ХАНДИДА МЕОЯД
Даме ки дилбарам монанди гул хандида меояд,
Умеди тоза дар дил, нури нав бар дида меояд.
Танашро дода бо пироҳани абрешимин оро,
Гумон созӣ, ки гул дар барги гул печида меояд.
Ба ман дилбар чунон ҳам ошною меҳрубон гаштаст,
Ки ӯ ҳарфи рақибонро дигар нашнида меояд.
Баҳори рӯзгораш рангу бӯи сад чаман дорад,
Рухаш гул-гул шукуфта, хотираш болида меояд.
Камоли ҳусну ишқу обрӯ акнун насиби ӯст,
Гули боғи муроди хештанро чида меояд.
Ба ҳар ҷо, ки равад, бо як нигоҳи сеҳрангезаш,
Тамоми ақлу ҳуши ошиқон дуздида меояд.
Рақиби беадаб, зиштӣ макун дигар ба рӯи ӯ,
Ки аз ту нозанинам бо дили ранҷида меояд.
Соли 1939
ДАР САРИ ТАСВИР
Эй санам, акси туро бисёр зобо мокашам,
Нусхаи ҳуснат зи рӯи барги гулҳо мекашам,
Ранги рӯят дида, лаъл аз санги хоро мекашам,
Зеби дандонат садаф аз зери дарё мекашам,
Доманатро мисли сарви боғоро мекашам.
Меҳри ту бастаст нақши доимӣ дар синаам,
Зарраҳояш сохт мисли сафҳаи зар синаам,
Кард равшан чун рухи зебои ховар синаам,
То шавӣ машҳури олам, меҳрпарвар синаам,
Ман кунун акси туро ҳам хубу аъло мекашам.
Деви шаб гардад гурезон чун барояд офтоб,
Барқ созад пора-пора пардаи тори саҳоб,
Чун баҳор ояд, равад фасли зимистон бо шитоб,
Дилрабо, ҳусни ту ҳам овард ин сон инқилоб,
Ман бинобар аз сухан дурри сухағро мекашам.
Сад чаман гул резад аз ҳар хандаат, эй нозанин,
Дона-дона борад аз ҳар лафзи ту дур бар замин,
Дар миёни олимон гардидаӣ болонишин,
Халқ мегӯяд ба ин фазлу камолат офарин,
Фахрҳо карда ман аз ин сар ба боло мекашам.
Соли 1940
ХОНАИ МО ОН ҚАДАР ҲАМ ДУР НЕСТ
Гуфта будӣ ин, ки меҳмон мешавӣ,
Дар тани ҷонпарварон ҷон мешавӣ.
Рӯзу шабҳо интизорам ман ҳанӯз,
Бо дили уммедворам ман ҳанӯз.
Канда шуд дар роҳи ту чашмони ман,
Кай ту меоӣ?
Биё, ҷонони ман!
Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.
***
Ҳар ду дар як шаҳри нав сабзидаем,
Ҳар ду онро ҷону дил бахшидаем.
Шаҳри мо монанди боғу гулшан аст,
Манзили сайру тамошо кардан аст.
Сӯи мо гар бо суроғе меравӣ,
Аз миёни кӯчабоғе меравӣ.
Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.
***
Менамоям ёду меҷӯям туро,
Бевафо, бераҳм мегӯям туро.
Хуб мешуд, ки ту ҳам ёде кунӣ,
Ёд аз мо бо дили шоде кунӣ.
Гарчи то имрӯз будӣ камнамо,
Баъд аз ин инсоф кун, ҷонам, биё!
Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.
Соли 1948
ТО БА КАЙ
То ба кай пинҳон кунам дарди дили бечораро,
То ба кай аз ашки сӯзон тар кунам рухсораро,
Аз гулистони муҳаббат то расад бӯи вафо,
Аз сари кӯяш накандам дидаи наззораро.
Ҳар кӣ шуд бебаҳра аз савдои ишқи ошиқон,
Мезанад санги маломат ошиқи овораро.
Дар дили ҷонон намесозад асар овози ман,
0б созад нолаи ман гарчӣ санги хораро.
Соли 1950
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
|