КУЛОҲИ ПРОФЕССОР АХВЛЕДИАНИ
Сӯҳбате буд дар фазои ҷануб
Бо рафиқону дӯстони хуб.
Сӯҳбат аз ҳикмати забон мерафт,
Аз фазою ситорагон мерафт.
Васф мекард нуктадон шоир
Шафақи офтоби оламгир.
Олиме буд дар миёнаи мо
Улфати хуби беҳ зи ҷони мо —
Профессор Ахвледиани ном
Соҳиби фазлу устоди калом,
Пирмарди забоншиносе буд
Луғати зиндаи Ғиёсе буд!
Сӯҳбат аз ҳарфи хеш меҷӯшонд,
Ба сухан тоза ҷома мепӯшонд.
Гаҳ сухан аз Санскрит меронд
Гоҳ шеъре ба тоҷикӣ мехонд!
Гоҳ аз Шарқ ҳикмате мегуфт,
Мухтасар он дури сухан месуфт.
Бо чунин шавқ аз Грузия он
Кард рӯзе сафар ба Ҳиндустон.
***
Офтоби Ҷануб сӯзон буд,
Боди чӯли Ироқ тафсон буд.
Рӯз мерафту шаб қарин мешуд,
Фикри мо, ёди мо замин мешуд.
Зери по шуд халиҷи Форс падид,
Рӯи сар — осмони бехуршед.
Менамуд аз паси сиёҳии шом,
Регзорони соҳили Ором,
Регзори ҷанубии Эрон —
Манзари тираи Булуҷистон,
Менамуданд хол-хол сиёҳ
Рӯи дарё ҷазираҳо ба нигоҳ.
Мурғи мо боли хешро ба замин
Кард во дар ҷазоири Баҳрин,
Зада фарёд чун гурусна шағол
Кард моро шамол истиқбол,
Рехт он регу хок аз сари мо,
Чангҳо зад ба доману бари мо.
Чанд сарбози англисӣ ҳам
Сӯи мо омаданд маршқадам.
Пеши саф истода майоре,
Мӯйлабзард марди айёре.
Менамуд аз раҳи риёкорӣ
Ӯ адо расми меҳмондорӣ.
Буд пайдо, ки бо қиёфаи сард
Зери лаб заҳрхандае мекард.
Шуд ба ҳукму ишорати майор
Рӯйбаста машинае тайёр.
Хост майор, ки барад пинҳон
Ҷониби хобгоҳ меҳмонон,
Бурд ин дам шамол сӯи ҳаво
Кулаҳи Ахвледианиро.
Профессори мо парешон шуд,
Аз қафои кулаҳ шитобон шуд.
Лек майор тез тунд давид
Монеи роҳи пири мо гардид.
Рӯ ба рӯ омаданд як муддат
Субҳи пурнуру шоми пурзулмат...
Ба чунин расм пир ҳайрон монд,
Ақлошуфтаю ҳаросон монд.
Бод мебурд чун кулоҳашро
Ӯ намеканд аз он нигоҳашро.
Ба ҳаво буд кулоҳ дар парвоз,
Ҷониби он майор дар таку тоз.
Лаҳзае рафту соате бигзашт,
На кулаҳҷӯю на кулаҳ баргашт,
Мо нишастем оқибат ба машин,
Буд аммо рафиқи мо ғамгин.
Ғусса мехӯрд, ки шамоли шум
Ногаҳон кардаш аз кулаҳ маҳрум.
Сад қадам дуртар аз аэродром
Шуд ба назди даре машин ором.
Якшаба хобгоҳи мо он буд,
Ки пиёда равем ҳам мешуд.
Лек майор бадгумонӣ кард,
Ҳилаю кӯшиши ниҳонӣ кард,
То ки меҳмонҳо «гунаҳ» накунанд,
Гирду атрофро нигаҳ накунанд,
То набинанд сирру асроре,
Нагузоранд аз худ осоре.
***
Ман бихуфтам ба рӯи дивани хурд,
Хоби ошуфтапир ҳеҷ набурд.
Бо умеде қадамзанон он мард
Чашми худро ба сӯи дар мекард.
Шояд ин ки кулоҳи бодсавор
Аз сафар бозгардад охири кор.
Куфт ногаҳ касе дари маро,
Аз паси он майор шуд пайдо,
Узрхоҳӣ намуда дод кулоҳ,
Кард таъзиму рафт пас, онгоҳ
Мисли гул Ахвледиани шукуфт,
Тифлсон ханда карду ҳеҷ нагуфт.
Гуфтам: «Эй дӯстам,кулоҳи шумо
Дид он чӣ ки буд ниҳон аз мо.
Ҳайф, медошт гар кулоҳ забон
Сафарашро ҳикоя мекард он»
Метавонед, эй рафиқи азиз,
Набаред бар кулаҳ ҳасад ҳаргиз,
Ман муфассал шунидам кайҳо
Сирру асрори ин ҷазоирро.
Метавонам, ки ман баён бикунам
Қиссаҳои халиҷи Форс ин дам.
Аз забони кулоҳ олими мо
Кард оғоз ин ҳикоятро:
«Чун нишастам ба рӯи аспи шамол,
Пеш омад маро аҷаб иқбол:
Ҳар тараф лашкаре фузун дидам,
Тӯпу тайёраҳои ғун дидам.
Дидам анвои киштии вазнин,
Сангару қалъаҳои пӯлодин,
Ҳар тараф ганҷҳои бемикдор,
Пурбаҳо нефт-конҳо бисёр.
Дидаам тӯдаи ғуломонро
Пою сарҳо бараҳна инсонро,
Писару духтарони бекасу кӯй,
Арабу форсҳои маъвоҷӯй.
Чун ба болои сар маро диданд
Ҳама шодои ба ман дарафтиданд,
Чор ҳарфи навиштаро хонданд,
«СССР!» гуфта дар забон ронданд.
Ин суханро майор чун бишнид,
Ранги он мисли коҳи гил коҳид.
Наъра зад чун паланги дарранда
Ӯ сари ҳар ғулому ҳар банда.
Кард бо нӯги тозиёнаи худ
Пушти бечорагон сиёҳу кабуд.
Гуфт: «Ин моли болшевикон аст,
Бинадаш ҳар кӣ номусулмон аст!»
Сахт дар қабзи худ маро афшурд,
Наздат оварду боадаб биспурд».
Кард аз пушти дар касе шавқун,
Ки: «Наяфшурдаам туро, бас кун!»
Мо дари хона зуд во кардем,
Нигаҳ аз пушти беҳаё кардем,
Ҳар ду дидем, ки ҳамон майор
Меравад хашмгин дар коридор.
Гуфтам: ин шахс кард ҷосусӣ,
Мезанад гап шикаста бо русӣ.
Дӯстам Ахвледиани маро
Хуб фаҳмиду гуфт: дар дунё
Ин парастандагони молу зар,
Дӯстдорони хокҳои дигар
На фақат золиманду ҷаллоданд,
Балки ҷосусҳои устоданд.
Бандагонро бародарон гӯянд,
Ҳабсу зиндон — доминион гӯянд...
Беҳтараш ин ки ҳар ду хоб кунем,
Тарки ин фикри пуразоб кунем.
Сафари мо ҳанӯз дар пеш аст,
Тай нагардида роҳи мо беш аст.
Соли 1948
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
|