banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ҒАЗАЛҲОИ ТУРСУНЗОДА

НАҚШИ ПОЙ

Биё, эй дилбари кокулбурида, интизорат ман,
Биё, эй чашми нилупарварида, интизорат ман,
Биё, абрӯю мижгони хамида, интизорат ман,
Биё, хонам ба гӯши ту суруди кӯҳсоронро.
Агар донам, ки ҷангалзор ҷои сайргоҳи туст,
Агар донам, ки ҳусни боша аз лутфу нигоҳи туст,
Агар донам, ки нахли сабз дар пушту паноҳи туст,
Зиёратгоҳ мекардам даруни бешазоронро.
Зимистонро ту аз овони хурдӣ дӯст модорӣ,
Ҳавои сарди онро аз дилу аз ҷон талабгорӣ,
Ба рӯи барфҳо бо лижа, бо конки ба рафторӣ,
Аз ин рӯ ман ҳам аз ҷон дӯст модорам зимистонро,
Агар ёбам ба рӯи барфи ҷагал нақши поятро,
Агар орад ба гӯшам боди саҳроӣ садоятро,
Агар аз бӯи барш коҷ бишносам ҳавоятро,
Бигӯям: сабр кун, ҳоло наё! — фасли баҳоронро.
Ҳамехоҳам, ки монад нақши пои ёри ман бо барф,
Машомамро расад бӯи ҳавои ёри ман бо барф,
Дилам равшан кунад сидқу сафои ёри ман бо барф,
Ки то дар хизматаш даъват кунам табъи ғазалхонро.
Агар бо барф нақши пои онро бод пӯшонад,
Дилам нақши муборакро ба мулки хеш кӯчонад.
Дигар ин нақш дар мулки дили ман ҷовидон монад,
Ба олам зинда гардонам русуми дӯстдоронро.
Агар барфи зимистон об гардад, навбаҳор ояд,
Агар фасли гулу айёми парвози ҳазор ояд,
Барои кӯзақарнӣ ёр агар дар бешазор ояд,
Намоям пурсуҷӯ аз нақши пояш сабзазоронро.
Насими навбаҳорон кокули заррин ба чанг орад,
Зи болои сараш гул резаду қарси фаранг орад.
Рухашро дида садбарги сафеди боғ ранг орад,
Ба ӯ шоир намояд ҳадя назми Тоҷикистонро.

Соли 1966

ДАРДИ МАН БОЛО ГИРИФТ

Бе ту танҳоӣ кашидам, дарди ман боло гирифт,
Дид ранги ман табибу дар бари ман ҷо гирифт.
Ёри бепарвои ман аз ман хабардорӣ накард,
Гарчи дуди оҳи оташбори ман дунё гирифт.
Аз шукуфтанҳои гулҳо боғҳо гулгун шуданд,
Ғунчаи уммеди ман як гӯшаи саҳро гирифт.
Оншқӣ, эй дардмандон, дарди бедармон будаст,
Оташи сӯзони ҳиҷрон дар дилам маъво гирифт.
Аз яке пурсон шудам, ки ёри ман бе ман чӣ кард,
Гуфт бе ту бо дигарҳо соғару мино гирифт.
Дил тапидан дошт аз тафси даруни синаам,
Рафт ором аз насими соҳили дарё гирифт.

Соли 1975

БАҲОРИЯ

Баҳор омад, садои булбул омад,
Насими фораму бӯи гул омад.
Либоси сабзро саҳро ба бар кард,
Кулоҳи сап-сафед олу ба сар кард.
Пас аз боридани борони найсон
Чӣ зебоянд дашту кӯҳсорон.
Баҳор омад, чаман гулпӯш омад,
Дили мо баччагон дар ҷӯш омад,
Давидему ба сӯи боғ рафтем,
Ҳама монанди гул болида гуфтем:
Дарахти нав ба боғи нав шинонем.
Дарахти себу шафтолу расонем.
Ба боғи мо дарахти нок рӯяд,
Анори лоларангу ток рӯяд.
Ҳамон соле, ки онҳо бор оранд,
Ба мо хурсандии бисёр оранд.
Мичуринвор бояд ҳар ҷавоне
Намояд кашф сирри боғбонӣ.

Соли 1948

ТИРАМОҲ

Шӯҳрати бисёр дорад тирамоҳ,
Номи лангардор дорад тирамоҳ.
Дасти боло, рӯи хандон, чашми сер,
Домани пурбор дорад тирамоҳ.
Паҳн карда хони зебо дар замин,
Нозу неъматҳон дунё дар замин,
Мекунад моро ба даргоҳаш хабар,
Дорад он тӯю тамошо дар замин.
Хам шуда сӯи замин бо эҳтиром,
Медиҳам аз номи колхозчӣ салом,
Чун дарахти сершоху сербарг,
Мисли домоду арӯси некном.
Кӯҳсор аз шарқ чун деҳқони пир,
Мебарад тӯёнаҳои беназир:
Лаълии заррин ба сар бардошта,
Ҳар саҳар гӯяд, ки:
аз ман ҳадя гир!

Соли 1965

1  2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12   13   14   15   16  

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011