ҲАМИН КОФИСТ
Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман,
Ҳамин кофист,
Фидои як каломат, як саломат ман,
Ҳамин кофист.
Навиштам, пахш кардам мӯҳр, мондам даст бе гуфтор
Ҳаётамро, мамотамро ба номат ман,
Ҳамин кофист.
Ту донӣ феълу атвори ғуломон шӯру исён аст,
Шикастан, пора кардан кундаву занҷири зиндон аст,
Чу рӯди кӯҳ ҷӯшида, хурӯшида бурун рафтан
Зи қаъри тангно омоли озодипарастон аст.
Вале ман он ғуломам, ки на исён мекунам, на шӯр,
На бо ту мекунам ҷангу на аз ту мешавам ман дур.
Ҳамеша бо ту механдам, ҳамеша бо ту мегирям,
Агар хоҳӣ ту ман ҳечу агар хоҳӣ ту ман машҳур.
Вафо кун, гуфта будӣ, ман вафо кардам,
Ҳамин кофист.
Диламро дар вафо обу адо кардам,
Ҳамин кофист.
Агарчи ибтидои ошиқон дар ишқ ҳар ранг аст,
Вале бо номи ту ман ибтидо кардам
Ҳамин кофист,
Соли 1963
ХАЁЛИ РӮИ ТУ
Муҳаббате, ки ба дил ошёна мемонад,
Ба мисли номи накӯ ҷовидона мемонад.
Даме ки мешавӣ, эй дӯст, аз назар ғоиб,
Хаёли рӯи ту моро нишона мемонад.
Соли 1950
СИТОРАИ МАН
Шаб надидам туро, Ситораи ман,
Шӯълавар дар ҳаво, Ситораи ман!
Дар ҳисоби ситораҳои фазо
Бе ту кардам хато, Ситораи ман.
Саҳар омад, баро, Ситораи ман.
Саҳари пурсафо, Ситораи ман!
Бо умеди саҳар нишастам ман,
Дида аз роҳи ту набастам ман,
Гардани хобро шикастам ман,
Дар вафо устувор ҳастам ман.
Саҳар омад,баро, Ситораи ман,
Саҳари пурсафо, Ситораи ман!
Пахта дар интизори чидани туст,
Шавқманди гарав буридани туст,
Ман ҳаводори эътибори туам,
Дил ба уммеди сер дидани туст.
Саҳар омад, баро, Ситораи ман,
Саҳари пурсафо, Ситораи ман!
АФСӮС, КИ НАКАРДӢ ИМИТИҲОНАМ...Корвони ишқи мо бо роҳи мушкил меравад. (Саъдӣ)
Аз рӯзҳои аввал донӣ маро, азизам,
К-аз зиндагии осон мехостам гурезам,
Монанди раъду барқе бо абрҳо ситезам,
Чун буттаҳои сарсабз аз мағзи санг хезам,
Аз фарқи кӯҳсорон чун шаршара бирезам.
То ин ки дар диёри кӯҳӣ садо диҳам ман,
Аз хеш қатраҳоро ҳар сӯ ҳаво диҳам ман.
Рӯзе, ки менамудам рӯи туро назора,
Мехостам, ки орам аз осмон ситора,
Бар гӯши ту авезам онро чу гӯшвора,
Мегашт агар дили ман аз зарби ишқ пора,
Дар орзӯи васлат мезистам дубора.
Исбот то намоям сидқу вафои худро,
Ҳам ибтидои худро, ҳам интиҳои худро.
Мехостам, ки бошад оғози ишқ мушкил,
Ҷӯшидаю дамида, ноорамида ин дил,
Чун мавҷҳои дарё сарро занад ба соҳил,
Дар хоку хун тапида, монанди мурғи бисмил,
Ё маҳви ишқ гардад, ё ки ба васл ноил.
Ин он мароми ман буд,
Рабти низоми ман буд,
Хоби ҳароми ман буд,
Шӯру қиёми ман буд!
Афсӯс, ки накардӣ як бор имтиҳонам,
Мешуд дароз шояд дар пеши ту забонам,
Номи ту сабт мешуд дар дафтари баёнам,
То хешро шиносам, то қадри ишқ донам,
То ин ки нияти худ беоқибат намонам.
Ин достони худро такрор мекунам ман,
Эҳсоси ошиқонро бедор мекунам ман.
Соли 1966
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
|