banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ҒАЗАЛҲОИ ТУРСУНЗОДА

СУРУДИ МАН

Сурудам — ҳофизи рози дили ман,
Аниси булбуловози дили ман.
Уқоби тезпарвози дили ман,
Адиби нуктапардози дили ман.
Ба обу ранги навовоз сар кун,
Сар овози нав аз банди ҷигар кун.
Туро медонам, эй мурғи ғазалхон,
Ки озодона дар ин давру даврон,
Дурахшида мисоли дурри ғалтон,
Равонӣ мисли оби ҷӯйборон.
Гулистонро гули пурхандаӣ ту,
Ба майдои ханҷари буррандаи ту.
Ту бо ман рӯз месозӣ шабонро,
Мисоли моҳ мегардӣ ҷаҳонро,
Суруда, васфи зебо ошёнро —
Ватанро, кишвари чун бӯстонро.
Дили касро мунаввар мекунӣ ту,
Ба мисли гул муаттар мекунӣ ту.
Ватанро қосиди ҳар фатҳи бобӣ,
Ба дасти кӯдакон хоно китобӣ,
Ба осонӣ ба ҳар дил роҳёбӣ,
Ба маҷлис гар равӣ, ҷӯши шаробӣ.
Чӣ хуш бодавлатӣ дар сояи халқ,
Зиреҳ пӯшидаӣ аз ғояи халқ.
Ҳанӯз, эй дӯсти ҷонӣ, ҷавонӣ,
Дарахти наврасӣ ин бӯстонӣ,
Шакарпайванди боғи тоҷиконӣ,
Вале обу ҳавои зиндагонӣ.
Туро соат ба соат қад кашонад,
Ба ҳадди авҷи сарсабзӣ расонад.

Соли 1946

ДАСТИ МОДАР

Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ,
Гулхани шаъну шараф афрӯхтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ,
Кишвари гул-гул шукуфон хостӣ,
Бо ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ,
Қасрҳову кӯшкҳо андохтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки дар рӯи замин
Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин,
Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб
Дилпурона давлати олиҷаноб,
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,
Аллагӯён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сӯям оғӯшат калон бикшодаӣ,
Бо ҳамон дасте, ки дастам доштӣ,
Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ,
Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо
Пок кардӣ ашки чашмони маро,
Бо ҳамон дасте, ки гул бӯ кардаӣ,
Шонаро бар кокулу мӯ кардаӣ,
Сӯи фатҳи тоза кун аз сидқи дил
Кафзанон фарзандҳоятро гусел!

Соли 1967

МОДАРАМ

Тифл мондам аз ту, модар, рӯи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,
Чунки то имрӯз, модар, кӯи ту дар ёд нест.
Рафтам, аз занҳои пири деҳа кардам ҷустуҷӯ,
Рафта бо санги мазори ту намудам гуфтугӯ,
Гӯш кардам, рафта ҳар як ҷунбиши шохи дарахт,
Бо гиёҳу сабзаҳои дашт гаштам рӯ ба рӯ,
Рӯд мегуфтам, ки ӯ оби маро нӯшида буд,
Кӯҳ мегуфтам, ки дар оғӯши ман кӯшида буд,
Ғӯза мегуфтам, ки карбоси маро пӯшида буд,
Доя мегуфтам, ки бо ман шири гав дӯшида буд.
Чашма мегуфтам, ки омад кӯза бар сар пеши ман,
Хор мегуфтам, ки пояш кард захмин неши ман,
Барқ мегуфтам, ки аз ман буд чашмаш дар гурез,
Абр мегуфтам, ки буд дар гиря кардан хеши ман.
Шаҳд дар комаш ҳамеша талхтар аз заҳр буд,
Ҳам шариат, ҳам тариқат сарвари бадқаҳр буд.
Модари бечораи ту мухтасар сар то ба по.
Як зани н-осудяю як муштипар дар даҳр буд.
Як зани дигар, Ки дар деҳ беш аз сад сол дошт,
-Модарат, мегуфт ӯ, дар кунҷи лаб як холл дошт.
Кулчарӯ, занҷирмӯ, дар қадду қомат чун ниҳол,
Гар саволе ояд аз мулло забони лол дошт.
Модарам, дар ёди ту гашту гузоре мекунам,
Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам,
Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам,
Назми худро бар сари қабрат шиоре мекунам.
Дӯст дорам, модарам, бо ёди ту қишлоқро,
Рӯдҳои нуқрагуну нилгун офоқро,
Ҷилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро,
Ҳамзамон қишлоқиёни дар муҳаббат тоқро.
Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам,
Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,
Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам.

Соли 1966

1  2   3   4  5  6  7  8  9  10  11  12  13  14  15  16 

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011