ДИЛИ МОДАР
Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд
Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд.
Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд.
Агарчи мурдани фарзандро дар ҷанг дидам ман,
Агарчи борҳо бегонаи дилсанг дидам ман,
Ба уммеде, ки бинам чоҳканҳоро ба зери чоҳ,
Намурдам, гарчи бо чашмам аҷал ҳар ранг дидам ман
Намурдам, зистам, фарзанди хурдамро калон кардам,
Шаби тӯи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам.
Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро
Ба келин пешкаш кардам,
Дуо чун модарон кардам.
Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз,
Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз,
Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз,
Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!
ЗАН АГАР ОТАШ НАМЕШУД
3ан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Гар намедидем мо аз кӯдакӣ оғӯши гарм,
Аз муҳаббат бехабар, ноком мемондем мо,
Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,
Кӯри модарзод дар айём мемондем мо,
Гар намеомӯхтем аз зан раҳу расми адаб,
Бадгуҳар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо.
Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.
Гар каломи аввалин аз зан намеомӯхтем,
Лаб фурӯ баста ҳама чун лом мемондем мо.
Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,
В-арна чун санги сари аҳром мемондем мо.
ЗАН, ЗАН АСТ
Синну соли зан ба кас пурсидан аз одоб нест,
Синну соли хешро гуфтан ба занҳо хос нест.
Зан, зан асту дар ҳама ҳолат чу зан момонад он,
Ин муаммоест, ки ҳоҷат ба пурсу пос нест.
***
Аз зани имрӯзаи мо ҳикмату эъҷоз пурс,
Дар фазои зиндагӣ кайфияти парвоз пурс.
Аз замин зан меравад, сайри кавокиб мекунад,
Давраи мо кард занро дар ҳунар мумтоз, пурс.
***
Зан набошад зебу зинат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Зан набошад нест дар рӯи замин нақши ҳаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пои мо.
***
Мард бошӣ байрақи болои сар кун номи зан,
Сабт дар боби зафар бо хатти зар кун номи зан.
Номи зан то осмон бардор дар болои каф,
Машъали тобанда чун шамсу қамар кун номи зан.
ЧАШМИ МАН
Чашми ман серӣ надорад аз тамошои замин,
Хоҳам аз мадди назар н-афтад ягон ҷои замин.
Чашми ман хоҳад, ки бинад навбаҳорон бешумор,
Борҳо бинад шукуфтанҳои гулҳои замин.
Чашми ман маҳви ҷамолу ҳусни зан бошад мудом,
Боҳ зи ҳусни зан набошад ҳусни зебои замин.
Аз азал зан бо замин як гашт чун ду модарон,
Бӯи зан ояд машомамро аз ақсои замин.
Гар намешуд дасти зан ҳусни замин пайдо набуд,
3-ин сабаб гӯем занро маҳфилорои замин.
Ҳокимият гар ба дасти зан саросар мегузашт,
Мардҳоро бештар буд кайфи дунёи замин.
Соли 1975
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
|