banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ҒАЗАЛҲОИ ТУРСУНЗОДА

ДАР ОРЗУИ ОШЁН

Ба умри худ магар дидӣ касеро,
Ки аз рӯи замин безор бошад,
Ба фикри осмони беғубору
Қадамнорас сари кӯҳсор бошад.

Кунад парвоз монанди уқобон,
Ба ҳар ҷо, ки дилаш хоҳад нишинад,.
Дигар ҷавру ҷафои золимонро
Ба дӯши худ на бардорад, на бинад.

На дигар бинаду сӯзад ба доғи
Замини зерипогардидаи худ;
Дили хунину пурдоғи фақирон,
Тани бо дарду ғам печидаи худ.

Сафар кардам ба Ҳиндустон дидам
Басе ин гуна мискин одамонро,
Ба гӯши хеш дар ҳар ҷо шунидам
Суруди орзӯ, уммедашонро:

«Чаро дар кишвари худ ошёне
Ҳама паррандагон доранду мо не?
Уқобон дар фазои кӯҳсорон
Барои худ ҷаҳон доранду мо не?»

Чу ояд шаб намедонанд онҳо
Сари худро куҷо монанду хобанд,
Ба зери сар дар он шабҳои торик
Чӣ сон хишту кулӯхеро гузоранд.

Дарахти сершоху барги манго
Тамоми рӯзу шабҳо соябон аст,
Ба болои сари онҳо чу симурғ
Пари худро кушода посбон аст.

Ҳама деҳқону фарзанди заминанд.
Валекин дар замин ҷое надоранд,
Барои зистан дар рӯи дунё
Тамоми умр маъвое надоранд.

Ба шаҳр оянд агар, дар ҳеҷ шаҳре
Ба рӯи худ дари бозе набинанд;
Ба ғайр аз толеи пасту сари сахт
Дигар ёрею дамсозе набинанд.

Замин сахту баланд аст осмон ҳам
Тамоми шаб ситора мешуморанд;
Ба ғайр аз хорию зорӣ кашидан
Дигар гӯё илоҷе ҳам надоранд.

Дар ин ҳангом дасти пуртавоне
Гирифта аз бағал бардорад аз хок,
Бигӯяд: «Одамӣ ту, қадри худ дон,
Дигар маншин парешон бар сари хок!
Ба ин рӯзи сиёҳи мардуми Ҳинд
Надоранд обу хоки мо гуноҳе,
Агар хоҳӣ, ки бахти хеш ёбӣ.
Қадам неҳ бо адолатхоҳ роҳе.

Ба коми хеш кун кори ҷаҳонро,
Фазорову заминрову замонро.
Нахоҳӣ кард он дам орзуи
Саодатмандии паррандагонро».

Соли 1948

ҚАДАҲИ МАН

Дидани ғоратшуда Ҳиндустон —
Ҳолати тоқатшикани ҳиндуён,
Дидани як тӯдаи бедарду ғам —
Мардуми бегона зи лутфу карам,
Дидани бечора гадоёни роҳ—
Мурдани сад марду зани бепаноҳ,
Дидани бегонаи шайтонҳунар,
Аз паси шайтонии худ судвар,
Дидани майдони бародаркушй,—
Сохтан аз хуни касон дилхушӣ,
Дидани як сӯ ҳама вайронаҳо,
Сӯи дигар серқабат хонаҳо.
Дар дили мо кӯҳсифат зам шуданд
Кӯҳи бузурги аламу ғам шуданд.
Манзараи боғу чаманҳои хуб.
Софу кабудии самои ҷануб,
Болу пари қомати нахли кабуд,
Бешаи беқадду бари хушнамуд
Гардиши шаббодаи дарёи Ҳинд,
Шӯълаи моҳи нави шабҳои Ҳинд,
Хотири моро нанамуданд шод,
Мо Ватани хеш намудем ёд.
Ёд намудем насими Ҳисор,
Алмаато — мамлакати себзор,
Ёд намудем канори Хазар,
Водии Фарғонаи шаккарсамар,
Қуллаи Помир, яхи Элбрус,
Волга — ҳамон модари дарёи рус.
ЁД намудем рафиқони худ,
Халқи пур аз меҳнати шоёни худ.
Кист дар ингуна дами пурмалол
Сӯҳбати ёрон нанамояд хаёл,
Кист нахоҳад дами беғам занад,
Лашкари ғам яксара барҳам занад.

Кай равад аз хотиру аз ёди ман
Сӯҳбати як оилаи ҳамватан.
Монда ба мағзи дилу ҷонам ниҳон
Вохӯрии якшаба бо дӯстон.
Вохӯрии якшабаи дури мо
Кард сабуктар алами зӯри мо.
Боғчае дар дили Калкутта буд,
Шаъну шараф ёфта аз аҳли худ.
Чанд тан аз халқи дусад миллион
Карда ба худ боғчаеро макон,
Қарзи граждонӣ адо мекунанд,
Монда агарчи зи Ватан дур чанд,
Бо Ватан аммо нафаси худ кашанд.
Кай равад аз хотиру аз ёди ман
Сӯҳбати як оилаи ҳамватан
Буд дар он боғчаи хурду танг
Ҳусни табиат ҳама хушобу ранг,
Ҳусни табиат ҳама ҳиндуӣ буд,
Бод фишонандаи хушбӯй буд
Боз ҳамон палмаи товуспаре,
Чатр ба сар қомати сарви таре,
Боз ҳамон ҷилваи найзорҳо,
Найшакару хубии гулзорҳо.
Боз ҳамон бозии санҷобҳо,
Варзиши ҳаррӯза зулол обҳо,
Боз ҳамон маймуни рӯсӯхта,
Кирми чу гавҳар ба шаб афрӯхта,
Боз ҳамон моҳу ҳамон осмон,
Боз ҳамон зинати Ҳиндустон
Буд, вале одами он ҷо дигар,
Тарзи суханронии онҳо дигар.
Одати инсонию қонун дигар,
Фикр дигар, маънию мазмун дигар.
Боғчаи мамлакати дурдаст,
Гашт ба ин сӯҳбати мо ҳамнишаст.
Сӯҳбати мо хуш буду хуш буд насим,
Боғ сафобахшу ҳаво буд ҳалим.
Ҳеҷ кас аз ҳеҷ касе дил наканд,
Чашми худ аз соҳиби манзил наканд.
Рафт чу аз маъракаи мо қамар,
Кард фурӯзон рухи худро саҳар,
Дар кафи худ дошта ман ҷомро,
Ҷоми пур аз бодаи гулфомро,
Як-ду сухан хостам аз косагул,
Он сухан ин аст, ту ҳам кун қабул:
«Гар гузарӣ аз сари Қутби Шимол,
Аз сари дарё ту бароварда бол,
Гар гузарӣ аз сари чӯли Ироқ,
Мисли ҷигарсӯз навои фироқ,
Гар гузарӣ чун маҳи оламнамой,
Аз сари девори баланди Хитой,
Ғарб, агар Шарқ кунӣ ҷустуҷӯ,
Рӯи ҷаҳонро бикунӣ зеру рӯ,
Ҳеҷ наёбӣ ту дар ин моҳу сол
Одами хушбахти советимисол.
Аз Ватан он дур агарчи фитад,
Бо Ватан аммо нафаси худ кашад.
Рафта ба ҳар ҷо ки ниҳад пои худ,
Дур кунад ғам зи қадамҳои худ.
Пас ҳама нӯшем, рафиқон, шароб
Баҳри чунин одами олиҷаноб!»

Соли 1948

1  2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12   13   14   15   16  

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011