пистаҳои пучро дур афканад.
То бирӯёнад дарахти дигаре,
Шохи нав рӯёнаду барги таре.
Чун бигуфтам: «дӯст», ту гуфтй ба ман:
«Нест қиматтар ба дунё з-ин сухан.
Кай шавад рӯзе ки пайвандем мо?
Шодмон мисли шумо хандем мо?
Кай шавад рӯзе, ки дар чандин забон
Мо ҳам орем аз дилу ҷон «хонамон!»?
Узви як хона чаро мо нестем?
Аз чӣ ҳоло бо шумо мо нестем?
Нест дар мулки шумоён золиме,
Не фақиру не гадо, не ҳокиме.
Соҳиби зебоватан гардидаед,
Ҳокими боғу чаман гардидаед».
Гуфтию бурдӣ дами худро фурӯ...
То даме ки бо ту будам рӯ ба рӯ.
Шуд вазон боди фараҳноки баҳор,
Як умеди нав ба дилҳо кард кор.
Дар лабони хушку бенам шуд падид
Ғуссаи садсолаи касношунид;
Дар бари рухсора аз чашмони тар
Рехт мисли жола хуноби ҷигар.
Дар фазои тира овози ҷавон
Рафт то авҷи сурайё барқсон;
«Мо ба монанди шумо хоҳем шуд,
Дур аз ҷавру ҷафо хоҳем шуд!»
Паҳн шуд дар кишвари андӯҳгин
Аз дили пурҷӯш овозе чунин:
«Доимо овар ба ёдат рӯи мо,
Чашми уммедат макан аз сӯи мо!
Мешавад рӯзе ки аз зери саҳоб,
Аз паи шаб мебарояд офтоб!»
Мурғи пӯлодини мо пар боз кард,.
Корвони турнаҳо парвоз кард,
То барад моро ба оғӯши Ватан —
Дар ҷаҳон ноёб мулки хештан.
Дӯстон монданд дар аэродром
Бо дуруди дӯстию эҳтиром.
Дурам, аммо ёди ёрон мекунам,
Ёди он чашмони гирён мекунам;
Мекунам ёди дили садрешро,
Мефиристам ман суруди хешро...
Гар ту пурсӣ: дар куҷо ин кишвар аст,
Дар кадомин нуқтаҳои меҳвар аст?
Дар кадомин соҳили дарё бувад?...
Гӯямат, ки: — дар дили ман ҷо бувад!
Гар ту пурсӣ: роҳ чандинрӯза аст?
Ин гапи дирӯза ё имрӯза аст?
Гӯямат, ки: роҳ наздик асту бин
Дидаамро бо ду чашми тезбин.
Чашми ман гӯё ки меҷӯяд мудом
Сояи он дӯстонро субҳу шом.
Номи онҳо аз дилам ояд ба лаб
Ҳам ба бедорию ҳам дар хоби шаб.
Мешавад шаҳре ки дидам ҷилвагар
Дар назар чун сӯхта рӯи қамар.
Дар фазо мегардад аммо ин садо:
«Мешавем озод монанди шумо!
Доимо овар ба ёдат рӯи мо,
Чашми уммедат макан аз сӯи мо!»

Соли 1948

САЙЁҲИ ҲИНД

Кӯдаке мегашт бо қуттии худ
Дар хиёбони лаби баҳри кабуд.
Метавонистӣ, ки дар чашмони ӯ
Пай барӣ аз мақсади пинҳони ӯ.
Медавид он ҳар тараф бо ҷустуҷӯ,
Сӯи хар як раҳгузар оварда рӯ.
Огаҳӣ медод симои писар,
К-омадаст ин ҷо вай аз мулки дигар.
Ӯ нарезондаст хуни нофи худ
Дар ҳамин шаҳри лаби баҳри кабуд.
Гашт маълумам, ки афғонбаччаест,
Содаю гумроҳу нодон баччаест,
Гашт маълумам, ки меҳмон омадаст
Меҳмон аз мулки афғон омадаст,
Гуфтам: «Эй сайёҳи ҳинди кобулӣ,
Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.
Ҷисми хурдатро ба пушти Ҳиндукуш
Кӣ ҳаво дод, аз чӣ мегардӣ хамӯш?
Ё туро бахти сиёҳат рондааст?
Боди афғонӣ магар паррондааст?
Баҳри чӣ кардӣ, ту эй наврасписар
Аз сари кӯҳи Сулаймонӣ1 : гузар?
Ё касе гуфтат, ки дар Ҳиндустон
Ризқи инсон аст чун оби равон?
Ҳар чӣ мехоҳӣ, ту пайдо мекунӣ,
Нозу неъматҳо муҳайё мекунӣ,
Мекунӣ пур доманат аз чормағз,
Аз бананҳову апелсинҳои нағз.
Меравад дар ҷӯйҳояш ҷӯи об
Дар тамоми фаслҳо ширу шароб,
***
Балки оварди ту ҳангоми сафар,
Ҷаннати афсонавиро дар назар.
Хостӣ ё аз ҷаҳонгардон шавӣ
Навҷавон сайёҳи Ҳиндустон шавӣ?
Ин замин кардаст аз даври куҳан
Фикри оламро асири хештан,
Дар фироқи он Сикандар шуд кабоб,
Бобуру Темурҳо хоку туроб.
Кард Да Гама1 ба рӯи баҳрҳо,
Чун ҳубоби хонабардӯше шино.
Лордҳои англисӣ дер боз
Рафтуо доранд монанди «миҷоз».
Хуб медонам, ки сӯи ин диёр
Н-омадӣ монанди қавми судхор.
Н-омадӣ, то ки ҷаҳонгирӣ кунӣ,
Зулми нав бахшию ҷонгирӣ кунӣ!
Н-омадӣ то хуни ҳиндуро хӯрӣ,
Бахти бад орию нафъи сад барӣ,
Омадӣ ёбӣ ту нони хешро,
Зинда дорӣ хурд ҷони хешро,
Гушнагӣ партофтат бе хайру хуш,
Дар паси кӯҳи баланди Ҳиндукуш,
Эй ҷаҳонгарди ҷавони кобулӣ,
Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.
Баччагон бояд ки дар ин синну сол
Баҳраҳо гиранд аз фазлу камол;
Баҳраҳо аз давлати умри ҷавон,
Аз навозишҳои хандон модарон;
Баҳраҳо аз рӯзгори пурумед,
Аз шукуфтанҳои иқболи сафед.
Дар диёри аъзами пуршони ман,
Эҳ, чӣ хушбахтанд фарзандони ман!
Мешавад ояндаи онҳо аён
Пеши чашми ман чу дунёи калон!
Бахти ту дар ин диёри бепаноҳ,
Худ сияҳ буд боз бадтар шуд сиёҳ,
Дар хиёбон улфати ғам мешавӣ,
Пеши пои нокасон хам мешавӣ.
Мекунӣ бо рангу бори хеш пок,
Мӯзаҳои бахтдуздонро зи хок.
Аннаеро1 чун худоӣ медиҳанд.
Назр гӯё бар гадое медиҳанд.
Хонадонеро ту бо ин аннаҳо
Менамоӣ «сер» гӯё доимо.
Ҳам падар, ҳам модари бекори ту
Чашм баста дар раҳи бозори ту.
Мисли ту сайёҳи хурди номурод,
Дар ҷавонӣ ман надидам рӯзи шод..
Мешунидам аз падар шабҳои тор
Мисли ту афсонаҳои бешумор.
Ӯ ба ман мегуфт:
«Дар самти ҷануб-Кишваре бисёр зебоясту хуб.
Сурати он мамлакат дигар бувад,
Обҳояш нуқра, хокаш зар бувад.
Пасттар ҳар сол гардад офтоб,
Як қади найза ба рӯи хоку об».
Ман кунун аз мулки хуррам омадам,.
Чун вакили халқи аъзам омадам,
Омадам дидам туро бо чашми худ
Дар хиёбони лаби баҳри кабуд,
Медавӣ, бо чашми пурнам медавӣ,
Пеши пои нокасон хам мешавӣ.
Мекунӣ бо рангу бори хеш пок,
Мӯзаҳои бахтдуздонро зи хок.
Эй ҷаҳонгарди ҷавони кобулӣ,
Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.
Ҳайфам ояд, ки ту дар ин синну сол
Мондаӣ бебаҳра аз фазлу камол.
Дузди бахти халқҳо минбаъд боз
Пои худро сӯи ту созад дароз,
Хоки пояшро набояд пок кард,
Пок аз он бояд ки акнун хок кард!

Cоли 1948

1  2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12   13   14   15   16  

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011